Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории вазири дифоъ ва раиси Ситоди артиши Афғонистон. ВИДЕО


Раёсати ҷумҳури Афғонистон эълом кард, ки президент Муҳаммад Ашраф Ғанӣ истеъфои вазири дифоъ ва сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи он кишварро пазируфтааст. Давохон Минапол, муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 24 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазири дифоъ Абдулло Ҳабибӣ ва раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар Қадамшоҳ Шаҳим дар робита ба ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъаи гузашта ба пойгоҳи низомии Шоҳин-209 воқеъ дар вилояти Балх, истеъфо доданд.

Аммо як манбаъ дар ҳукумат, ки нахост номаш фош шавад, рӯзи 24 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдуллоҳ Ҳабибӣ -- вазири дифоъ, Қадамшоҳ Шаҳим -- сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ва се фармондеҳи баландпояи пойгоҳи низомии Шоҳин-209 воқеъ дар вилояти Балх, дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба ин пойгоҳи низомӣ, барканор шудаанд.

Дар ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъа ба пойгоҳи артиши миллии Афғонистон дар вилояти Балх 140 нафар кушта ва 60 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Вай гуфт, ки се фармондеҳи ин пойгоҳи низомӣ баъдан барои анҷоми таҳқиқот ба додситонӣ муаррифӣ хоҳанд шуд. Қарор буд вазири дифоъ ва бархе дигар аз мақомоти амниятии дигар рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи парлумони мавриди суолу ҷавоб қарор бигиранд.

Барканории ин афрод дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъа ба пойгоҳи артиши миллии Афғонистон дар вилояти Балх 140 нафар кушта ва 60 тани дигар маҷруҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо Толибон бар ӯҳда гирифтааст. Давлати Афғонистон ба хотири арҷгузорӣ ба қурбониён якшанберо рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва дар ин рӯз парчами Афғонистон дар дохилу намояндагиҳои расмиаш дар хориҷ нима барафрошта шуд.

Ниҳодҳои амниятии Афғонистон аз ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъа ба як пойгоҳи артиши миллии ин кишвар дар вилояти Балх аз қабл иттилоъ дошта ва масъулини пойгоҳро чандин бор огоҳ карда будаанд.

Як манбаи муътамади амниятӣ ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 23 апрел ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, бояд чораҳои пешгирӣ аз ин ҳамла гирифта мешуд. Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои дарёфтӣ, панҷ масъули пойгоҳи артиши миллии Афғонистон дар Балх дар робита ба ҳамлаи рӯзи ҷумъа боздошт ва мавриди бозҷӯӣ қарор доранд.

Вазири дифои Афғонистон Абдулло Ҳабибӣ аз тими президент Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай намояндагӣ мекард ва генерал Қадамшоҳ Шаҳим, ки зодаи вилояти Бадахшон аст, аз тарафи тими раиси ҳукумати иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ин мақом пешниҳод шуда буд. То ба ҳол дақиқ нест, ки чӣ касе дар ин ду мақом ҷойгузини Абдулло Ҳабибӣ ва Қадамшоҳ Шаҳим хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG