Пайвандҳои дастрасӣ

Ба ҷои Аскар Оқоев писараш ба Бишкек баргашт


Аскар Оқоев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон.

Дар ҳоле ки интизор мерафт, президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев барои ширкат дар расми ҷанозаи бародараш ба ватан бармегардад, ба ҷои ӯ писари хурдияш вориди Бишкек шуд.

Бино бар ба гузоришҳо аз Қирғизистон собиқ раиси ҷумҳури ин кишвар Аскар Оқоев дар маросими ҷанозаи бародараш Болат Оқоев дар Бишкек иштирок намекунад. Хонаводаи Оқоев дар Қирғизистон рӯзи сешанбеи 4-уми август ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар тули 9 соли баъд аз фирор, раиси ҷуҳмури собиқ аввалин бор эҳтимоли бозгашташ ба ин кишвари Осиёи Марказиро баррасӣ мекард ва мехост, дар маросими ҷанозаи бародараш, ки дар сини 81-солагӣ аз дунё гузашт, ширкат кунад. Аммо мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми август гуфтанд, ки Илим Оқоев, писари Аскар Оқоев ягона узви хонаводаи раиси ҷумҳури собиқ бо парвози саҳаргоҳӣ аз Масав ба Бишкек омад ва дар фурудгоҳи Манаси Бишкек дида шуд. Ӯро 3-4 нафар, ба шумули сарвазири пешин Кубничбек Ҷумъалиев дар фурудгоҳ пешвоз гирифтанд.

Собиқ президенти 69-солаи Қирғизистон Аскар Оқоев, ки қабл аз гароиш ба сиёсат аз донишмандони Шӯравии собиқ буд, моҳи марти соли 2005, дар оғози тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ аз мақом сарнагун шуд ва аз кишвар фирор кард. Оқоев баъдан борҳо гуфт, ки берун рафтани ӯ аз ватан на аломати тарс, балки талоши ҷилавгирӣ аз хунрезӣ буд.

Ҳоло ӯ дар Маскав професссори Донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав ва ҳамоҳангсози Академияи Улуми Русия аст. Оқоев дахлнопазирии ҷиноиро соли 2010 аз даст дод. Раиси ҷумҳури собиқ ҳамчунин бо амри иҷрокунандаи вақти вазифаи президенти Қирғизистон Роза Отунбоева дар соли 2010 ба иҷозаи истифодаи силоҳ алайҳи мардуми мулкӣ, ба Чину Қазоқистон додани қаламрави кишвар, аз байн бурдани дороиҳои миллӣ ва тамдиди қудрат аз роҳи реферундум муттаҳам шуд.

Роза Отунбоева дар фармони худ гуфта буд, “бо назардошти ҷиноятҳои сангин, ки Оқоев муртакиб шудааст, ӯ аз унвони собиқ раиси ҷуҳмур маҳрум мешавад ва додистонии кул барои истирдоди ӯ иқдом мекунад.” Аскар Оқоев соли 2005 бо даъвати раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Маскав омад ва аз он замон то ҳол дар пойтахти Русия ба сар мебарад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG