Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чеҳра»-и ҷанги Афғонистон дар бораи хуруҷи Шӯравӣ


25 соли пеш, дар таърихи 15 феврали соли 1989 баъди ҷанги нӯҳсолаи харобиовар, охирин нирӯҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон хориҷ шуданд.

Михаил Лешинский, хабарнигори ҷангии рус, ки дар омода кардани афкори умум барои хориҷ шудан аз Афғонистон нақши калидӣ дорад, ин кишварро аз ҳама охир тарк кард. Лешинский фарди низомӣ нест, аммо соли 1985 ба думболи ба қудрат расидани Михаил Горбачев барои пӯшиши марҳилаи ахири ҷанги Афғонистон, ки мақомот ба пирӯзии он дигар бовар надоштанд, ба Афғонистон интиқол ёфт.

Охирин гузориши ӯ аз Афғонистон генерал Борис Громовро нишон медиҳад, ки 18 феврали соли 1989, дар садри охирин нирӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон хориҷ мешавад. Дар як аксе, ки акнун таърихӣ унвон мешавад, Громов бо Лешинский дар рӯи пули «Дӯстӣ”, ҳамон пуле, ки то саршавии ҷанги 9 сола Иттиҳоди Шӯравиро аз Афғонистон ҷудо мекард, тасвир ёфтаанд. Писари навраси Громов бо дастаи гули мехак худро ба оғӯши падар меафканад.

Ин тасвир натиҷаи як саҳнасозие буд, ки беруншавии шармандавори Шӯравӣ аз Афғонистонро ҳамчун як хуруҷи обрӯмандона ба намоиш гузорад. Ин ҷанг, ки дар маҳзари мардуми Шӯравӣ “кӯмак ба давлати бародарони афғон унвон мешуд, 15 ҳазор аскари Шӯравӣ ва ҳудудан миллион афғонро қурбон кард. Бо ин вуҷуд, ин рӯз дар хотири Лешинский ҳамчун як рӯзи ҳаяҷонангез нақш бастааст: “Вақте Громов гуфт, агар метавонист ба ҳар аскари ҷангида дар Афғонистон муҷассама мегузошт, садояш ларзид. Садои ман ҳам меларзид. Чашмони ӯ ашколуд буданд, албатта ҳаяҷон буд.”

Михаи Лешинскиии 69 сола, бо 900 гузориши телевизионӣ дар тӯли чаҳор сол дар хотироти бисёриҳо ҳамчун чеҳраи ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистон боқӣ мондааст. Мунақидони Лешинский ӯро ҳамчун таблиғгари режим, иҷрокунандаи супоришҳои Кремлин ва ситоишгари аксарон “Булбули Афғон” ном монда буданд.

Аммо ӯ ҳамчун нахустин хабарнигори рус, ки аз майдони ҷанг гузориш медод, дар пӯшиши тағйири сиёсат ба самти хуруҷ аз Афғонистон нақши калидӣ дошт. Бо расидани Горбачев ба қудрат ва дилсардиҳо ба пирӯзӣ дар ҷанги Афғонистон сахтгирӣ ба журналистҳо дар он кишвар низ коҳиш ёфт. Дар ҳоле, ки ибтидо Лешинский ҳафтае ду дафъа аз майдони ҷанг гузориш медод: “Маълум буд, ки мо дар ботлоқи ин ҷанг ғутидаем ва хисороти бузурги ҷонӣ, молӣ ва маънавӣ дорем ва бояд ин ҷангро хотима дод. Аммо ҷангро бояд тавре хатм кард, ки дар зеҳни мардум таасуроте пайдо нашавад, ки мо мегурезем, мо ақибнишӣ кардем, моро заданд. Баръакс бояд ба мардум ҳамон ҳамон ақидаеро шарҳ дод, ки дар Кремлин ҳукмфармо буд, яъне ин ҷанг бемаънӣ аст ва ба ин хотир бояд онро тамом кард.”

Михаил Лешинский (аз чап), хабарнигори ҷангии рус бо Борис Громов, фармондеҳи нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон.
Михаил Лешинский (аз чап), хабарнигори ҷангии рус бо Борис Громов, фармондеҳи нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон.


Хуруҷи нирӯҳои Шӯравӣ чанд марҳиларо фаро гирифт ва ҳудудан 6 моҳ давом кард. Дар ин марҳила хабарнигорон дар байни марз ва майдонҳои ҷанг рафтуомад мекарданд: “Ин як санҷиши ҷидди маънавӣ буд. Барои бачаҳое, ки мо онҳоро ба ватан гусел кардем, ҷанг ба охир расида буд, аммо мо бояд ҳар дафъа ба майдони ҷанг бармегашем. Дар ҳоле, ки ин амалиёт ва даргириҳо бисёр ҷиддӣ буданд. Дар зери оташи тиру туфанг ақиб мерафтем.”

Бар пояи маълумоти расмӣ 520 аксар дар ҷараёни хуруҷ аз Афғонистон вафот карданд. Охирин аскари Шӯравӣ 10 уми феврал, як рӯз пеш анҷоми комили хурҷ қурбон шуд. Михаил Лешинский мегӯяд, то ҳол ёд дорад, ки чӣ тавр тобути аскар дар рӯи зиреҳпӯш марзро убур мекард.

Михаил Лешинский ветерани ҷанги Афғонистон дар робита боқӣ мондани нирӯҳои Амрико дар он кишвар низ хушбин нест. Ӯ мегӯяд, “Натиҷаи будани онҳо дар онҷо сифр аст. Ҳамон тавр, ки натиҷаи будуни мо дар он кишвар сифр буд. Ҳатто манфи сифр ё минуси нол, ба он хотир ки ҳам мо ва ҳам амрикоиҳо хисороти бузурги ҷониву фанниву молӣ дидем ва дар ниҳоят ба обрӯи худ низ зарба задем.”

XS
SM
MD
LG