Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аграриҳо аз наҳзатиҳо 100 ҳазор бештар имзо ҷамъ овардаанд


Ситоди интихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ба тарафдорӣ аз номзади ин ҳизб беш аз 130 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карданд.

Муним Абдусамадов, як масъули ситоди интихоботии ҳизби аграрии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 30-юми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то рӯзи ҷумъа шумораи умумии имзоҳои ҷамъоваришуда ба тарафдории Толиббек Бухориев, номзади ин ҳизб ба мақоми президентӣ 130 ҳазорро ташкил дод ва муддати ду рӯзи ахир низ ин шумора афзоиш ёфтааст. Ҷаноби Абдусамадов афзуд, ки "шумораи дақиқи имзоҳоро ситоди интихоботӣ рӯзи 2-юми октябр маълум хоҳанд кард."

Ба гуфтаи оқои Абдусамадов, гурӯҳҳои ташаббускор тавонистанд, ки иҷозати ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳоро дар кишвар барои ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории Толиббек Бухориев, номзади ҳизби аграрӣ дарёфт кунанд. Масъулони ситоди интихоботии Толиббек Бухориев умедворанд, ки қабл аз поёни раванди ҷамъоварии имзоҳо битавонанд, имзоҳои лозима ба тарафдорӣ аз номзади ҳизбро ҷамъоварӣ кунанд.

Аммо ҷамъоварии ин миқдор имзо ба тарафдорӣ аз номзади ҳизби аграрӣ дар ҳолест, ки то кунун ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) то кунун бештар аз 30 ҳазор имзои тарафдоронро ҷамъоварӣ кардааст. Маҳмадалии Ҳайит, раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, вазъ дар муддати чанд рӯзи ахир тағйир накарда ва фишору мавонеъ дар роҳи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад идома дорад.

Вай гуфт, ки "шеваи дигари фишор нисбати гурӯҳҳои ташаббускор рӯи даст гирифта шудааст. Агар қаблан гурӯҳҳои ташабускорро боздошт мекарданд, ҳоло аз таҳдид истифода мешавад ва шиносномаҳои афроде, ки мехоҳанд то ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова имзо диҳанд, гирифта мешавад. Аз сӯи дигар, иддае аз касоне, ки ба тарафдории хонум Бобоназарова имзо гузоштаанд, маҷбур карда мешаванд, то имзоҳои худро пас гиранд." Ба ин далел, ҷаноби Ҳайит мегӯяд, фишору маҳдудият дар роҳи ҷамъоварии имзоҳо зиёд аст, дар ҳоле, ки то поёни ин раванд як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст.

Ба ин тартиб, ба тарафдорӣ аз Талбак Исмоилов, номзади ҳизби коммунист то кунун 27 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст. Худи Талбак Исмоилов сабаби ин амрро ба он рабт медиҳад, ки анҷумани ҳизби коммунист нисбат ба дигар аҳзоб дертар доир шуда ва гурӯҳҳои ташаббускор низ муддати ду рӯзи ахир тавонистанд, имзои раисони шаҳру ноҳияҳоро дарёфт кунанд.

Ба гуфтаи вай, ҳоло 465 нафар дар гурӯҳи ташабускор фаъолият дорад ва онҳо дар бештари навоҳии кишвар ба ҷамъоварии имзо машғул ҳастанд. Аммо ин номзади интихоботӣ пешниҳод дорад, ки матбуоти давлатӣ бояд дар раванди ҷамъоварии имзоҳо барномаҳое омода созанд ва ба мардум фаҳмонанд, ки ҷамъоварии имзоҳо маҷбурӣ нест, балки талаботи қонун аст.

Зеро, мегӯяд Исмоил Талбаков, бештари мардум ҳадафи ин маърака ва зарурати онро дуруст намефаҳманд ва гурӯҳҳои ташабускор ҳангоми ҷамъоварии имзоҳо сарсону саргардон мешаванд.Тибқи тасмими КМИРТ, раванди ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳои интихоботӣ ба таърихи 7 октябр ба анҷом мерасад ва ҳар номзад бояд барои сабти номзадиаш ба КМИРТ дастикам 210 000 имзо бисупорад.

То кунун 7 нафар ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад ҳастанд, ки инҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдон, Саъидҷафар Исмонов, раҳбари ҳизби деморат, Олимҷон Бобоев, раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҳизби коммунист ва вакили порлумон, Толиббек Бухориев, муовини раиси Академияи кишоварзии Тоҷикистон ва Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сотсиалист мебошанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 6 ноябри соли ҷорӣ, ки ӯузи қабули Қонуни Асосӣ аст, баргузор мешавад. Тибқи иттилори КМИРТ, дар саросари кишвар 68 ҳавза ва комиссиюни интихоботӣ таъсис шудааст ва беш аз 4 миллион аз сокини кишвар ҳаққи раъйро доранд, ки ҳудуди 900 ҳазор нафари он дар хориҷ аз кишваранд.
XS
SM
MD
LG