Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Афви байналмилал”: Содиқовро сафед кунед!


Александр Содиқов баъди раҳоияш аз боздошт
Александр Содиқов баъди раҳоияш аз боздошт

“Афви байналмилал” бо пахши як изҳороти вижа хостори лағви иттиҳомоти зидди Александр Содиқов ва раҳоии ин пажӯҳишгари ҷавони гумонбар ба ҷосусӣ шудааст.

Созмони “Афви байналмилал” аз давлати Тоҷикистон хостааст, тамоми иттиҳомот алайҳи Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавони зодаи Тоҷикистонро бекор ва парвандаи ҷиноии ӯро қатъ кунад. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон бо нашри баёнияе гуфт, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон замони таҳқиқи парвандаи Александр Содиқовро, ки ба ҷосусӣ муттаҳам мешавад, тамдид кардаанд ва ҳоло ҳам ба ӯ хатари 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 4 сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, пажӯҳишгари тоҷикистонӣ гуноҳе надорад ва барои ҳамин мақомоти Тоҷикистон иттиҳомот алайҳи Александр Содиқовро лағв кунанд. Ин созмон аз ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеа хостааст, ки бо муроҷиат ба Шерхон Салимзода, додситони кулл, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ ва Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ аз онҳо бихоҳанд, ки дар раҳоии Александр Содиқов мусоидат кунанд.

Абдуқаюм Юсуфӣ, вакили дифои Содиқов, рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муфаттишон аз рӯзи 18-уми август замони тафтиши парвандаро тамдид кардаанд. Ӯ гуфт, ба далели махфӣ будани парванда ҳақ надорад, ҷузъиёташро ишфо кунад.

Созмони ғайриҳукуматии “Пен” дар Канада, ки Александр Содиқов дар донишгоҳи Торонтои ин кишвар таҳсил мекард, рӯзи 4 сентябр бо нашри муроҷиатномае гуфт, ки аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон бағоят нигарон аст.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Александр Содиқови 31-соларо, ки барои таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ба шаҳри Хоруғ рафта буд, рӯзи 16-уми июн дар ин ҳангоми мулоқоташ бо Алим Шерзамонов, раиси созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дастгир карданд. Баъд аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки Александр Содиқов ба хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ ба нафъи кишвари бегона муттаҳам мешавад. Мақомот аммо нагуфтаанд, ки Содиқов ба нафъи кадом кишвар ҷосусӣ мекард.

Рӯзи 18-уми июн Александр Содиқовро дар телевизиони вилояти Бадахшон намоиш доданд, ки мегуфт, фақат ба хотири таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ба Хоруғ, маркази вилоят сафар кардааст ва мусоҳиба бо Алим Шерзамонов як бахши кори таҳқиқотиаш буд. Аммо рӯзе баъд аз ин Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар ҳузури сафирону намояндагони баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гуфт, ки ҷосусони хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва зери ниқоби созмонҳои ғайридавлатӣ мехоҳанд, суботу амният дар кишварро халалдор кунанд.

Ба думболи боздошти Александр Содиқов, Иттиҳодияи Аврупо, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва доираҳои илмии ҷаҳон аз давлати Тоҷикистон хостанд, Александр Содиқовро аз боздошт раҳо кунад. Мақомоти Бритониё, ки Александр Содиқов бо Донишгоҳи Экстерери он кишвар низ дар пажӯҳишҳои омилҳои низоъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ мекард, масъалаи боздошти пажӯҳишгарро бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузоштанд. Баъд аз ин Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 22–уми июл ва баъди 36 рӯзи боздошт Александр Содиқовро раҳо кард, вале ба шарти онки маҳалли зисташро тарк накунад.

Ба навиштаи созмони “Пен”, бар асоси муқаррароти тафтишот, Александр Содиқов, бояд дар замони тафтишот дар маҳалли зисташ бошад ва ҳақ надорад, ки Тоҷикистонро тарк карда ва барои идомаи таҳсилаш ба Канада баргардад, ки рӯзи 8-уми сентябр шурӯъ мешавад. Ҳамчунин Александр Содиқов иҷоза надорад, бо хабарнигорони хориҷӣ, сафирон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар гуфтугӯ кунад. Боздошти пажӯҳишгар аз Донишгоҳи Торонто баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 21-уми май баъди амалиёти маъмурони амниятӣ барои боздошти, ба гуфтаи мақомот, “қочоқбарони маводи мухаддир” дар Хоруғ эътирозҳое сар зад, ки 3 куштаву 7 маҷрӯҳ ба ҷо гузошт. Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ бинои додситонӣ ва раёсати умури дохилиро ҳам дар он рӯзҳои нооромиҳо оташ заданд.

Абдулло Назаров
Абдулло Назаров

Ҳамин тавр, маркази вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2012 низ шоҳиди амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ алайҳи “гурӯҳҳои худсар”-и маҳаллӣ шуд, ки ба қатли Абдулло Назаров, сардори идораи амнияти вилоят айбдор шуданд. Дар рӯёрӯиҳои ду соли пеш дар шаҳри Хоруғ, бино ба ҳисобҳо, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG