Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурбини "Шаҳри бехатар" ситораҳоро ҳадаф қарор дод. ВИДЕО-ПУРСИШ


Акси Сарвиноз Юсуфӣ аз саҳифаи Фейсбукаш гирифта шудааст
Акси Сарвиноз Юсуфӣ аз саҳифаи Фейсбукаш гирифта шудааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳристи овозхонҳои шинохтаро нашр кард, ки ҳангоми нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ ба дурбини “Шаҳри бехатар” афтодаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳристи овозхонони шинохтаи тоҷикеро нашр кард, ки бар асоси маълумоти маркази “Шаҳри бехатар” ба ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд.

Афзалшо Шодиев, овозхони шинохтаи тоҷик ва раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки дар сархати ин феҳрист қарор дорад, аз моҳи ноябри соли гузашта то 7-уми августи соли ҷорӣ бо мошинаш “Тойота-Ланд-Крузер” 27 маротиба қонуни ҳаракат дар роҳро нақз кардааст. Ин овозхон барои 12 мавриди қонунвайронкунияш 2 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст, вале барои 15 ҳолати дигар ҷарима насупоридааст.

Афзалшоҳ Шодиев
Афзалшоҳ Шодиев

Афзалшо Шодиев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи чорашанбе 12-уми август гуфт, аз он ки дурбинҳои назоратӣ қонунвайрокунии ӯро сабт кардаанд, хабар дорад. Ӯ мегӯяд, барои истифода аз мошини ӯ писараш низ иҷозатнома дорад ва эҳтимол дорад ӯ низ ба ҳангоми ҳаракат дар роҳ қонунро нақз кардааст. Вале Афзалшо Шодиев ҳамзамон чунин гуфт: “Дар аксари ҳолат машруткаҳо қатори якумро банд мекунад, аммо бояд ба тарафи “Профсоюз” гардам. Дар ин ҳолат ман маҷбур мешавам, ки хатти дуюмро гузашта, баъд гардам, ки аллакай ин ҳам ҷарима ҳисоб мешавад. Бояд аввал ҳаракати машруткаҳоро танзим кунанд, то ин ки мардум тавонанд бидуни қонунвайронкунӣ ҳаракат кунанд. Чандин қонуне ҳаст, ки то ҳанӯз танзим нашудааст ва мардумро беҳуда ҷарима мебанданд”.

Аммо ин овозхон гуфт, то ҳанӯз дар бораи 15 ҳолати қонунвайронкунӣ барояш маълумотнома наомадааст ва дар сурати дастрас кардани он ҷаримапулиро пардохт хоҳад кард. Зимнан, бар асоси маълумоти маркази назоратии “Шаҳри бехтар”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар феҳрасти вайронкунандагони қоидаи роҳ овозхонҳои дигари тоҷик ҳам ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, дар ин руйхат исми Фарзонаи Хуршед оварда шудааст, ки бо мошинаш “Ренҷ-Ровер” аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи июни имсол 23 бор қонуни ҳаркати роҳро вайрон кардааст. Ин овозхон барои 18 маврид ҳудуди 5 ҳазор сомонӣ ҷарима супоридааст, вале 5 ҳолати дигар ҳанӯз пардохт нашудааст. Баъд аз Фарзона исми Меҳрнигори Рустам меистад, ки ӯ низ аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи августи имсол 19 маротиба ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додааст. Меҳрнигор маблағи 4 мавридро, ки 840 сомонӣ будааст, супорида, 15 ҳолати дигарро пардохт накардааст.

Афзалшоҳи Шодӣ:"Аз ин ба баъд на хато мекунаму ва на ҷарима месупорам!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:45 0:00

Сарвиноз Юсуфӣ: “Ман розӣ нестам”

Сарвиноз Юсуфӣ аз дигар овозхонони тоҷик, ки соҳиби мошини “Мазда–CX7” будааст, аз 1-уми декабри соли 2013 то 22 июли соли 2015 дар роҳҳои пойтахт 8 маротиба қонуни ҳаракатро нақз кардаву, ҳеҷ маблағе пардохт накардааст.

Сарвиноз Юсуфӣ
Сарвиноз Юсуфӣ

Аммо Сарвиноз дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз он ки қоидавайронкунии ӯро 8 маврид ҳисоб кардаанд, розӣ нест. Ӯ мегӯяд, моҳе пеш бевосита худи ӯ барои гирифтани маълумот ба “Шаҳри бехтар” муроҷиат карда буд. Вай мегӯяд: “Ман қонуни ҳаракати роҳро хеле хуб медонам. Чор ҳолате, ки ба номи ман сабт шудааст, дар он ҳолатҳо ман айбдор нестам. Зеро дар қонун омадааст, ки аз чароғак ва дурбин дида, фармони нозири роҳ болотар аст. Зеро вақте нозири роҳ худ фармон медиҳад, ки бояд чароғакро нигоҳ накарда тез ҳаракат кунем, ман дар назар дорам он лаҳзаҳое, ки ягон меҳмони хориҷӣ ва дигар шахсиятҳои воломақом аз роҳ мегузарад, мо ба ин фармон итоат мекунем. Аз ин хотир, ин ҳолатҳо бояд ба назар гирифта шавад ва ҳисоб нагардад. Ҳангоме, ки ман моҳи пеш ба “Шаҳри бехатар” рафтам, худам бевосита қоидавайронкуниҳоямро дар сабт дидам. Ба ман гуфтанд, ки ин 4 ҳолатро ба ҳисоб намегиранд. Ман дилам аз худам пур аст, чун дар роҳ доимо эҳтиёт мекунам”, гуфт овозхон.

Сарвиноз гуфт, дар чор ҳолати боқимонда, ки иштибоҳашро эътироф мекунад, ҳатман ҷарима месупорад.

Шаҳроми Абубакр: «Дар наздиктарин фурсат ҷаримаро пардохт мекунам»

Овозхони дигар Шаҳроми Абубакр низ дар паси рули «Тойота-Королла» аз 23 октябри соли 2014 то 2 июли соли равон 15 маротиба қоидаи роҳро вайрон карда, вале ҳамагӣ барои чаҳор мавриди 700 сомонӣ супоридааст. ВКД мегӯяд, ки Шаҳром дар 11 мавриди вайрон намудани қоидаи роҳ ҷарима пардохт накардааст.

Шаҳроми Абӯбакр
Шаҳроми Абӯбакр

Шаҳром аз соли 2006 ба ин сӯ ронандагӣ мекунад ва ба фарқ аз овозхонҳои дигар, қоил аст, ки гоҳ-гоҳ агар саросема бошад, ба чароғаки сурх эътибор намедиҳад. Аммо ба ин суол, ки чаро то имрӯз маблағи ҷаримаро насупоридааст, Шаҳром гуфт, “Ман дар фикраш ҳастам ва дар наздиктарин фурсат ҳатман пулро месупорам. Албатта хуб аст, ки ҳоло дурбинҳо насб шудаанд ва ҳар нафаре, ки қоидаи ҳаракатро вайрон мекунад, ҷарима баста мешавад. Мо ҳам истисно нестем ва баъзан вақте саросема бошам, чароғаки сурхро мегузарам, аз ҳамин ҳисоб қоидавайронкунии маро дурбинҳо 15 маротиба ҳисоб кардаанд.”

Тавре мушоҳида мешавад, қариб ҳамаи овозхононе, ки исми онҳо ба феҳраст шомил шудааст, соҳиби мошинҳои хориҷӣ ҳастанд. Шаҳроми Абукар мегӯяд, маъмулан чунин мошинҳоро ба овозхонон тӯҳфа мекунанд ва ҳамин мошини ӯро падараш барояш тӯҳфа кардааст.

Шабнами Сураё бо “Порше Кайен”-и худ 5 маротиба қоидаи роҳро вайрон кардааст, вале то кунун маблағи ҷаримаро напардохтааст. Зулайхо Маҳмадшоева аз 3 январ то 9 августи соли равон ба ҳамин далел ҷаримабандӣ шудааст. Тибқи маълумоти низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар», Зулайхо қоидаи роҳро дар се маврид вайрон карда ва 120 сомонӣ ҷарима супурдааст.

Аммо оё чунин қонуншиканиву аз пардохти ҷарима сарпечӣ кардани ҳунармандон то куҷо ба обрӯву маҳбубияти онҳо назди мухлисон таъсир мегузорад? Назари роҳгузарон дар хиёбони марказии Душанбе ба ин мавзӯъ якранг нест. Бархе аз онҳо бар инанд, ки алабатта, қонуншикании овозхони маҳбубашон метавонад эҳтиромашонро камтар кунад, зеро, ба қавли онҳо, ҳунарманд бояд дар ҷомеа намуна бошад.

Абӯалӣ Некрӯзов, як сокини пойтахт мегӯяд, қонун барои ҳама як аст ва риояи он ҳатмист: ”Гаҳвораи овозхонон аз осмон наомадааст, ки ба онҳо гузашт шавад. Аввал бояд кӯшиш кунанд, ки қоидаро вайрон накунанд, аммо вақте онро нақз карданд, бояд маблағро супоранд. Дар сурати ғайр, вақте ин хабар расонаӣ мешавад, албатта ба обрӯи овозхон латма мезанад”, гуфт Абӯалӣ.

Аммо Саодат Салимзода, яке дигар аз ҳамсӯҳбатони сарироҳии мо бар ин аст, овозхонон низ ба мисли дигар мардуми оддӣ саду як мушкил доранд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳ онҳо низ метавонанд қоидаи ҳаракатро вайрон кунанд. Вай гуфт: “Чунин амали онҳо, бо ин вуҷуд, наметавонад боиси он шавад, ки мухлисон аз онҳо дилсард гарданд. Зеро ҳар як нафар пеш аз ҳама ба ҳунару истеъдоди сарояндагон дил мебандад. Аз тарафи дигар, овозхонон ба ҳеҷ куҷо нагурехтаанд ва ҳатман ҷаримаашонро пардохт хоҳанд кард”, гуфт ӯ.

Нашри феҳристи овозхонони қонуншикан дар сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода, вазири ин ниҳод, дар нишасти хабарӣ гуфт, аз рӯзи оғози фаъолияти “Шаҳри бехтар”, яъне аз 1 ноябри соли 2013 то 1 июли соли 2015 аз ронандагон беш аз 40 миллион сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба буҷаи давлатӣ ворид карда шудааст.

Пурсиши сарироҳии радиои Озодиро дар ин мавӯъ тамошо кунед:

Оё беэътиноӣ ба қоидаҳои роҳ эътибори ҳунармандонро поин хоҳад бурд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

XS
SM
MD
LG