Бозӣ барои ҷойи севум дар Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026 байни тимҳои миллии Фаронса ва Англия шаби 19-уми июл дар варзишгоҳи «Хард Рок» (Майами, Флорида, ИМА) доир гардид. Сардовари ин бозӣ Хесус Валенсуэла аз Венесуэла буд. Инглисҳо бо ҳисоби 6:4 пирӯз шуданд.
Дар ин дидор дар дақиқаи севум ҳисобро нимҳимоятгари мунтахаби Англия Деклан Райс боз кард. Дар дақиқаи 18-ум голи дувуми инглисҳоро ҳимоятгар Эзри Конса ба самар расонд. Дар дақиқаи 37-ум нимҳимоятгари мунтахаби Англия Букайо Сака ҳисобро афзун намуд. Дар дақиқаи 45+1 Сака голи дувумашро зада, ҳисобро 4:0 кард.
Дар дақиқаи 48-ум ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ҳисобро тағйир дод. Дар дақиқаи 54-ум нимҳимоятгар Брэдли Баркола голи дувуми фаронсавиҳоро ба самар расонд. Дар дақиқаи 66-ум Мбаппе голи дувумашро дар ин бозӣ зад. Дар дақиқаи 87-ум Сака хет-трик кард. Вай аз пеналти голи панҷуми дастаашро ба дарвозаи фаронсавиҳо ворид намуд.
Дар дақиқаи 90+6 ҳамлагар Усмон Дембеле голи чаҳоруми мунтахаби Фаронсаро ба нишон расонд. Дар дақиқаи 90+8 нимҳимоятгари инглисҳо Ҷуд Беллингем ҳисоби бозиро ниҳоӣ кард – 6:4 ба нафъи тими миллии Англия.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Англия зери раҳбарии Томас Тухел барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон шуд. Дарвоқеъ, инглисҳо пас аз 60 сол медалҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро ба даст оварданд.
Фаронсавиҳо бошанд, бо сарварии Дидйе Дешам дар қаҳрамонии ҷаҳон-2026 мақоми чаҳорумро касб карданд.
Ғолиби мусобиқа дар финали қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 байни тимҳои миллии Испания (сармураббиаш Луис де ла Фуэнте) ва Аргентина (сармураббиаш Лионел Скалони) маълум мешавад.
Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026 шаби 20-уми июл соати 00:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.
Ба ин тартиб, аз 104 бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 яксаду сетоаш анҷом пазируфт. То поёни мусобиқа як бозии ҳалкунанда, рақобати финалӣ боқӣ мондааст.
Мунтахаби Аргентина - қаҳрамонии феълии ҷаҳон барои ин унвони олӣ бори чаҳорум дар таърих талош мекунад. Мунтахаби Испания бошад, дар таърихи худ танҳо як бор — соли 2010 – ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст.
Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026
1/2 финал
15-уми июл (чоршанбе)
Фаронса – Испания – 0:2
16-уми июл (панҷшанбе)
Англия – Аргентина – 1:2
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
19-уми июл (якшанбе)
Фаронса – Англия – 4:6
ФИНАЛ
20-уми июл (душанбе)
00:00 – Испания – Аргентина (бо вақти Душанбе)
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) бо 10 гол ба ҷойи аввал баромад. Лионел Месси (Аргентина) бо 8 гол дар ҷойи дувум аст. Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) ва Ҷуд Беллингем (Англия) бо 7-голӣ дар ҷойгоҳи севум мебошанд. Усмон Дембеле (Фаронса) ва Ҳарри Кейн (Англия) бо 6-голӣ дар зинаи панҷум қарор доранд.
Гуфтугӯ