Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Анатолий Сердюков: Шерше ля фам?


Матбуоти ғарб роҷеъ ба сабабҳои аслии аз мақом барканор шудани вазири дифои Русия фарзияҳои худро пеш меорад.

Ҷанҷоли марбут ба фасодкорӣ бо маблағи ҳудудан сад миллион доллар дар вазорати дифои Русия ва робитаи ошиқонаи вазир Анатолий Сердюков бо як корманди зердасташ, ки аз “қаҳрамон”-ҳои ин парвандаи фасодкорӣ будааст, аз иллатҳои аслии канор рафтани Сердюков унвон мешавад. Рӯзи гузашта раисҷумҳури Русия Владимир Путин вазири дифоъ Анатолий Сердюковро аз мақом барканор ва ба ҷойи ӯ яке аз мақомдорони маъруфи ҳукуматаш Сергей Шойгуро вазири дифоъ тайин кард. Путин, ки борҳо дар ҷанҷолҳои ба ин монанд шахси мансабдорро ба кори дигар гузаронидааст, акнун аз шеваи дигар кор гирифт. Нашрияи “Вашингтон Пост” фарзияеро номбар кардааст, ки бар пояи он барканории Сердюков бо иллати фасод дар ниҳоди таҳти назорати ӯ баҳонае беш нест.

Игор Бунин, президенти Маркази омӯзишҳои технологияи сиёсӣ бар ин назар аст, ки Сердюков дигар барои Путин даркор набуд ва раиси ҷуҳмур бо барканор кардани ӯ аз мақом мавқеи худро дар артиш мустаҳкамтар кард. Аз сӯи дигар ин иқдом посух ба шоеаҳое буд, ки мегуфтанд Путин бемор аст ва қадурати қаблии худро аз даст додааст. Сердюков дар артиши Русия аз обурӯи фарогир бархурдор набуд ва бисёр генералҳои бонуфуз аз ӯ норозӣ буданд.


Аммо Александр Голц, яке аз таҳлилгарони низомии Русия мегӯяд, ба эҳтимоли қавӣ Путин ин тасмимро таҳти таъсири “интригаҳо”-и як мақоми баландпоя гирифтааст ва ин иқдом бештар заъфи ӯро нишон медиҳад.

Ба навиштаи нашрияи “Файненшал Таймс” Сердюков, ки дар пасманзари ҷанҷоли фасодкорӣ дар “Рособоронсервис” ва овозаҳо дар бораи зиндагии хусусияш вазифаро аз даст дод, қурбони дасисаҳои қудратталабӣ шудааст.
Евгения Василева
Евгения Василева
Сердюков аз ҷиноҳи вазирони ислоҳотталаб буд ва қадамҳояш дар ин самт ҳамеша тавсиф мешуданд. Аммо истеблешменти низомӣ аз сиёсати ӯ хушнуд набуд ва тавлидкунандаҳои силоҳ аз пофишориҳои ӯ бар сари пойин нигаҳ доштани нархи лавозимоти ҷангӣ нороҳат буданд. Ҷанҷоли ҳудудан 10 миллион доллар ба ришваситонӣ аз хонаҳои навсохт барои афсарон марбут мешавад ва ин устура, ки гӯё Путин шахсони содиқ ба худро ҳеҷ гоҳ қурбон намекунад, бо барканор шудани Сердюков аз мақом камранг шуд.

Аммо гуфта мешавад, ончи истеъфои ногузири ӯро таҳрик додааст, достони эҳтимолии ишқу ошиқии ӯ бо короманди собиқаш Евгения Василева будааст. Тавре матбуоти “зард”-и Русия менависад, ин ҷанҷол падарарӯси Сердюков, собиқ нахуствазири Русия Виктор Зубковро бисёр нороҳат кард. Аммо, гуфта мешавад, ки мақомдорони сатҳи Сердюков дар пайи ҷанҷолҳои хурду реза аз вазифа барканор намешаванд, магар ки касе дар “боло” ин амрро дархост карда бошад. Таҳлилгарони рус мегӯянд, агар нуфузи Зубков намебуд, эҳтимолан Сердюков зарбаи камтар медид.

Аммо нашрияҳо менависанд, бо таъини Шойгу ба мақоми вазири дифоъ Путин нишон дод, ки дар ин марҳила ба содиқтарин ҳампаймонҳояш такя мекунад ва аз эҳтимол дур нест, ки дар сурати эътирозҳои рӯзафзуни мухолифин раисҷумҳур ба садоқати бештари артиш ниёзманд шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҳлилгарони рус мегӯянд, Сердюков дар мақоми вазири дифоъ ҳамеша ҳар амру фармоиши Кремлинро иҷро мекард.

Гуфта мешавад, ки ба эҳтимоли қавӣ барканории Сердюковро аз мақом якбора чанд гурӯҳ ташкил кардаанд. Аввалан Сердюков бо харидории як миқдори муайяни силоҳу лавозимоти ҳарбӣ аз хориҷ тавлидкунандагони силоҳи ватаниро ба худ душман кард. Дуввум, бо нахуствазир Дмитрий Медведев вориди баҳс шуд. Аммо омили аслӣ, ки ба гуфтаи матбуот “камари вазирро шикаст”, ларзон шудани пояҳои издивоҷи ӯ бо духтари Зубков буд. Тавре матбуоти Русия менависад, рӯзе ки муфатишони додситонӣ барои боздошти гумонбаршудаи фасодкорӣ дар вазорат Евгения Василева ба манзили ӯ омаданд, дарро ба рӯи онҳо на каси дигар, балки худи Анатолий Сердюков боз кардаст.

Инопресса
XS
SM
MD
LG