Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Биёянд, якбора ҳамаамонро бикушанд, беҳтар аст" ВИДЕО


Урдугоҳи паноҳандагон дар наздикии шаҳри Ҳирот.
Урдугоҳи паноҳандагон дар наздикии шаҳри Ҳирот.

Хушксолӣ дар Афғонистон садҳо ҳазор нафарро маҷбур кардааст, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва ба маҳалҳое раванд, ки манбае барои даромад дошта бошанд.

Ба гуфтаи созмонҳои имдодӣ, мумкин аст, бештар аз дувуним миллион нафар ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ рӯ ба рӯ шаванд. Дар яке аз ин урдӯгоҳҳо дар наздикии шаҳри Ҳирот 223 ҳазор паноҳанда зиндагӣ мекунад. Ҳамаи онҳо аз хушксолии сахте гурехтанд, ки ҳосили киштзору чорвои онҳоро нобуд кард. Чунин хушксолиро Афғонистон дар солҳои ахир надида буд.

Муҳиддини 35-сола ба ин урдӯгоҳ аз вилояти Бодғис аз ғарби Афғонистон омадааст. Ӯ ба хешовандонаш пайваст, ки аз дасти хушксолӣ ҳамачиро талаф додаанд. Муҳиддин бо кӯдакону зан ва падари пираш дар хайма зиндагӣ мекунанд. Дар урдӯгоҳашон фақат об ҳаст, барои ғизо бояд ба қавле ҷон бикананд.

«Дар ин хайма зиндагӣ карда намешавад. Дишаб хунукии сахте омад, ҳамаи кӯдаконамро мариз кард. Пулам надорем, ки пеши табиб барем. Дигар мо чӣ кор кунем. Аз ин ки биёӣ ҳамаи моро якбора бикушӣ, беҳтар аст» - мегӯяд, Муҳиддин.

Муҳиддин мисли дигар мардуми урдӯгоҳ бекор аст ва хонаводааш аз ҳисоби кӯмакҳои башарии ҳукумат ва созмонҳои хайрия зиндагӣ мекунад. Ҳар як паноҳҷӯ ҳамчунин барои ниёзҳои аввалия кӯмаки якдафъаинаи 80 долларӣ мегирад. Баъдан бояд худашон ҳисобашонро ёбанд.

Ба гуфтаи барномаи озуқаи Созмони Милал дар бисёре аз навоҳии Афғонистон мардум ғизои кофӣ барои хӯрдан надоранд ва бештар аз дуввуним миллион нафар дар вартаи гуруснагӣ қарор доранд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, вазъи мушкил дер давом мекунад.

Маълумоте, ки мо дорем, пешбиниҳое, ки сурат гирифтааст, қарор аст, мо ду соли дигар хушксолиро таҷриба кунем. Аммо қатъан дар раддаҳои боло барои рафъи ин мушкилот қарорҳо қабул мекунем, қатъан ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канори мардуми Афғонистон ҳаст ба хотири рафъи ин мушкилот. Мо ҳам минҳайси давлати Афғонистон аз ҳар тариқи мумкин иқдом мекунем, то ба ин масъала расидагӣ кунем» - мегӯяд, Ҷовид Надим, раиси Бахши кор бо муҳоҷирон дар вилояти Ҳирот.

Ба тахмини сомзонҳои байналмилалии хайрия агар ба Афғонистон фавран кӯмак нарасад, мумкин аст, теъдоди мардуми дар вартаи гуруснагӣ дар соли оянда аз 10 миллион нафар бигзарад. Яъне чаҳор як ҳиссаи мардуми Афғонистон.

XS
SM
MD
LG