Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ аз "Давлати исломӣ" нафт мехарад?


Муовини вазири молияи Амрико гуфтааст, ки қисми зиёде аз даромадҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз фурӯши нафт ба давлати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ба даст меояд.

Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки бахши калоне аз даромадҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз фурӯши нафт ба давлати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст. Адам Зубин, муовини вазири хазонадорӣ ё молияи Амрико дар умури марбут ба терроризм ва иттилооти иқтисодӣ рӯзи 10 декабр гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" моҳона ҳудуди 40 миллион доллар аз фурӯши нафт фоида мегирад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, оқои Зубин афзудааст, ки қисми калони ин нафт ба ҳукумати Башор Асад фурӯхта мешавад ва бахши дигари он ба Туркия ва минтақаҳои курднишин меравад. Муовини вазири молияи Амрико таъкид кардааст, ки "ду тараф ҳамдигарро қассобӣ мекунанд, аммо ҳамзамон миллионҳо ва миллионҳо доллар бо ҳам тиҷорат доранд."

Ин суханони муовини вазири молияи Амрико дар ҳоле баён мешавад, ки дар пайи таниш миёни Маскав ва Анқара бар сари суқути ҳавопаймоии низомии Русия дар наздикиҳои марзи Сурия ва Туркия, Владимир Путин Туркияро ба хариди нафт аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" муттаҳам кард. Аммо Туркия ин иттиҳомро рад намуд ва баръакс Маскавро муттаҳам кард, ки бо "Давлати исломӣ" додугирифт дорад.

Қаблан Вазорати молияи Амрико як тоҷири суриягӣ бо номи Ҷорҷ Ҳасвониро ба далели миёнаравӣ дар хариди нафт аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои Сурия таҳрим карда буд. Дар хабарномае, ки ин вазорат рӯзи 25 ноябр нашр кард, таъкид шуда буд, оқои Ҳасвонӣ аз ширкати муҳандисӣ ва сохтмонии худ бо номи HESCO барои осон кардани муомилаҳои нафтӣ миёни ҳукумати Сурия ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" истифода кардааст. Ба иттилои Вазорати молияи Амрико, ин тоҷир "аз тарафи давлати Сурия" дар ин бахш фаъолият мекунад.

Муовини вазорати молияи Амрико дар умури вобаста ба терроризм ва иттилооти иқтисодӣ таъкид кардааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" то ба ҳол беш аз 500 миллион доллар аз фурӯши нафт дар бозори сиёҳ ва 1 миллиард долар аз ғорати бонкҳо дар Сурия ва Ироқ даромад ба даст овардааст.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки соли гузашта қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Бештари кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ин гурӯҳро созмони террористӣ эътироф карда ва фаъолияташро дар қаламравҳои худ мамнӯъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG