Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани 73-сола барои қочоқи нашъа ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО


Додгоҳи шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) як зани 73-соларо бо гуноҳи фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ман ба гуноҳам иқрор шудам. Мо дар мурофиа ду нафар ҳастем, нафари сеюм корманди худи Оҷонсӣ будааст, ки моро боздошт кардааст

Як масъули додгоҳ рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиаи додгоҳӣ ҳафтаи гузашта хотима ёфт ва додрас гуноҳи Раҳбар Аминоваро дар “муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир” тасдиқшуда номид. Додгоҳ гуфт, ки аз рӯи ин парванда як шаҳрванди дигари Тоҷикистон - коршарики ин зан Амрулло Мастаков, марди миёнасоле аз вилояти Суғд ҳам ба мӯҳлати 8 сол равонаи зиндон шудааст.

400 грамм ҳашиш ва истифода аз шиноснома

Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар додгоҳ гуфт, ки зани 73-соларо баъди эълони ҳукм дар толори додгоҳ дастгир карданд ва барои адои ҷазо ба боздоштгоҳ бурданд. "Ҷинояти сангин буд. Оқибати корашон зарар ба саломатии аҳолӣ буд, ҷойи баҳс надошт. Худи пиразан сидқан изҳори пушаймонӣ кард, вале ҷиноят содир шуда буд," – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Дар замони таҳқиқ ва шурӯи муҳокима гумонбар Аминова ба хотири пиронсоливу бемориаш ба шарти нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ буд.

Қурбонназар Баротзода, сармуфаттиши Оҷонсиии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, ки таҳқиқи парвандаро ба ӯҳда дошт, гуфт, ки ҳадами Раҳбар Аминова ин буд, ки маводи мухаддиро ба каси дигар бидиҳад. Ӯ гуфт, ки Раҳбар Аминова дар бозпурсиҳо иқрор шудааст, ки ҳамчун миёнарав дар қочоқи тақрибан 400 грамм ҳашиш даст дорад. Ҳамзамон барои интиқоли пули маводи мухаддир аз шиносномаи ӯ истифода шудааст. Баротзода гуфт:

ҳашиш
ҳашиш

"Нисбати Роҳбар Аминова моҳи апрели соли ҷорӣ парванда боз шуда буд. Тафтишаш ба анҷом расида ба додгоҳ равон карда будем. Моддаи 200-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 8 то 12 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Дар гузашта ӯ ҷинояте содир карда буд, доғи судӣ дорад".

Ба иттилои тафтишот, ин зан иқрор шудааст, ки аз як сокини Кӯлоб маводи мамнӯи нашъаро гирифта ба сокини Суғд фурӯхтааст. Пулро ҳам ба шиносномааш қабул кардааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки Раҳбар Аминова дар гузашта барои ба истилоҳ “фурӯши адабиёти мамнӯъ” чанд солро дар зиндон сипарӣ кардааст ва ин навбат барои нақзи дуюмбораи қонун додрас ба қароре расид, ки ин зан, новобаста ба синнаш, бояд барои ин гуноҳ ба зиндон биравад.

Зани 73-солаи хатлонӣ ба хотири қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:30 0:00

Худи Аминова ба ҷазои сабук умедвор буд

Боздошти ҷавонҳо ва афроди миёнсол бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон хабари нав нест, вале иттиҳоми Аминоваи 73-сола бисёриҳоро дар минтақа ҳайратзада кардааст.

Худи ӯ чанд рӯз пеш аз мурофиаи додгоҳӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки умедвор аст, ки додгоҳ синну солашро ба инобат гирифта озод мекунад:

"Ман ба гуноҳам иқрор шудам. Мо дар мурофиа ду нафар ҳастем, нафари сеюм корманди худи Оҷонсӣ будааст, ки моро боздошт кардааст".

Дар зиндони занонаи шаҳри Норак тахминан 400 нафар нигаҳдорӣ мешавад ва шумори зиёди онҳо барои қочоқи маводи мухаддир ҳабс шудаанд
Дар зиндони занонаи шаҳри Норак тахминан 400 нафар нигаҳдорӣ мешавад ва шумори зиёди онҳо барои қочоқи маводи мухаддир ҳабс шудаанд

Раҳбар Аминова дар марҳилаи пеш аз ҳукми додгоҳ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт ва дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки «ҷиддӣ будани» гуноҳашро тасаввур карда наметавонист». Ба гуфтаи худаш, бо хоҳиши яке аз дӯстон барои интиқоли «баъзе доруҳо» ва «гирифтани маблағ бо шиносномааш» розӣ, вале дастгир шуд.

Ин зани 73-сола соҳиби чаҳор фарзанд буда, як писараш чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфта буд, ки, тақрибан 100 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад ва аз фарзандонаш ҳам кумаки зиёде дарёфт намекунад.

Мусодираи 7 тонна маводи мухаддир дар як сол

Дар гузашта, бархе коршиносон мегуфтанд, ки солҳои авҷи боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир ҳодисаҳои ба даст афтодани бонувони пиронсолро ҳам вохӯрда буданд. Дар бархе ҳолатҳо ин занҳо ба хотири нармиши ҷазову умедворӣ ба афв гуноҳи писарҳои қочоқбари худро ба гардан гирифта ба зиндон мерафтанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки аз тавлидкунадагони бузурги маводи мухаддир ба шумор меояд, беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Бино ба омори интишоркардаи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, ҳар сол дар Тоҷикистон аз 800 то 1000 ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор ошкор шуда, аз муомилоти қайриқонунӣ то 7 тонна маводи мухаддир мусодира карда мешавад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ даҳҳо ҳолати мусодираи маводи муахддира сурат гирифтааст, ки мақомот мегӯяд ин рақам назар ба соли гузашта бештар аст. Тибқи гузориши расмӣ дар шаш моҳ 9 шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон, ки мехостаанд маводи мухаддир ворид кунанд кушта шудаанд, 17 нафари онҳо дар задухурдҳо зинда боздошт шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG