Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 сол ҳукми зиндони (шартии) раҳбари мухолифини Путин


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Додгоҳи Маскав раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалнийро бо ҷурми тақаллуби молӣ ба 3 соли зиндон маҳкум кард, вале бо таъйини 6 моҳ мӯҳлати шартӣ. Ин ба маъноест, ки Навалний ба зиндон намеравад.

Додгоҳи Маскав рӯзи 30 декабр ҳукми раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний ва бародари ӯ Олег Навалнийро эълон кард. Додгоҳи Алексей Навалнийро дар тақаллуби молӣ муҷрим шинохта ба 3 соли зиндон маҳкум кард, вале бо додани 6 моҳ мӯҳлати шартӣ. Ин ба маъноест, ки раҳбари мухолифин зиндонӣ намешавад.

Аммо додрас Елена Коробченко бародари Алексей – Олег Навалнийро ба айни мӯҳлати зиндон маҳкум кард.

Тарафдорони Алексей Навалний мегӯянд, ки муҳокима ва ҳукми ӯву бародараш бахше аз маъракаи бароҳандохтаи Кремл ба далели мухолифатҳои вай ба сиёсатҳои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мебошад.

Эълони ҳукми бародарон Навалнийҳо билофосила мавҷи интиқодҳои сиёсатмадорони мухолифро ба бор овард, ки мегӯянд, Кремл бародари Алексей Навалнийро ҳамчун “гаравгон” пушти панҷара нигоҳ медорад.

Ба дастони Олег Навалний баъди эълони ҳукм завлона баста ва боздошташ карданд. Алексей Навалний дар толори додгоҳ фарёд мекашид ки: Чаро бародари маро зиндонӣ мекунед?

Бародарон Навалнийҳо ба сирқати 31 миллион рубл, муодили беш аз ним миллион доллар аз ду ширкати Русия ва ба шустушӯи пул айбдор мешуданд.

Ибтидо қарор буд, ҳукми онҳо рӯзи 15 январ, баъди таътилоти солинавӣ эълон шавад. Вале рӯзи 29 декабр додгоҳ санаи эълони ҳукмро аз 15 январ ба 30 декабр тағйир дод. Тарафдорони Навалний мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом пешгирӣ аз омодагиҳо ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар рӯзи эълони ҳукм буд.

Алексей Навалний 38 сол дошта, аз мунтақидони президент Путин ва аз муборизони зидди фасод дар Русия ба шумор меравад. Ӯ асосгузори тарҳи “РосПил” аст, ки мавридҳои фасоди иодорӣ дар ҳукумати имрӯзаи Русияро фош мекунад. Аз соли 2013 раҳбари ҳизби прогрессро бар ӯҳда дорад. Дар соли 2013 дар интихоботи шаҳрдори Маскав бо касби 27 дарсад ё 632 ҳазор райъ ҷои дуюмро гирифта буд.

XS
SM
MD
LG