Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсона Акобиршоева барандаи ҷоизаи ҷасорати журналистӣ шуд. ВИДЕО


Журналист ва наворбардори Радиои Озодӣ Афсона Акобиршоева 3 май, дар Рӯзи озодии матбуот, ҷоизаи нашрияи "СССР" - "Барои ҷасорати касбӣ"-ро гирифт.

Ҷоизаи Акобиршоева ва журналистони дигар дар маҳфиле бахшида ба Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе супурда шуд. Дар ин маросим дар маҷмӯъ 10 хабарнигори тоҷик соҳиби ҷоизаҳои вижа шуданд.

Шӯрои Васоити ахбори омма ва созмонҳои дигари журналистӣ дар Тоҷикистон - масъули баргузории ин нишаст буданд. Ҷоизаи аслӣ, ки "Барои эътимод" дода мешавад, насиби Манижа Қурбонова -- хабарнигори ҳафтаномаи “Азия Плюс” шуд. Ба гуфтаи ташаббускорон, барандаи ин ҷоиза дар асоси овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз миёни 9 номзад интихоб шуд.

Имсол ба фарқ аз солҳои гузашта дар рӯзи озодии баён созмонҳои журналистӣ ва ҳафтаномаҳои мустақил ҳам имкон пайдо карданд, ки ҷоизаҳои вижаи худро ба хабарнигорон тақдим кунанд.

Ҳафтаномаи "СССР" ҳам дар ин маросим чор ҷоиза, аз ҷумла ҷоиза барои ҷасорат, ҳамраъйии журналистон ва рушди журналистикаи музофотро пешниҳод кард. Сайёфи Мизроб, сардабири СССР ва узви шӯрои ВАО ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз ҷумла, ҷоиза барои ҳамраъйӣ ба Қурбони Аламшо ва барои рушди журналистикаи музофот ба Носирҷони Маъмурзода тақдим шуд. Инҳо воқеан афроде ҳастанд, ки дар 6 моҳи ахир барои рушди журналистика корҳои зиёде кардаанд.”

Ҷоизаи ҷасорати журналистии ҳафтаномаи СССР ҳам ба Афсонаи Акобиршо, хабарнигори радиои Озодӣ тақдим шуд. Сайёфи Мизроб сардабири ин ҳафтанома мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба талошҳои Афсона ҷиҳати ҳимоя аз ҳуқуқи занони Тоҷикистон дар як соли гузашта, ҷоизаи ҷасорат насиби ӯ дониста шуд.

Моҳи марти соли равон Афсона барои «саҳмаш дар рушди ҷомеа» бо ҷоизаи “Топ-50” ё хушсалиқаҳои пойтахт қадрдонӣ шуд. Ӯ ҳамкориро бо Радиои Озодӣ аз соли 2016 шурӯъ кардааст.​

Акобиршоева аз нахустин духтароне буд, ки барои озори лафзӣ дар хиёбонҳои Душанбе ба пулис шикоят бурд. Ӯ моҳи августи соли 2018 дар кӯчаи марказии Душанбе мавриди ҳамлаи лафзиву бадгуфторӣ ва ҳаракатҳои таҳқиромези чанд ҷавон қарор гирифт. Ҳамон замон тасмим гирифт, ки ором набошад ва ба пулис расман шикоят кард. Додгоҳ ҷавононро водор намуд, ки аз ӯ узр пурсанд ва ҷарима пардохт кунанд.

Афсона Акобиршоева гуфт, бо ин амалаш фақат мехост аз бадрафторӣ дар кӯчаҳои Душанбе ва озори лафзии мардон нисбат ба духтарону занон ҷилавгирӣ кунад. “Мехостам ба духтарони ҷавон нишон диҳам, ки қонун ҳаст ва онҳо метавонанд дар ҳар ҳолат аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд. Бисёр мехоҳам, занони мо хуб дарк кунанд, ки касе ҳақ надорад ҳуқуқи онҳоро поймол кунад”, - афзуд ӯ.

Ин рафтори Афсона Акобиршоева боис ба баҳси зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот шуд. Баъди чанде гурӯҳи дигари занону духтарон аз мақомот хостанд, ки барои ҷилавгирӣ аз озори занон дар хиёбонҳо даст ба кор шаванд. муроҷиат карданд.

Ин нахустин чунин маъракаи ҷамъиятии бозе буд, ки духтарони тоҷикро водор кард дар мавзӯи озори лафзиву таҳқир дар кӯчаву хиёбонҳо садо баланд кунанд. Пулиси Душанбе соли 2018 чанд ҳолати боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани мардони озордиҳандаи занонро расоанӣ кард.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG