Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯб дар масҷид барои пӯшидани... шортӣ


Як сокини шаҳри Ӯши Қирғизистон барои бо шими кӯтоҳ ё шортӣ ҳозир шуданаш ба масҷид мавриди лату кӯб қарор гирифт.

Ҷавони 19-солаи сокини Ӯш, ки ба намози ҷумъа дер мекард, бидуни тағйири либос бо шими кӯтоҳ – шортӣ вориди масҷид шуд, вале ӯро мавриди лату кӯб қарор доданд.

Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки Ҷирғал Абдимомун Уулу рӯзи 11 июл мехост дар байни кор намозашро ҳам адо кунад. Вай, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунаду баъди муҳоҷир шудани волидонаш парастории се додару хоҳарашро ҳам ба ӯҳда дорад, дар байни кор саросемавор вориди масҷиди “Ал-Раббим”-и Ӯш шуд ва дар паҳлӯи марде барои гузоштани намоз ҷо гирифт. Дар ҳамин лаҳза ҳамсояаш ба ӯ гуфт, ки зонувонашро бипӯшонад. “Ҳамил лаҳза он ҷавони ҳамсояам худ даст ба шими ман зад ва хост, ки онро поинтар фарорад. Баъд хесту гуфт, ки аз пасаш равам. Маро ба таҳоратхона бурду лату кӯб кард, асосан ба шикамам зад ва баъд худ дубора ба масҷид рафт. Дард чунон сахт буд, ки ман то чанд муддат дар дохили ҳоҷатхона мондам. Касе ба ман аҳамият надод. Ҳатто як пирамарди намозгузори дигар, ки ҳодисаи лату кӯби маро шоҳид шуда буд, оромона аз назди мо гузашту рафт. Касе кор надошт, ки дар назди масҷид ингуна ҳодиса рӯй медиҳад”, нақл кард Ҷирғал дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ.

Танҳо бо гузашти муддате ӯ фаҳмид, ки шахси ӯро латукӯб карда испурчашро кафондааст. Ба иттилои духтур Бакас Маткеримов, ташхис нишон дод, ки испурчи ҷавон дигар корношоям шудааст ва онро бурида партофтанд. “Ҳолати ӯ ба ҳангоми интиқол ба касалхона сангин буд, хуни зиёдашро аз даст дода буд, дарунравии хунӣ шудааст. Ҳанӯз барои пурра сиҳҳат шудани бемор фурсати зиёд талаб мешавад”, гуфт духтури касалхонаи Ӯш.

Дар ҳоле, ки Ҷирғал ба ҷавобгарӣ кашидани ҷавони озордодаро тақозо кардааст, имоми масҷид мегӯяд, аз ин ҳодиса танҳо аз ходимони ҳифзи ҳуқуқ хабар ёфтааст. Айни замон Акрамиддин Мақсидов ин ҳодисаи хушунатро маҳкум кард ва гуфт:

- Дар гузашта чунин ҳодиса рӯй надода буд. Масҷид маҳалли даъват ба андешаҳои хайру ахлоқи ҳамида аст, на ҷои хушунату бадкорӣ. Мо ҳеҷ гоҳ ба ҷавонҳое, ки бо шими кӯтоҳ ё шортӣ меоянд, ҳарфе намегӯем. Танҳо дар вақти намоз аз онҳо хоҳиш мекунем, ки нофу зонувонашонро пинҳон кунанд, - гуфт ӯ.

Вале ба андешаи таҳлилгарони бетараф, ҳодисае, ки бо ҷавони сокини Ӯш шудааст, нишонаи ифроту зиёдаравист: “Латукӯби инсон ва бор кардани ақидаи ин ки сару либоси ӯ бояд мувофиқ ба талабот бошад, корест ғайри қобили қабул ва ҳам нишонаи ифротӣ шудани ҷомеа”, мегӯяд таҳлилгар Суюнбек Қурмонбеков.

Тибқи иттилои бахши қирғизии радиои Озодӣ, як нафар барои латукӯби Ҷирғал боздошт шудааст.

Соли 2011 дар вилояти Ӯши Қирғизистон як ҷавоне аз ҷониби рӯҳонии маҳаллӣ барои он лату кӯб шуд, ки ошкоро “бедин” ё атеист будани худро эътироф кард.

XS
SM
MD
LG