Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алии Бедакӣ ва севуним моҳи талотумаш дар Рашт


Қатли Алии Бедакӣ ба бӯҳроне, ки на фақат рӯи водии Рашт, балки куллан Тоҷикистон соя афканда буд, поён гузошт.

Аммо чун Мулло Абдуллоҳ, ангезаи асосии бӯҳрон ин бор ҳам боздошт нашуд, то куҷо метавон мутмаин буд, ки бо ҳалокати Бедакӣ оромӣ ва субот ба Рашту Тоҷикистон баргаштааст ва ин бор бебозгашт?

ҶАНГ ДАР РУНОБ

Нирӯҳои давлатӣ 9 тани охирин аз гурӯҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакиро рӯзи 4 январ дар оғилхонае дар рустои кӯҳистонии Руноб гирд карда, наздики 2 соат бо ин чирикиҳо вориди задухӯрд шудаанд.

Муҳаммадҷон Нарзиев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бидуни ифшои ҷузъиёт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрд 8 тан, бо шумули Алии Бедакӣ, кушта шуда, якеи дигар аз чирикиҳоро зинда дастгир кардаанд. Ӯ афзуд, ки нирӯҳои давлатӣ дар ин амалиёт талафот надодаанд.

КОМЁБИИ МАҚОМОТ

Дар маҳофили Тоҷикистон хунсо шудани гурӯҳи Алии Бедакиро ба сурати умум як комёбии қобили мулоҳизаи мақомот хонда мегӯянд, ки акнун замина барои барқарории суботу оромӣ дар водии Рашт маҳкамтар шуд.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротежии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: “Албатта, ин муваффақият аст, чунки бисёр мушкилиҳо буд дар роҳи пайдо кардани ин гурӯҳҳо ва ин шояд яке аз муваффақиятҳои аз ҳама рӯшани ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аст. Ва бояд дар оянда тавре рафтор кунанд, ки кор то ба чунин дараҷа нарасад.”

Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони собиқ ва пурнуфузи мухолифин дар водии Рашт дар сӯҳбати кӯтоҳе бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар нафари дигаре ҳам, ки дар фикри ба ҳам задани вазъи ин қаламрав шавад, сарнавишти Алии Бедакиву ёрони ӯро такрор хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, аз байн бурдани гурӯҳи Бедакӣ на фақат ба Рашт, балки ба ҳамаи Тоҷикистон оромӣ меорад.

Олим Одилов, аз афроди наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадов, мегӯяд, дар саркӯбии гурӯҳи Алии Бедакӣ Шоҳ Искандаров, яке дигар аз фармондеҳони дар гузашта бонуфузи мухолифин, нақши асосӣ дошт. Оқои Одилов ҳам бар ин назар аст, ки ҳалокати Алии Бедакӣ як абри азими ташаннуҷро аз осмони водии Рашт дур кардааст: “Тоҷикистонро-ку намедонам, вале минтақа ором шуд. Чунки дигар ягон қувваи ғайр нест, ки вазъро халалдор кунад. Ҳамин 9 нафар буданд, ки кушта шуданд ва якеаш ҳам боздошт шуд. Дигар Мулло Абдуллост, ки аз инҷо пеш баромада рафта буд. Ӯ дигар куҷост, мо намедонем.”

ЛЕЙТЕНАНТИ КАЛОН ДАВЛАТОВ

Аммо Алии Бедакӣ кӣ буд, ки бо як гурӯҳи начандон бузург ва он ҳам умдатан мусаллаҳ бо силоҳҳои сабук тавонист бо нирӯҳои аз нигоҳи ҳам шумора ва ҳам таслиҳот бакарат қавитари ҳукумат дар шароити сахти тирамоҳ ва зимистони кӯҳистони Рашт наздики 4 моҳ муқовимат кунад?

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, Аловиддин Давлатов, ё Алии Бедакӣ соли 1970 дар рустои Бедаки ноҳияи Рашт (Ғарми собиқ) ба дунё омада, то соли 1992 ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ДЭУ, идораи роҳсозӣ ба ҳайси ронандаи одӣ кор мекард. Талотуми ҳодисот ӯро ба сафи нирӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик пайваст ва ӯ то поёни ҷанги шаҳрвандӣ таҳти фармони Мирзохӯҷа Низомов ва Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ноҳияи Рашт ҷангид.

Баъди имзо шудани қарордоди сулҳ дар як баталйони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,
Мирзохуҷа Аҳмадов
ки аз ҳисоби муҷоҳидини собиқ дар Рашт таъсис ёфт, бо касби рутбаи лейтенанти калон фармондеҳи як ротаи СОБР, воҳиди вижаи вокуниши сареъ таъин шуд ва ба дунболи барҳам хӯрдани ин баталйон таҳти раҳбарии Мирзохӯҷа Аҳмадов дар шӯъбачаи минтақавии мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар водии Рашт даст ба кор шуд.

Дар моҳи феврали соли 2008 дар даргирие бо маъмурони ин шӯъбача фармондеҳи ОМОН, воҳиди вижаи вазорати умури дохилӣ Олег Захарченко кушта шуд ва дар тирамоҳи ҳамон сол шӯъбачаи Мирзохӯҷа Аҳмадов ҳам дар пайи як музокирот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳам хӯрд.

Оқои Аҳмадов аз солҳои ҳамсангарӣ ва ҳамкориаш бо Алии Бедакӣ чунин қисса кард: “Ӯ солҳои 1994-1995 ба мо ҳамроҳ шуд. Дар давраш кораш дар шӯъбаи 6-ум хидмату кору бораш беҳад хуб буд. Аммо мо қасду нияти ӯро намедонистем ва намепурсидем ҳам. Шояд чизе ваъдааш доданд, ки ба тарафи узбакҳо гузашт ва давлату миллаташро фурӯхт.”

5 НАФАРЕ КИ СУЛҲРО НАПАЗИРУФТАНД

Исми Алии Бедакӣ дар оғози тирамоҳ вақте ба забонҳо омад, ки ибтидо бародараш – вакили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар маҷлиси ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатовро дар Душанбе бо иттиҳоми таъмини гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ боздошт карданд. Ба дунболи шабехуни рӯзи 19 сентябр ба як корвони нирӯҳои десантии Тоҷикистон дар саргаҳи дараи Камароб, ки 28 сарбозро кушта ба ҷо гузошт, ангушти иттиҳоми Душанбе боз ҳам алайҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло баланд шуд.

Амруллоҳи Собир, коршиноси масоили амниятӣ, мегӯяд, Алии Бедакӣ дар радифи он фармондеҳони собиқи мухолифин буд, ки шароити сулҳ бо давлатро напазируфт, балки фақат фурсатталабона ба ниҳодҳои расмии интизомӣ пайваст, ки бо пеш омадани имконе дигар дубора ба даст силоҳ бигирад: “Ӯ дар ҳамон ақидаҳои исломиаш хеле сахт буд. Дар водии Рашт 3 нафар шароити сулҳи соли 1997-ро напазируфтанд - Ёрибек Иброҳимов бо тахаллуси Шайх дар Тоҷикобод, Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ дар Рашт ва Абдуллоҳ Раҳимов, ки ҳамчун Мулло Абдуллоҳи Камонгарӣ маъруф аст, дар Нуробод. Инҳо ба сабаби одамони мазҳабӣ будан сулҳро напазируфтанд. Ва дар ноҳияи Кофарниҳон – эшони Файзуллоҳхони Дароз ва дар Роҳатӣ - Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон Гитлер ва Мансур Муаккалов. Онҳо як муддате ором нишастанд ва чун диданд, ки заминаҳое аз нав пайдо шуд, дубора овоз бароварданд.”

БЕДАКИРО КӢ АЗ РОҲ ЗАД?

Вале Олим Одилов, яке дигар аз ҳамсангарон ва ҳамкорони пешини Алии Бедакӣ ӯро ҳамчун як нафари ватандӯст ва пойбанд ба арзишҳои исломӣ тавсиф мекунад ва мегӯяд, чӣ дар солҳои 90 ва чӣ дар 4 моҳи пеш маҳз талотуми ҳодисот Бедакиро ба роҳи ҷанг бурдааст: “Шӯҳрати зиёд дошт дар минтақа. Ватандӯст буд хеле ва мусалмон, як мусалмони ҳақиқӣ буд. Касе дар сӯҳбаташ менишаст, баҳра мебурд. Тундрав набуд, вале ҳақиқатро дӯст медошт. Ҳақиқатпарасту ҳақиқатталаб буд. Ҳар ҷое ки каме беадолатиро медид, тоқат намекард, суханашро мегуфт. Ва ба маҳзи ҳамин беадолатиҳои рӯзҳои охир хесту кӯҳ баромад. Баъд чӣ маслиҳатҳое бо Мулло Абдулло шуд, ба онҳо ҳамроҳ шуд. Одамизод шири хом хӯрдааст. Сарашро гардонданд, ба ҳамин роҳ рафт ва оқибаташро дидем.”

Олим Одилов аз ҷумлаи он 28 тан аз афроди Мирзохӯҷа Аҳмадов аст, ки ибтидо низ ҳамроҳ бо Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ ба даст доштан ба шабехуни Камароб айбдор шуданд ва низ “кӯҳ баромаданд”, вале дар моҳи октябр бо миёнҷигии Шоҳ Искандаров музокироте сурат гирифт, ки дар натиҷааш ба тарафи ҳукумат гузаштанд. Одилов мегӯяд, онҳо то ҳол қонунан афв нашудаанд ва як андоза нигарони сарнавишти худ боқӣ мемонанд, вале феълан таҳти кадом фишоре қарор надоранд.

ДАР ТАНҲОӢ

Хуршеди Атовуллоҳ, хабарнигори тоҷик мегӯяд, дар роҳи рафъи таҳдиди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар водии Рашт ҳамин музокирот бо нафарони Аҳмадов нақши фавқулода муҳиме дошт, вале аз сӯи дигар, Алии Бедакӣ, як ҷангии то ҳол ноошноро низ ҳамин омил - ба ҷониби давлат гузаштани Аҳмадову Искандаров - ба мадди аввал овард ва ҳамчун эмиссари Мулло Абдулло дар минтақа вирди забонҳо кард.

Хуршеди Атовуллоҳ
Ӯ меафзояд: “Агар Бедакӣ аз ҷониби фармондеҳоне, чун Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов пуштибонӣ медид, шояд исмаш ҳатто дар радифи фармондеҳони раддаи аввал қарор намегирифт, чунки онҷо Искандарову Аҳмадов мебуданд. Вале вақте ӯ танҳо монд, маълум буд, ки дер ё зуд аз байн бурда хоҳад шуд. Ва музокироти Ғарм дар воқеъ як гуфтушуниди муваффақи ҳукумат барои андохтани ҷудоӣ байни фармондеҳони собиқи мухолифин дар ин водӣ буд.”

Таҳлилгари тоҷик Саидаҳмади Қаландар аммо як силсила омилҳои бузургтар, аз ҷумла бозиҳои қудратҳои дахил дар Осиёи Марказӣ, нотамом мондани бархе масоили сулҳи Тоҷикистон, бахусус афви размандагони собиқ ва таъмини бозгашти онҳо ба ҳаёти мулкӣ, ҳифозати заифи марзҳо ва ҳам танг будани майдони машрӯъи муборизаҳои сиёсӣ дар кишварро ном мебарад, ки мунҷар ба нооромиҳое, чун ошӯби соли гузаштаи бародарон Азизовҳо дар Тавилдара ва исёни имсола ба раҳбарии Алии Бедакӣ дар Рашт шуд. Ӯ меафзояд: “Агар вазъи Афғонистон ба эътидол оварда нашавад, ин ҳол хеле тӯлонӣ давом мекунад. Ва мӯътаризони Осиёи Марказӣ - ҳам ҲИУ, ҳам дигар гурӯҳҳои норозӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, ки ба он сӯи марз фирор кардаанд, мебинед, ки аз он тараф баргаштанд. “

“УСОМА БИН ЛОДИНИ ТОҶИК”

Ҳамин тавр, эҳтимоли такрори нооромиҳое, чун рӯйдодҳои Тавилдараву Камаробро дар Тоҷикистон кам касест, ки эътироф накунад. Аз ҷумла бо таваҷҷӯҳ ба шабаҳи Мулло Абдулло, ки зуҳураш дар Тавилдара дар якуним соли пеш бо ҳалокати Мирзо Зиёев ва 11 тан аз размандагони собиқи мухолифин тамом шуд, ва ин бор дар Рашт, ки Алии Бедакӣ бо ҷамъе аз ёронаш кушта шуд, вале аз худи Мулло Абдулло боз ҳам на пай ҳасту на ҳайдар.

Олим Одилов мегӯяд: “Имкон дорад. Ин чиз аз мадди назар дур нест. Ҳозир ӯ, тавре мегӯянд, гум шудааст. Ӯро ҳеҷ кас намедонад, ки куҷост. Ба қавли ҳамаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон, вай гӯё гум шудааст. Лекин ӯ ҳаст. Яъне рӯзе боз аз куҷо метавонад сар бизанад.”

Бо ин ҳол, бино ба маълумоте, ки бунгоҳи иктишофие дар Амрико аз як форуми исломӣ пайдо кардааст, Ҳаракати исломии Узбакистон ҷамъи ҷангиёни кушташудааш дар як соли охирро 52 нафар баршумурда гуфтааст, ки дар ин як сол дар Афғонистону Покистон ва ҳам дар Тоҷикистон набард кардааст.

ДОМУЛЛО АМРИДДИН - НОМИ НАВ ДАР МАЙДОН

Амруллоҳи Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд, таҳрикҳои чирикии исломие, ки дар ин паҳно – аз Покистон то ба Осиёи Марказӣ - меҷанганд, умури Тоҷикистонро ба домулло Амриддин ном нафаре супурдаанд, ки дар раддабандии ин таҳрикҳои ҷангӣ аз Мулло Абдулло ва ҳатто аз Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош болотар меистад: “Домулло Амриддин зодаи ноҳияи Нуробод буда, соли 1999 дар чархболи Ҷумъаи Намангонӣ тарки Тоҷикистон кард. Баъди ҳалокати Намангонӣ як замон ҳатто раҳбари ҲИУ буд. Вале азбаскӣ ин ҲИУ буд, дар раъсаш бояд ягон узбак меистод. Домулло Амриддин аммо раҳбари Ҳаракати исломии Туркистон аст. Дар ин симат ӯ ҳатто аз Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош болотар меистад. Ва баъди Мулло Умар нафари дуввум аст ва масъули Осиёи Марказӣ.”

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки амалиёт дар Рашт то охир, яъне то замони хунсо шудани Мулло Абдулло ва гурӯҳи ӯ идома хоҳад ёфт. Аммо Хуршеди Атовуллоҳ бар ин бовар аст, ки ҷангталабоне чун Мулло Абдулло бо ҳалокати Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар Тавилдара ва инак, бо нобуд шудани Алии Бедакӣ аз ҳар навъ такягоҳи ҷиддӣ дар шарқи Тоҷикистон маҳрум шудаанд, вале агар ӯ боз ҳам, инак, барои бори севвум ба ошӯби наве дар ин қаламрав иқдом кунад, ба бовари оқои Атовулло, бидуни шак, ноком хоҳад шуд: “Дигар аз фармондеҳон касе нест, ки аз ӯ пуштибонӣ кунад. Алии Бедакӣ кушта шуд, Мирзохӯҷа Аҳмадов ба тарафи ҳукумат гузашт, Шоҳ Искандаров ҳам нишон дод, ки пурра бо ҳукумат аст. Мулло Абдуллоҳ дигар дар шарқи Тоҷикистон комёб намешавад.”

ҲАДАФИ ДУР РОҒУН БУД?

Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, беҳтар ин аст, ки заминаҳои эътироз дар ҷомеа аз пеш аз байн бурда шаванд, аз ҷумла бо роҳи таъмини афви воқеъии размандагони собиқ, ки ҳар навъ андешаи пайвастан ба гурӯҳҳои чирикиро аз зеҳни онҳо биандозад ва ҳам тавассути ироаи озодиҳои бештари мазҳабиву сиёсӣ ва ҳам бархӯрди мунсифона ва баробар ба тамоми маҳалҳо, аз ҷумла дар сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон.

Ишораи оқои Қаландар аз ҷумла ба ҳузури ночиз ва бештар намоишии намояндагони минтақаҳое, чун Рашт, дар сутуҳи мухталифи мақомоти давлатист. Аммо Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротегии Тоҷикистон назари дигар дорад ва мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб, нооромиҳои ахир дар водии Рашт кори дасти қудратҳои хориҷиест, ки намехостанд муҳимтарин ва бузургтарин тарҳи иқтисодӣ дар ин водӣ – сохтмони нирӯгоҳи Роғун -- ба иҷро бидарояд.

“ФАҚАТ БА СӮИ ПЕШ!” БА СӮИ МАРГ?

Ин ҳама талотуми дар ин се моҳу ним дар Рашт бапокардаи Алии Бедакиву ёронаш дар ниҳоят зери 100 кушта аз ду ҷониб ба ҷо гузошт ва ҳам навори кӯтоҳе дар интернет, ки дар он, ба иддаои ноширонаш, гурӯҳи Бедакӣ ҳангоми убур аз як ағбаи пурбарфи кӯҳистон тасвир шуда ва нафаре ҳам, ки бовар меравад, худи ӯ бошад, ёронашро садо мекунад, ки “Фақат ба сӯи пеш!”.

Аммо ҳамин даъват Алии Бедакиро дар ниҳоят ба роҳи хатарноки ситезаҷӯӣ андохт ва то Руноб, маҳалли охирин ҷанги ӯ дар рӯзи 4 январ бурд. Ҷанге, ки наздики 2 соат тӯл кашид ва ба зиндагии зиддунақизи Бедакӣ нуқтаи таммат гузошт.
XS
SM
MD
LG