Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Абдулоҳ иддао кард, ки дар интихобот пирӯз шудааст. ВИДЕО


Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон, бар асоси ҳисобҳои аъзои тимаш иддао кард, ки дар интихоботи президентии рӯзи 28-уми сентябр баранда шудааст. Вай рӯзи душанбе дар нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, "мо раъйи бештар гирифтем ва интихобот ба даври дувум кашида нахоҳад шуд".

Дар интихоботи Афғонистон 15 номзад рақобат карданд, вале номзадҳои аслӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон буданд.

Ашраф Ғании 70-сола ва Абдуллоҳ Абдуллоҳи 59-сола ҳукумати ваҳдати миллиро раҳбарӣ мекунанд, ки тафриқаи зиёд дар он вуҷуд дорад. Ҳукумати ваҳдати миллӣ баъд аз интихоботи баҳсбарангез ва олуда ба тақаллуби соли 2014 бо миёнҷигарии Амрико ташкил шуд.

Ашраф Ғанӣ намояндаи қавми паштун аст, ки дар Ғарб таҳсил кардааст ва вазири молияи Афғонистон ҳам буд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, табиби чашм яке аз аъзои баландпояи Ҷабҳаи Шимол, гуруҳи мухолифи Толибон бештар дар байни тоҷикони Афғонистон обрӯ ва тарафдори зиёд дорад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пештар ҳушдор дода буд, ки интихоботи кунунӣ бояд поктар бошад. ​Ӯ гуфт, "нигаронии асосӣ ин аст, ки агар интихоботи мисли соли 2014 саршор аз тақаллуб бошад, он паёмад хоҳад дошт."

Дар интихоботи Афғонистон танҳо 20% иштирок кардаанд

Ходимони Комиссияи интихоботи Афғонистон ба ҳисоби овозҳои интихоботи президентии хушунатбор ва саршор аз ташвиши амниятӣ оғоз кардаанд. Аз минтақаҳои дурдаст қуттиҳои овоздиҳиро бо истифода аз хар интиқол додаанд ва барои ҳисоби пешакии раъйҳои интихоботи президентии 28-уми сентябр тахминан ду ҳафта зарур мешавад.

Муҳаммад Аваз, як сокини Афғонистон, мегӯяд, "ба умеди барқарории сулҳу амният ва поёни низоъ ва хунрезӣ дар кишвар раъй додам."

Дар рӯзи интихобот чанд ҳамлаи хунин ҷой дошт. Баъд аз қатъи музокироти сулҳ бо Амрико, Толибон ҳушдор дода буданд, ки интихоботро халалдор мекунанд.

Дар яке аз масҷидҳои Қандаҳор, ки ҳамчун ҳавзаи раъйдиҳӣ истифода мешуд, таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар Кундуз камаш 5 афсари амниятӣ ба ҳалокат расида, 30 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамла ба нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Кобул ва Ғазнӣ ҳам ҷой дошт.

Барои таъмини амният дар ҳавзаҳои интихоботӣ тахминан 72 ҳазор афсари амниятӣ сафарбар шуда буд. Нозирони интихобот мегӯянд, вазъият имкон дошт, аз он ҳам бадтар шавад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Дар интихоботи Афғонистон танҳо 20 дарсади раъйдиҳандагон ширкат кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Шаҳрзод Акбар, узви Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, гуфт, “вазъият дар ҳавзаҳои интихоботӣ беҳтар аз он буд, ки мо интизор доштем. Нигаронии амниятӣ зиёд буд ва, ба фикрам, он ба ширкати раъйдиҳандгон дар овоздиҳӣ таъсир гузошт.”

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, раъйдиҳандагон дар интихоботи президентӣ фаъол набуданд ва дар овоздиҳии 28-уми сентябр ҳамагӣ наздик ба 20 дар сади овоздиҳандагон иштирок кардаанд.

Ҳамидуллоҳ Муҳиб, мушовири Хадамоти амнияти Афғонистон гуфт, “фарқ надорад, ки чанд кас овоз дод. Сарфи назар аз омор раъйдиҳандагон таҳдидро нодида гирифта, нишон доданд, ки мехоҳанд ояндаи худро зери назорат дошта бошанд ва президенти ояндаи кишварро интихоб кунанд.”

Гуфта мешавад, иштироки занон суст будааст. Бисёриҳо намехостанд, ки акси биометрии онҳо гирифта шавад.

Баъд аз фурӯпошии ҳукумати Толибон дар соли 2001-ум мардуми афғон чаҳор дафъа раисҷумҳур интихоб кардааст.

Пешбинӣ мешавад, ки натиҷаи ниҳоии интихоботи президентии Афғонистон 7-уми ноябр эълон хоҳад шуд. Агар кадом яке аз номзадҳо беш аз 50 дар сади раъйро касб накунад, ду номзади пешдаст 23-уми ноябр дар даври ниҳоии овоздиҳӣ рақобат хоҳанд кард.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG