Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви 20 ҳазор хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд дар Тоҷикистон


Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр тарҳи қонунеро қабул карданд, ки бист ҳазор хориҷӣ ва ё афроди бешаҳрвандро, ки дар ҳудуди кишвар ба таври ғайриқонунӣ будубош доранд, аз ҷавобгарӣ озод мекунад. Вакилон гуфтанд, баъд аз нашри қонун дар матбуоти давлатӣ хориҷиҳо ва афроди бешаҳрванд дар Тоҷикистон метавонанд, гувоҳномаи иқомат бигиранд.

Вале Бахтовар Cафарзода, вакили порлумон гуфт, ин афв ба шаҳрвандоне тааллуқ дорад, ки дар кишварҳои Шӯравии пешин ҳузур доштанд ва ҳоло бо сабабҳои гуногун ҳуҷҷати расмии будубош ва ба қайдгириро надоранд. "Ин тарҳ ба афроде, ки берун аз ҳудуди Шӯравии пешин зистаанд, дахл надорад", -- афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта чанде аз паноҳандагони афғон аз надоштани санад ва мушкили гирифтани шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шикоят карда буданд. Аксари онҳо дар охирҳои солҳои 90-ум ва баъди ба қудрат расидани Толибон ба Тоҷикистон паноҳанда шудаанд. Бахтовар Сафарзода гуфт, "ин афв ба онҳо дахл надорад. Дар солҳои навадум ва баъди он садҳо шаҳрванди кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла Узбекистону Қирғизистон ба кишвари мо омадаанд ва қонуни нав онҳоро дар бар мегирад."

Бар асоси ин тарҳ, муҳлати қонунигардонии афроди бешаҳрванд се сол пешбинӣ шудааст ва масъули татбиқи он мақомоти умури дохилии кишвар мебошад. Бахтовар Cафарзода, вакили порлумон таъкид кард, ки дар ин самт мақомоти умури дохилӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба масъулони ниҳодҳои давлатӣ гуфт, назорат кунанд, то раванди қонунигардонии ашхоси бешаҳрванд шаффоф ва бидуни мушкил сурат гирад.

Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми декабр дар ҷаласаи порлумон гуфт, тибқи ҳисоби онҳо аз 20 ҳазор хориҷӣ ё афроди бешаҳрванд, ки ғайриқонунӣ будубош доранд, 65 дарсад занон ҳастанд.

Ӯ афзуд, дар пайи қабули қонун, афроде, ки дар ҳолати муаллақи ҳуқуқӣ қарор доранд, соҳиби гувоҳномаи иқомати дарозмуддат мешаванд ва пас аз панҷ соли он метавонанд шаҳрвандии Тоҷикистонро гиранд.

Дар ҳолати муаллақи ҳуқуқӣ мондани ин афрод, ба кору зиндагии онҳо таъсир мерасонад. Аз ҷумла, ба ҳуқуқи сиёсӣ, дастрасӣ ба хадамоти тандурустӣ, ба қайдгирӣ дар ҳоли издивоҷи фарзандон ва макони зист. “Бо қабули ин қонун онҳо ба ҳаёти муътадил фаро гирифта шуда, мисли сокинони дигар аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ бархӯрдор мешаванд”, -- гуфтанд вакилони тоҷик.

Ин қонун нисбат ба афроде, ки шомили гурӯҳҳои мамнӯъ ҳастанд ва ба ҷинояте муттаҳаманд, татбиқ намешавад.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар раванди татбиқи афв нисбати афроди бешаҳрванд нахуст бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шавад.

Наҷиба Ширинбекова, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ" , ки мушкили афроди зери хатари бешаҳрвандиро пайгирӣ мекунанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, дониши ҳуқуқии чунин афрод дар сатҳи зарурӣ нест, бино бар ин бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ бисёр муҳим аст. Ба қавли хонум Ширинбекова, вуҷуди афроди зери хатари бешаҳрвандӣ, дар баробари худи онҳо, ба давлат низ таъсири манфӣ дорад.

"Бо мақсади таъмини амнияти кишвар қонунигардонии будубоши онҳо муҳим аст. Пас аз гирифтани ҳуҷҷатҳо чунин афрод метавонанд ба таври қонунӣ кор кунанд,"-таъкид кард Наҷиба Ширинбекова.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG