Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Қудратов: ”Дар Олимпиадаи Сочи таҷрибаи зиёд бардоштам”


Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи ширкат дошт, ба Душанбе баргашт.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Алишер Қудратов – намояндагӣ кард. Вале ӯ дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ оид ба слалом ноком шуд.

Ин мусобиқа байни мардон дар Маркази лижаронии «Роза Хутор»-и Сочи барпо гардид. Аз 117 нафар варзишгарон, ки дар даври аввал ширкат доштанд, танҳо 77 нафарашон ба марра расида, дар даври дувум барои медалҳо мубориза бурданд. Марио Матт аз Австрия бо натиҷаи умумии 1:41,84 мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Марсел Хиршер (Австрия, 1:42,12) бо медали нуқра ва Ҳенрик Кристофферсен (Норвегия, 1:42,67) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Алишер Қудратов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи ширкати худ дар ин мусобиқоти олимпӣ чунин гуфт: «Ман барои аввалин бор дар чунин мусобиқоти бузурги сатҳи ҷаҳонӣ иштирок кардам. Омодагиам хуб буд. Бо лавозимоти варзишии муосир, ба мисли лижа, каска, асочаҳо, айнак ва дигар асбобҳои махсуси лижаронӣ таъмин будам. Ҳамроҳ бо варзишгарони Эрону Австрия ва Русия дар Сочи 20 рӯз тамрин кардам ва ҳеҷ мушкиле надоштам. Ба ман барои омодагӣ ва ширкат дар Олимпиадаи Сочи Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли КМО, Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли КМО ва мураббиям Ибодулло Қурбонов, раиси Ассотсиатсияи навъҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, ҳамаҷониба кӯмак карданд, ки аз онҳо сипосгузорам.”

Вале Алишер Қудратов иброз дошт, ки ба иллати камтаҷрибагӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ, ба натиҷаи хуб ноил шуда натавонистааст. Вай гуфт, “дар ин кор худам айбдорам. Трасса ё масири мусобиқа 650 метрро ташкил медод, ки аз 65 дарвоза иборат буд. Ман нимаи аввали масирро бехато тай карда, баъдан суръатро тезондам ва хостам, ки ба марра зудтар бирасам. Вале аз ду дарвоза, яъне аз байни байроқчаҳо нагузашта, аз хати мусобиқа берун шудам ва дар натиҷа ба ҷойи муқарраршуда, яъне марра нарасидам. Ин мусобиқа ба ман сабақ шуд, таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кардам, ки бароям дар мусобиқоти оянда ба кор меояд.”

Шарҳи ҳол

Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Феълан донишҷӯи бахши чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш– Сафеддара, ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Ӯ дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия ширкат варзида, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом иҷро кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 гардид.

Алишер Қудратов соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувери Канада ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат накардааст. Ӯ дар маросимҳои кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҳам дар Ванкувер ва ҳам дар Сочи парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Алишер Қудратов баъди бозгашт аз Сочи ҳамроҳи Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли ин кумита ва раҳбари мунтахаби олимпии кишвар, меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и Радиои Озодӣ буданд.

Сӯҳбати онҳоро бо шореҳи варзиши Радиои Озодӣ ин ҷо мешунавед.

Барномаи Ҷаҳони Варзиш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:01 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG