Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: Дар таркиши Анқара тоҷикҳо осеб надиданд


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар таркиши рӯзи чаҳоршанбе дар пойтахти Туркия, ки боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо такя ба гузориши сафорати кишвар дар Туркия мегӯяд, ки дар миёни захмиён ва кушташудагони таркиши шомгоҳи 17-уми феврал дар шаҳри Анқара --пойтахти Туркия, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир сафорати Тоҷикистон дар Туркия вазъро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Анкара, пойтахти Туркия, бегоҳи чоршанбе шоҳиди як инфиҷор дар атрофи хобгоҳи низомии ин шаҳр шуд, ки ба камияш 28 кушта ва 61 захмӣ бар ҷой гузоштааст. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, омили ин ҳодиса як мошини бомбагузоришуда будааст, ки дар наздикии худрави низомиён тарконда шудааст.

Раиси шаҳри Анкара Маҳмад Киличлар низ мегӯяд, эҳтимол, ҳадафи ин таркиш автобусҳое буданд, ки ҳарбиёнро интиқол медоданд. Дар робита ба ин ҳодиса президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон сафараш ба Озарбойҷонро қатъ кард ва сарвазири ин кишвар Аҳмад Довудоғлу аз сафари Белгия худдорӣ варзид. Муовини сарвазир Бекир Боздаг ин таркишро амали террористӣ номид.

Чор моҳ пеш - рӯзи 10 октябри соли гузашта - низ бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Анкара беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 500 каси дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Мақомоти Туркия ангушти иттиҳомашонро сӯи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" боло карда буданд.

Баъдан, дар моҳи январи соли ҷорӣ таркиш дар маркази шаҳри Истамбули Туркия мунҷар ба ҳалокати дастикам 10 нафар шуд. Бар пояи хабарҳо, рӯзи 12 январ як маргталаб худро дар майдони Султонаҳмад дар канори сайёҳони хориҷӣ тарконидааст. Султонаҳмад аз маъруфтарин минтақаҳои таърихӣ ва сайёҳии Туркия маҳсуб мешавад ва аз соли 1985 ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО - Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ шомил аст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, гуфт, ки таркиш дар маркази шаҳри Истамбул эҳтимол аз сӯи маргталаби суриягӣ анҷом шудааст. Эрдуғон гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳам туркҳо ва ҳам хориҷиҳо ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG