Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Нелегал" дар Тоҷикистон. 6 касро ба ҷавобгарӣ кашидаанд


Ҷараёни амалиёти "Нелегал" дар вилояти Хатлон
Ҷараёни амалиёти "Нелегал" дар вилояти Хатлон

Дар ҷараёни амалиёти "Нелегал" дар вилояти Хатлони Тоҷикистон шаш хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Мақомот ҳувияти онҳоро нагуфтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн хабар дод, ки амалиёт тибқи нақшаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ бо ҳадафи "муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ" сурат гирифта, аз ду марҳила иборат аст.

Марҳилаи аввали он севуми июн сар шуд ва 9-уми июн ба поён расид.

Маъмурони пулиси Тоҷикистон дар ин давра дар фурудгоҳу истгоҳи роҳи оҳан, хонаву меҳмонхона ва хобгоҳу ҷойҳои корӣ, ба мисли сохтмону бозор, қоидаи риояи будубоши хориҷиёнро санҷидаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2023 фармон дод, ки барои идомаи сохтмони лӯлае, ки гази Туркманистонро аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Чин мерасонад, ба бештар аз 2700 шаҳрванди Чин иҷозаи кор дода шавад. Дар охири ҳамон сол барои бунёди як роҳ дар шимоли Тоҷикистон гурӯҳе аз коргаронро аз Чин ва кишвари африқоии Ғано (Гана) оварда буданд.

Дар Тоҷикистон сатҳи бекорӣ зиёд аст ва ҳар сол садҳо ҳазор кас дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба хориҷа, асосан ба Русия, мераванд. Дар гузашта шикоятҳо аз ҷалби хориҷиён ба кор дар кишвар зиёд буд ва муноқиша байни коргарони тоҷик ва чинӣ дар иншооту корхонаҳое, ки ду кишвар муштарак идора мекунанд, дида шудааст.

XS
SM
MD
LG