Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Time" Ангела Меркелро шахсияти соли 2015 интихоб кард


Маҷаллаи маъруфи амрикоии "Time" Ангела Меркел, нахуствазири Олмонро ба унвони шахсияти соли 2015 интихоб кард.

Ангела Меркел, нахустазири Олмон аз сӯи маҷаллаи амрикоии "Time" ба унвони шахсияти соли 2015 пазируфта шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар феҳристи ниҳоии ин маҷалла барои интихоби шахсияти соли 2015, афроде чун Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва ҳатто Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба чашм мехӯрданд.

Ин маҷалла рӯзи чаҳоршанбеи 9 декабр эълон кард, ки хонум Меркелро ба ин хотир сазовори ин унвон донистааст, ки қудратмандона дар муқобили зулм ва хушунат истода ва дар ҷаҳоне раҳбарии ахлоқиро ба ӯҳда гирифтааст, ки сахт ниёзманди раҳму шафқат аст.

Ангела Меркели 61-сола аввалин зане ба шумор меравад, ки аз соли 1999 ба ин тараф, аз вақте, ки маҷаллаи "Time" унвони ифтихории "Марди сол"-ро ба "шахсияти сол" тағйир дод, ин унвонро соҳиб мешавад. Маҷаллаи "Time" дар 61 соли гузашта пеш аз Меркел фақат се зани дигарро бо ин унвон интихоб карда буд.

Нахуствазири Олмон соли ҷории мелодиро бо мавқеъгириҳои худ алайҳи сиёсатҳои Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар робита бо Украина оғоз кард. Ӯ ҳамчунин давоми соли ҷорӣ дар ҷараёни бӯҳрони иқтисодии Юнон, ки таҳдиде барои ҳавзаи евро ба шумор мерафт, нақши таъсиргузор иҷро намуд.

Дар ниҳоят ҳангоме, ки кишварҳои дигари аврупоӣ дарҳои худро ба рӯи муҳоҷирон ва паноҳандагони баста буданд, нахуствазири Олмон имкони вуруди онҳо ба кишвари худро фароҳам кард.

Дар феҳристи ниҳоии шахсиятҳои баргузидаи соли 2015 ба интихоби маҷаллаи Тайм, номи Абубакр Ал-Бағдодӣ низ дида мешавад. Раҳбари гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" имсол нақши муҳиме дар ҳодисаҳои Ховари Миёна ва дигар нуқтаҳои ҷаҳои ифо кард.

XS
SM
MD
LG