Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

25-солагии Интернет, инқилобе бо номи World Wide Web


Чаҳоряк аср пеш ҷаҳон ба марҳилаи нави зиндагӣ ворид шуд ва коршиносон онро инқилобе дар ҳаёти инсон арзёбӣ карданд.

12-уми март аз фаъол шудани сомонаҳои интернетӣ 25 сол мегузарад. Чаҳоряк аср пеш ҷаҳон ба марҳилаи нави зиндагӣ ворид шуд ва коршиносон онро инқилобе дар ҳаёти инсон арзёбӣ карданд. Онро World Wide Web ё Анкабути ҷаҳонгустар низ ном мебаранд

12 марти соли 1989 нахустин сомонаи интернетӣ дар Британия ба кор даромад. Тим Бернерз Ли - донандаи компютер ин пешниҳодро ба миён ниҳод ва аз он вақт то ба ҳол миллиардҳо нафар дар саросари сайёра аз он ба унвони сарчашмаи асосии иттилоот истифода мекунанд. Ҳоло аз ҳар 5 нафари аҳолии сайёра 2 нафари онҳо ба сомонаҳои интернетӣ дастрасӣ доранд.

World Wide Web ё Анкабути ҷаҳонгустар моҳи декабри соли 1998 вориди Тоҷикистон шуд ва ин кишвар ба олами интернет пайваст. Хадамоти онлайниро бори аввал ширкати Телеком Текнолоҷӣ ба муштариён пешкаш кард.

Асомиддин Атоев - раиси Ассотсиатсия дастраскунандагони интернет мегӯяд, дар солҳои аввал кам касоне ба веб ё сомонаҳо дастрасӣ доштанд ва он аз хадамоти гаронбаҳо ба шумор мерафт. Бар асоси таҳқиқоти ахир, ки соли 2012 Бунёди иҷтимоии “Интернет” дар Тоҷикистон анҷом дод, тақрибан 50 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз сомонаҳои интернетӣ истифода мекунанд. Вале дар ду соли ахир шумораи корбарони веб аз ҳисоби соҳибони телефонҳои ҳамроҳ афзоиш ёфтааст ва ҳоло шумораи корбарони интернети телефонӣ 6 дарсадро ташкил медиҳанд.

“Роҳи рушд”-и сафҳаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон ҳамвор набудааст. Оқои Атоев мегӯяд, дар ин муддат борҳо ба таври ғайриқонунӣ сафҳаҳои интернетиро бо дастури пинҳонии мақомоти соҳа мебастанд. Чунин сайтбандиҳо дар соли 2003 оғоз шуд ва он то соли 2010 пинҳонӣ анҷом мегирифт. Солҳои аввал бештар сафҳаҳои интернетии хориҷӣ баста мешуданд ва сафҳаҳои интернетии дохилӣ камтар ҳадаф қарор мегирифтанд. Чун ин сайтбандиҳо пинҳониву махфӣ анҷом мегирифт, шумораи хеле ночизи хонандагон аз он огаҳӣ меёфтанд.

Вале соли 2010 дар рӯзҳои амалиёти нируҳои давлатӣ дар водии Рашт сайтбандии ғайриқонунӣ ошкор шуд ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар зидди он эътироз карданд. Асомиддин Атоев мегӯяд, он вақт “Расонаҳои ватанӣ аз фазои Тоҷикистонии интернет берун монданд, ки чунин вазъ тибқи консепсияи амнияти милии Тоҷикистон ба амнияти итилоъотии Тоҷикистон таҳдид мекард”.

Бастани сафҳаҳои интернетии дохилӣ дар соли 2011 ва сипас дар соли 2012 дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ идома ёфт. Бо вуҷуди он ки, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин сайтбандиҳоро зарурати анҷоми корҳои профилактикӣ эълон мекарданд, вале корбарони интернет ва соҳибони сафҳаҳои интернетӣ дигар ба он бовар намекарданд ва онро як василаи муҷозот ё саркӯбии матбуоти озод медонистанд. Аз ҷумла, бастани шабакаи иҷтимоии Facebook дар моҳи марти соли 2012 барои як ҳафта эътирози густардаро ба бор овард.

Моҳи июли соли 2013 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маълумот дар бораи корбарони интернетро ба нашр расонд, ки бар асоси он аз ҳар 100 нафар 47 нафар дар Тоҷикистон аз интернет истифода мекунанд ва сафҳаҳои интернетиро сарчашмаи дарёфти хабар медонанд.

Ҳоло тақрибан нисфи аҳолии Тоҷикистон ба сомонаҳои интернетӣ дастрасӣ доранд, ки шумораи онҳо тақрибан 4 миллион нафарро ташкил медиҳад. 20 дарсади хонандагон маълумоти зарурии худро аз сарчашмаҳои дихилии интернетӣ ва 80 дарсади дигарро аз сарчашмаҳои хориҷӣ дарёфт мекунанд.
XS
SM
MD
LG