Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо нафар дар ҳамлаи ҳавоӣ ба як мадраса дар Кундуз


Бинобар гузоришҳо аз Афғонистон, бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои артиши он кишвар дар минтақаи Дафтонии вулусволии Дашти Арчии вилояти Кундуз, даҳҳо нафар, аз ҷумла ғайринизомиён кушта шудаанд. Вулусволии Дашти Арчии вилояти Кундузи Афғонистон дар рӯбарӯи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон воқеъ аст.

Мақомоти расмӣ шумораи кушташудаҳоро 15 нафар эълом кардаанд. Бархе вакилони шӯрои вилоятӣ теъдоди қурбониёнро 50-60 нафар гуфтанд ва Толибон мегӯянд, ки дар ин ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҳудуди 150 нафар ҷон бохтаанд. Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин ҳамла 50 нафар кушта шуда ва ҳудуди 100 нафари дигар захм бардоштаанд.

Ҳамла дар Кундуз дар ҳоле сурат гирифт, ки маъмулан гурӯҳи Толибон худро барои анҷоми амалиёт ва ҳамлаҳои баҳорӣ омода мекунад. Тақрибан тамоми Дашти Арчӣ аз соли 2015 ба ин тараф дар назорати гурӯҳи Толибон аст.

Абдулҳамид Ҳамидӣ, як мақоми пулис мегӯяд, ин ҳамлаи ҳавоӣ нимаи рӯзи 2-юми апрел дар минтақаи Дашти Арчӣ, ки Толибон дар онҷо ҷамъ шуда буданд, сурат гирифтааст. Вай гуфтааст, Толибон дар маҳалле, ки ҳадаф қарор гирифт, ҷамъ шуда буданд ва барои анҷоми як амалиёт омода мешуданд. Ин мақоми пулис шумораи кушташудаҳоро ҳадди ақал 15 нафар гуфтааст.

Абдулҳамид Ҳамидӣ бидуни ироаи ҷузъиёте гуфтааст, "як намояндаи дастгоҳи раҳбарии Толибон дар Покистон" ҳангоми ҳамла дар он макон буд ва шуморе аз ғайринизомиён низ дар миёни қурбониён ҳастанд. Артиши Афғонистон низ дар баёнияе гуфтааст, ҳадди ақал 15 тан аз афроди Толибон, аз ҷумла Мулло Бирёнӣ, узви баландпояи "Шӯрои Кувейта" кушта шудаанд.

"Шӯрои Кувейта" номи шӯрои раҳбарии Толибон аст, ки дар шаҳри Кувейта -- маркази вилояти Балуҷистони Покистон қарор дорад. Артиши Афғонистон мегӯяд, дар ин ҳамла ҳеҷ ғайринизомӣ кушта нашудааст. Ба гуфтаи мақомоти пулис ва артиш, ҳадди ақал 10 нафар захмӣ шудаанд.

Бо ин ҳама гузоришҳои дигаре аз теъдоди кушташудагон ва низ маҳалле, ки ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифт, мунташир шуд, ки ба изҳороти расмии артиш ва пулис монандӣ надорад. Аз ҷумла шоҳидон ва ҳатто теъдоде аз мақомҳои маҳаллии афғон гуфтаанд, як масҷид ё мадраса, дар ҳоле, ки маросиме идома дошт, ҳадаф қарор гирифт ва даҳҳо ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Мавлавӣ Абдуллоҳ, яке аз аъзои шӯрои вилоятии Кундуз ба хабаргузории Олмон гуфтааст, "теъдоде байни 50 то 60 нафар" дар ин ҳамла "ки ба як мактаб сурат гирифт", кушта шудаанд. Мавлавӣ Абдулло мегӯяд, дар маросими поёни таҳсилоти динӣ дар ин мактаб, ҳам аъзои Толибон ҳузур доштанд ва ҳам ғайринизомиён.

Гурӯҳи Толибон шумораи кушташудаҳоро 150 нафар гуфта ва иддао кардааст, ки ҳеҷ яке аз аъзои гурӯҳ дар ин маҳал ҳузур надоштанд. Сухангӯи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон гуфтааст, Амрико дахолате дар ҳамлаи ҳавоии Кундуз надорад.

Ҳамлаи ҳавоӣ дар Кундуз дар ҳоле сурат гирифт, ки ба пояи стратегияи нави низомии Амрико, ки соли гузашта эълон шуд, нерӯҳои ҳавоии Афғонистон бо ҷангандаҳо ва аслиҳаи навтар муҷаҳҳаз шуданд. Тақвияти нерӯҳои ҳавоии афғон яке аз афзалиятҳо дар маъмурияти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мебошад ва муваффақияти нерӯҳои заминӣ бинобар ҳимояти ҳавоии нерӯҳо рӯ ба афзоиш аст. Ахиран нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар вилояти Фароҳ нахустин бомбаҳоро ба як қароргоҳи Толибон партоб намуданд.

Аммо куштори ғайринизомиён бар асари ин ҳамлаҳои ҳавоӣ пуштибонии мардум аз раванди сулҳро ба хатар рӯбарӯ мекунад. Омори ахири Созмони Милали Муттаҳид ҳикоят аз афзоиши шумораи қурбониёни ғайринизомӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Афғонистонро дорад.

Ҳамла дар Кундуз дар ҳоле сурат гирифт, ки маъмулан гурӯҳи Толибон худро барои анҷоми амалиёт ва ҳамлаҳои баҳорӣ омода мекунад. Дашти Арчӣ аз минтақаҳои ноамни вилояти Кундуз ба шумор меравад ва тақрибан тамоми ин минтақа аз соли 2015 ба ин тараф дар назорати гурӯҳи Толибон аст.

XS
SM
MD
LG