Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти зидди коргарони хориҷӣ дар "Шереметево"


Фурудгоҳи "Шереметево", акс аз 24-уми апрели соли 2024
Фурудгоҳи "Шереметево", акс аз 24-уми апрели соли 2024

Маъмурони пулиси Русия рӯзи 27-уми апрел дар фурудгоҳи "Шереметево"-и шаҳри Маскав ба зидди коргарони хориҷӣ амалиёти густурда гузаронданд.

Ба гузориши баъзе аз расонаҳои русӣ, дар ҷараёни амалиёт ҳуҷҷати беш аз 350 ронандаи таксӣ ва тақрибан 230 фаррошу ошпаз ва корманди техникии фурудгоҳи "Шереметево" санҷидаанд.

Саҳифаи “Маш” дар Телеграм навишт, ба маълумоти гирифтааш “дастикам 7 ронандаи таксӣ ба иттиҳоми ҳузури ғайриқонунӣ дар Русия дастгир шуда, ба зудӣ аз қаламрави ин кишвар ронда хоҳанд шуд.”

Ҳувияти онҳо ва кишварашон эълом нашудааст.

Боздошту тафтиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пас аз ҳамла ба "Крокус" сахттар шуд.

Мақомоти Русия то кунун дар пайванд ба ҳамлаи маргбор, ки 144 кушта барҷой гузошт ва масъулияташро ДОИШ пазируфт, сездаҳ касро дастгир кардаанд. Дувоздаҳ нафар аз Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Масъулони созмони байнулмилалӣ рӯзи 5-уми апрел дар изҳороте гуфтанд, баъд аз як ҳафтаи ҳамла парвандаҳои вобаста ба нақзи қонуни муҳоҷират дар додгоҳҳои Русия "70 дарсад зиёд шуд".

XS
SM
MD
LG