Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи роҳпаймоӣ дар Хабаровск. ОМОН бинои ҳукуматро "гирифт"


Роҳпаймоӣ дар Хабаровск
Роҳпаймоӣ дар Хабаровск

Рӯзи 12-уми июл дар Хабаровск роҳпаймоии эътирозӣ ба пуштибонӣ аз губернатори боздоштшуда Сергей Фургал идома кард. Фургал бо гумони даст доштан дар қатл дастгир шудааст. Норозиён аз маркази шаҳри Хабаровск гузашта, дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омадаанд.

Ситоди Алексей Навалний дар Хабаровск мегӯяд, дар роҳпаймоии рӯзи якшанбе тақрибан ду ҳазор кас ҷамъ омаданд. Хабаргузории ТАСС онҳоро "чанд сад нафар" шумурдааст.

Ҳукуматро нирӯҳои ОМОН муҳофизат мекунанд. Онҳо нисфирӯзӣ биноро "гирифтаанд". Хадамоти матбуоти ҳукумати Хабаровск ба мардум муроҷиат кардааст, ки дар роҳпаймоиҳо иштирок накунанд, чун бидуни иҷоза ва ғайриқонунианд.

Як рӯз пеш: Сокинони хашмгини Хабаровск раҳпаймоӣ ва Путинро танқид карданд

Як рӯз пеш дар шаҳри Хабаровски Русия даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз боздошти губернатори кишвари Хабаровск раҳпаймоӣ карданд. Тарафдорони Сергей Фургал, ки бо иттиҳоми қатл дастгир шудааст, рӯзи 11-уми июл дар Майдони Ленин ҷамъ омаданд ва сипас ба самти Майдони Комсомолская ҳаракат карданд.

Баъзе аз онҳо дар даст чунин шиорҳо доштанд: "Ман Сергей Фургал ҳастам” ва “Фургалро озод кунед”. Баъзе аз тазоҳургарон фарёд мекашиданд, ки “Маскав ҳиҷолат бикаш” ва ё “Нест бод шоҳ”, ки ишорае ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст.

Айни тазоҳурот дар шаҳрҳои Комсомоли лаби Амур, Элбан, Солнечний ва дигар шаҳрҳои Хабаровск сурат гирифт. Рӯзе пештар аз ин эътирозҳо, як додгоҳи шаҳри Маскав амр дод, ки Сергей Фургали 50-сола то замони анҷом ёфтани тафтиши парвандаи ҷиноиаш барои ду моҳ дар боздоштгоҳ бимонад.

Сергей Фугал гуфтааст, ки ҳеҷ гуноҳе надорад.
Сергей Фугал гуфтааст, ки ҳеҷ гуноҳе надорад.

Ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар солҳои 2004-2005 дастур додааст, ки чанд соҳибкорро бикушанд. Сергей Фургал мегӯяд, ки иттиҳомот беасосанд. Ӯро, ки узви Ҳизби Либер-Демократи Русия, як ҳизби миллигаро аст, муфаттишони Кумитаи Тафтишотии Русия рӯзи 9-уми июл дастгир карданд.

Боздошт хашми аъзои ҳизбро барангехт. Владимир Жириновский, раиси Ҳизби Либерал-Демократи Русия рӯзи 9-уми июл дар Думаи Давлатӣ гуфт, ки ҷиноҳи ҳизби онҳо омода аст, ба нишони эътироз аз боздошти Фургал “истеъфо бидиҳад.” Ӯ гуфт: “Бигзор тамоми ҷаҳон бидонад, ки дар ин кишвар чӣ бесарусомонӣ рух медиҳад.”

Сергей Фургал дар интихоботи соли 2018 Вячеслав Шпрот, губернатори Хабаровск ва намояндаи ҳизби ҳокими Русияи Воҳидро шикаст дод ва ин ҳизбро маъюс кард.

Рӯзи 10-уми июл ҳамчунин Сергей Кузнетсов ва Дмитрий Колзов ду вакили мардуми Кишвари Хабаровск ва аъзои Ҳизби Либерал Демократи Русия бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуданд ва то моҳи сентябр, то замони анҷоми тафтиши парванда дар боздоштгоҳ мемонанд. Дмитрий Колзов муовини раиси Маҷлиси Хабаровск аст ва дар гузашта мудири корхонаи оҳангудозии “Амурстал” будааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG