Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико соҳибкори тоҷикро аз зиндон озод кардааст

Аксҳои Салимҷон Насриддинов аз саҳифааш дар Фейсбук
Аксҳои Салимҷон Насриддинов аз саҳифааш дар Фейсбук

Салимҷон Насриддинов як соҳибкори 55-солаи зодаи Тоҷикистон баъди се соли зиндон дар Амрико озод шудааст. Ӯро моҳи ноябри соли 2023 дар Ню Йорк бо Николай Голтсев ва Кристина Пузирева ду шаҳрванди Русия барои миёнаравӣ дар хариди таҷҳизоти электронӣ аз номи ширкатҳои русӣ ба ҷавобгарӣ кашида буданд.

Хонаводаи Насриддинов озод шудани ӯро тасдиқ карданд, вале аз сӯҳбат дар бораи ҷузъиёт худдорӣ варзиданд. Ҳамсари Насриддинов дар посух ба муроҷиати Радиои Озодӣ гуфт: "Мо ин мавзӯъро шарҳ намедиҳем." Маълум нест, озодии Насриддинов бар асоси кадом шароит сурат гирифтааст.

Насриддинов, ки як соҳибкор ва узви фаъоли ҷомеаи тоҷикони Ню-Йорк буд. Николай Голтсев, шаҳванди Канадаро додгоҳи шаҳри Ню-Йорк моҳи январи соли 2025 ба мӯҳлати се солу чор моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамсари ӯ Кристина Пузирева тобистони соли 2024 бо гуноҳи "пулшӯӣ" ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи Ню-Йорк соли 2025 гуфта буд, ки Николай Голтсев барои ширкатҳои Русия, аз ҷумла ширкатҳои низомии ин кишвар "тарроҳи нақшаи фирор аз таҳримҳо" ба шумор мерафт." Қисмҳои эҳтиётии фиристодаи Голтсев дар аслиҳаи артиши Русия ва таҷҳизоти ҷосусии русӣ дар Украина кашф шуд.

Санҷиши Бюрои Федеролии Таҳқиқот маълум кардааст, ки Николай Голтсев бо истифода аз ду ширкати воқеъ дар Бруклин (SH Brothers Inc. ва SN Electronics Inc.) ва тавассути кишварҳои сеюм ба Русия бо арзиши миллионҳо доллар маҳсулоти электронии истифодааш дугона фиристодааст.

Парвандаи ин се соҳибкор ба замоне рост омад, ки кишварҳои аврупоӣ дар авҷи ҷанг дар Украина назорат бар ширкату гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаро сахт карданд, то монеи кӯмаки онҳо ба Русия дар давр задани таҳримҳо ва дастрасӣ ба аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ дар Амрико шаванд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG