Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чил сол дар ҷустуҷӯи “Аждаҳо ва тиллои духтари Шоҳ”


Хазинаи тахайюлии духтари шоҳ ва аждаҳои хуфтаи рӯи он дар вайронаҳои қалъаи Ҳулбук, Абдулло Хоҷаев, сокини ноҳияи Восеъро дар кӯдакӣ кунҷков карда буд.

Сокини ноҳияи Восеъ Абдулло Хоҷаевро хазинаи тахайюлии духтари шоҳ ва аждаҳои хуфтаи рӯи он дар вайронаҳои қалъаи Ҳулбук, ҳанӯз дар кӯдакӣ кунҷков карда буд. Ӯ он замон пинҳонӣ аз волидайн ба вайронаҳои Ҳулбук меомад ва бештар аз теппаи хок чизи бештареро пайдо намекард. Аммо бовар дошт, ки он аждаҳо ва хазинаи духтари шоҳ ҳатман зери ҳамон теппаи хок нуҳуфтааст. Ин афсона ва ҳиcси кунҷковӣ пас аз баркамол расидан ӯро ба ковиши харобаҳои Қасри Шоҳони Ҳулбук водошт.

Абдулло дар 18-солагӣ дар ковишҳои қалъаи Ҳулбук ҳамроҳ бо бостоншиносони маъруфи замони шуравӣ, мисли Эркиной Ғуломова, бостоншиноси шинохтаи узбак ширкат дошт. Бозёфти нахустинаш низ дар ҳамон ковиш буд, вале на аз хазинаи духтари шоҳ. Ӯ бо ёддоварӣ аз он рӯзҳо мегӯяд: “Авввалин бозёфт ва дастоварди ман дар шоҳроҳи бостоншиносӣ, кӯзачаи шишагине буд, ки аз фарши масҷиди шоҳони Ҳулбук пайдо кардам.”

Абдулло Хоҷаев дар тӯли 40 соли ҷустуҷӯ ва ковишҳо нишонае аз хазинаи духтари шоҳ ва аждаҳои хуфта пайдо накард, аммо ҳар даҳлезу роҳрав, утоқу фарш ва обкашу лулаҳои қалъаи Ҳулбукро омӯхт. Ғановати пайдокардаи ӯ ва бостоншиносони тоҷику рус аз зери вайронаҳои Ҳулбук таърихи зиндаи 1100 солаи миллати тоҷик аст.

“Солҳои 80 уми қарни гузашта дар вақти ҳафриётҳои бостоншиносӣ як бозёфти нодире пайдо гардид, ки бо гузашти солҳо барои ман арзишаш гаронтар мешавад, муҳри шоҳони Хатлон бо тасвири шер дар санг аст”.

Бозёфтҳои бостоншиносони тоҷику рус, аз ҷумла Абдуллоҳ Хоҷаев аз харобаҳои қалъаи Ҳулбук, моли як осорхонаи бузурге шудааст. Ин осорхона дар паҳлуи қалъаи Ҳулбук бунёд шуда ва бештар аз 2000 осори давраҳои гуногуни таърихиро гирд овардааст.

Абдулло Хоҷаев мегӯяд, ки “беш аз 700 нигораҳои шишагин сафолин биринҷӣ фулузиро аз Ҳулбук пайдо кардам.”

Харобаҳои Ҳулбук, ки дар тасаввури мардум замоне лонаи аждаҳо ва хазинаи духтари шоҳ буд, феълан макони диданӣ ва зиёрати навхонадорон дар рӯзи тую сур шудааст. Ва бар изофа, ҳар сол бештар аз 3000 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ “лонаи тахайюлии аждаҳо ва хазинаи духтари шоҳ”-ро боздид мекунанд.

“Лонаи тахайюлии аждаҳо ва хазинаи духтари шоҳ”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

XS
SM
MD
LG