Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: Таҳримҳои Эрон тадриҷан бардошта мешаванд


Ҷон Керрӣ ба саволҳои хабарнигори бахши форсии "Садои Амрико" Ситора Дурахшиш посух медиҳад
Ҷон Керрӣ ба саволҳои хабарнигори бахши форсии "Садои Амрико" Ситора Дурахшиш посух медиҳад

Дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо телевизиони "Садои Амрико" вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфт, таҳримҳои зидди Эрон дар фосилаи байни шаш моҳи оянда тадриҷан бардошта мешаванд.

Дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо телевизиони "Садои Амрико" вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфт, ки таҳримҳои зидди Эрон дар фосилаи байни шаш моҳи оянда тадриҷан бардошта мешаванд. Керрӣ гуфт, Эрон ва ҳам Оҷонсии байнулмилалии нерӯи ҳастаии вобаста ба СММ чанд кори ҳатмиро бояд дар ин самт ба анҷом расонанд, то ки таҳримҳои ҷоришуда тадриҷан бардошта шаванд.

Ҷон Керрӣ рӯзи 20 июл дар сӯҳбате бо ин телевизион гуфт, таҳаввулотеро дар ин замина бояд дар фосилаи баъди шаш моҳ интизор шуд.

​"Ҳама чиз аз он вобаста аст, ки чӣ коре анҷом мешавад. Фикр накунам, ки аз он пеш кадом таҳаввулоти ҷиддие рӯй диҳад", -- афзуд ӯ. Ба қавли вазири корҳои хориҷии Амрико, пеш аз комилан бардошта шудани таҳримҳо дар хориҷ аз Эрон бояд чанд тадбире андешида шавад. Аз ҷумла, Конгресси ИМА 60 рӯз мӯҳлат дорад, ки бар сари қабули созишнома овоз диҳад ва агар ин раъйдиҳӣ созиши ҳосилшударо рад кунад, ин ҳодиса метавонад боиси ветои дарозмуддате аз ҷониби президент Барак Обама шавад.

Керрӣ гуфт, эҳтимол моҳи сентябр як фурсати муҳиме гардад, ки дар ин муддат мардум ба арзёбии ин воқеият пардозанд, то куҷо ин созиш ҷанбаи амалӣ дорад ё на.

Шакли пурраи мусоҳибаи телевизионии Ҷон Керрӣ бо "Садои Амрико" ба забони форсӣ қобили дидан аст:

Керрӣ: Таҳримҳои Эрон дар фосилаи баъди шаш моҳ тадриҷан бардошта мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:07 0:00

XS
SM
MD
LG