Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомхон Ҷӯраев дар Украина пайдо шуд


Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз тоҷирони сарватманд, ки тақрибан 4 соли пеш ба таври мармуз аз Тоҷикистон “ғайб” зад, дар Украина пайдо шуд. Ин тоҷири тоҷикро аввали моҳи январ дар ноҳияи Борисполи вилояти Киев дастгир кардаанд. Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дуздии маблағҳои давлатӣ, муттаҳам аст. Дар гузашта мақомот ӯро барои даст доштан дар куштор ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ низ муттаҳам карда буданд.

Теличко: Додгоҳ қарори боздошти ӯро рад кард

Низомхон Ҷӯраев тобистони соли 2014, дар ҳоле ки таҳти назари маъмурони Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон буд ва бояд ба суоли додрасҳои Додгоҳи олӣ посух мегуфт, ба таври мармуз “ғайб зад”.

Наталя Теличко – намояндаи расмии Додситонии кулли Украина – рӯзи 20-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "боздошти Низомхон Ҷӯраев рӯзи 11-уми январи имсол ба далели таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданаш сурат гирифт. Рӯзи 13-уми январ Додгоҳи ноҳияи Борисполи вилояти Киев қарори боздошти Низомхон Ҷӯраевро рад кард ва ӯро раҳо намуд."

  • Соли 2013 Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистон, низ дар фурудгоҳи “Бориспол”-и канори шаҳри Киев боздошт ва сипас бо қарори додгоҳ озод шуда буд.

Мақомоти Додситонии кулли Украина тасдиқ карданд, ки дар ин муддат аз ҳамтоёни тоҷики худ барои истирдоди Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон дархост гирифтанд. Вале Наталя Теличко дар бораи инки феълан Ҷӯраев дар куҷост ва оё Додситонии кулли Украина ба дархости истирдоди ӯ ба Тоҷикистон чӣ посух хоҳад гуфт, тафсилоте надод.

Ҷӯраев қасди гирифтани шиносномаи Украинаро дошт?

Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистонро соли 2013 дар фурудгоҳи Бориспол боздошт карда буданд
Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистонро соли 2013 дар фурудгоҳи Бориспол боздошт карда буданд

Ҷониби Тоҷикистон низ то ба ҳол дар бораи пайдо шудани Низомхон Ҷӯраев дар Украина шарҳе надодааст. Аммо баъзе аз манобеи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Низомхон Ҷӯраев гӯё ҳангоми муроҷиат барои дарёфти шиносномаи Украина боздошт шудааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, "баъд аз муроҷиати Низомхон Ҷӯраев мақомоти Украина ҳамтоёни тоҷики худро дар бораи ҳузури ӯ дар он кишвар огоҳ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон дархост фиристодаанд, ки ӯ бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад ва ба суоли мақомот ҷавоб бигӯяд."

Низомхон Ҷӯраев тобистони соли 2014, дар ҳоле ки таҳти назорати маъмурони Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон буд ва бояд ба суоли додрасҳои Додгоҳи олӣ посух мегуфт, ба таври мармуз "ғайб зад".

Низомхон Ҷӯраев чигуна аз кишвар фирор кард?

Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб

Дар чаҳор соли гузашта мақомоти Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон дар бораи куҷо шудани ӯ ҳамеша гуфтаанд, ки таҳти ҷустуҷӯст. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси пешини Оҷонси зиддифасод, моҳи июли соли 2014 дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки соҳибкори тоҷикро ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ нигоҳ медоштанд, вале баъди чанде ӯ аз хоки кишвар фирор кардааст. Ӯ гуфт, ки дар қазияи “ғайб” задани Низомхон Ҷӯраев даст надоранд.

Низомхон Ҷӯраев то соли 2007 соҳибкори муваффақ дар вилояти Суғд ва молики як силсила корхонаҳои саноатӣ дар Исфара буд. Дар интихоботи соли 2005 ба вакилии Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шуд. Соли 2007, замоне ки маҷлиси вилоятӣ масъалаи лағви дахлнопазирии вакилии ӯро баррасӣ мекард, бо фирор аз толори маҷлис билофосила тарки Тоҷикистон кард.

Ҳамааш аз соли 2007 сар шуд

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Баъд аз фирори ӯ аввал ба Дубай ва сипас Маскав, мақомоти Тоҷикистон зидди Ҷӯраев ва наздикони ӯ чанд парванда боз карда ин гурӯҳро ба бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, гирифтани маблағҳои пулӣ бо роҳи ҷиноят ва ҳатто дар чанд куштор, аз ҷумла қатли муовини собиқи додситони кулли Тоҷикистон Толиб Бобоев дар соли 1999 айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 31 нафарро дар чаҳорчӯби ин парванда, ки ҳамчун “парвандаи исфарагиҳо” ном баровард, ба мӯҳлати аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон карда, худи Низомхон Ҷӯраевро дар пайгарди байналмилалӣ қарор дод.

Шаҳодат алайҳи Зайд Саидов

Низомхон Ҷӯраев моҳи августи соли 2010 бо дархости мақомоти Душанбе дар Маскав боздошт ва моҳи апрели соли 2012 раҳо шуд. Аммо баъди чанд рӯзи раҳоияш ӯ ба таври ногаҳонӣ дар Душанбе пайдо шуд ва тавассути телевизиони давлатӣ эълон кард, ки худаш баргаштааст, то бегуноҳиашро дар назди тафтишот собит кунад. Баъди ин, бар асоси шаҳодатҳои Ҷӯраев чанд мақоми баландпояи Оҷонси зиддифасод ва

Низомхон Ҷӯраев соли 2012 ғайриинтизор дар телевизионҳои давлатӣ пайдо шуд
Низомхон Ҷӯраев соли 2012 ғайриинтизор дар телевизионҳои давлатӣ пайдо шуд

Додситонии кулл, ки масъулияти таҳқиқи парвандаи исфарагиҳоро бар ӯҳда доштанд ва қозии ин парванда - додраси Додгоҳи олӣ Нур Нуров ба масъулият кашонда шуданд.

Баъд аз ин, соли 2013, ӯ дар парвандаи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат низ шаҳодат дод, ки гӯё корхонаи “Тоҷикатлас”-ро ба зӯрӣ аз худ кардааст.

XS
SM
MD
LG