Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинии Резагулро дар Туркия барқарор мекунанд


Резагул
Резагул

Шавҳараш бинии Резагул, зани ҷавони бошандаи минтақаи Ғурмочи вилояти Форёби Афғонистонро бо корд бурида, фирор кардааст.

Табибони шифохонаи муштараки афғониву туркӣ дар шаҳри Майманаи вилояти Форёби Афғонистон мегӯянд, онҳо асноди хонуми бистсола Резагулро, ки аз биниаш маҳрум шудааст, барои табобат дар Туркия омода мекунанд.​

Шавҳари Резагул бо корд бинии ин зани ҷавонро бурида, аз ноҳияи Ғумочи вилояти Форёб фирор кардааст.

Самунавол Саидоқо Андаробӣ, қумондони амниятии вилояти Форёб мегӯяд, ин ҳодиса рӯзи 17 январ дар деҳаи Шаршари ноҳияи Ғурмоч ба вуқӯъ пайвастааст: “Бинии Резагули 20-сола бинти Ахтар Муҳаммад, бошандаи деҳаи Шаршари вулусволии Ғурмочро соати 4-и баъд аз зӯҳри дирӯз шавҳараш бо номи Муҳаммадхон валади Абдулсалом, ки синнаш 25 сол мебошад, бо корд бурида, аз маҳал фирор кардааст. Баъдан хонаводаи Резагул ӯро ба бемористони вулусволии Ғурмоч ва сипас ба шифохонаи вилоятии Маймана интиқол медиҳанд. Ӯ ҳоло таҳти муолиҷа қарор дорад.”

Резагул, ки дар бемористон ба сахтӣ сухан мегуфт, дар хусуси ин ҳодиса ба расонаҳо изҳор дошт, ки “ман хона будам, ки шавҳарам омад ва пурсид, ки куҷо рафта будӣ ва чаро рафта будӣ? Пас аз пурсиш бидуни он ки ба ҳарфҳои ман гӯш диҳад, нохост кордро аз ҷайбаш берун кашид ва маро хобонду биниамро бурид. Хун аз сару суратам ҷорӣ шуд.”

Ӯ афзудааст, “шавҳарам бо дидани ин ҳолат бо додани дашном аз хона берун рафт. Баъдан ман заъф карда будам ва хонаводаам маро ба клиники вулусволӣ ва сипас ба шифохонаи Маймана бурданд.”

Дар Афғонистон шавҳар бинии зани 20-солаашро бурид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Модари Резагул, ки болои сари духтари маҷрӯҳаш дар шифохонаи мулкии Маймана қарор дошт, гуфт: “Духтарам ҳеч гуноҳе надошт. Шавҳараш ҳамеша Резагулро лату кӯб мекард. Ин бор ӯ ба хона омада ва ба духтарам гуфта, ки ба куҷо рафта будӣ ва ҳоло бо киҳо омадӣ? Бидуни он ки ҳарфҳои духтарамро бишнавад, бинии духтарамро бо корд бурида ва худаш ба эҳтимолан ба минтақаи Чилгазӣ ё вулусволии Қайсор фирор намудааст.”

Мудофеъони ҳуқуқи занон дар Форёб мегӯянд, далели ҳамчунин ҳодисаи дилхарош ношӣ аз хушунатҳои хонаводагӣ набдоштани огоҳии теъдоде аз шаҳрвандон аз қавонини маданӣ, огоҳӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин ноогоҳӣ аз аҳкоми дини мубини Ислом аст.

Резагулу аъзои хонаводаи вай аз мақомоти амниятӣ ва додгоҳӣ тақозо кардаанд, ки ҳарчӣ зудтар шавҳари ӯро боздошт ва муҷозот кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи занон мегӯянд, дар ин кишвар ҳазорон зан мавриди хушунати хонаводагӣ қарор доранд ва аз сӯи шавҳару хонаводаи шавҳарашон азобу уқубат мешаванд. Аз ҷумла ба чунин шакли мудҳише, ки бо Резагул иттифоқ уфтодааст.

Дар соли 2013 низ ​Ситора ном зани ҷавоне аз вилояти Ҳирот мавриди чунин бадрафтории шавҳар қарор гирифт. Шавҳари Ситора, ки мӯътоди маводи мухаддир будааст, ӯро ба равобити номашрӯъ айбор карда, биниву лабонашро бурид ва фирор кард.

XS
SM
MD
LG