Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Ифтихор ва умедвории афғонҳои ҷавони муқими Тоҷикистон


Гурӯҳе аз паноҳҷӯёни афғони муқими Тоҷикистон
Гурӯҳе аз паноҳҷӯёни афғони муқими Тоҷикистон

Ҷавонони афғони муқими Тоҷикистон мегӯянд, таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ умеди онҳо барои бозгашт ба як Ватани орому ободро бештар мекунад.

Аксари ҷавонони афғони муқими Тоҷикистон аз таъсиси ҳукумати нав дар Афғонистон истиқбол мекунанд ва ба ояндаи рӯшантаре баъди рӯи кор омадани ҳукумати ваҳдати миллӣ бовар доранд.

Ин ҷавонон, ки ноамниҳои Афғонистон онҳоро ба Тоҷикистон муҳоҷир кардааст, умедворан, бо таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ барояшон имкони бозгашти дубора ба ватан даст хоҳад дод.

Саидматеулло Тавҳидӣ, як ҷавони афғоне, ки бо аҳли хонаводааш чанд сол боз дар Тоҷикистон муқим шудааст, мегӯяд, агар ҳукумати нави ин кишвар ба ваъдаҳои додаашон вафо кунанд, Афғонистон метавонад, як кишвари ором ва барои шаҳрвандонаш макони осудаи зиндагӣ шавад. Ин ҳамсӯҳбати ҷавони мо гуфт, иллати аслии таҳсилу зиндагӣ дар Тоҷикистон ва дурӣ аз хешовандонаш нооромиҳои Афғонистон буд, вале акнун умеди бозгашти дубора ба ватан ва дидори наздиконаш бештар шудааст. Тавҳидӣ мегӯяд: “Бовар дорам, раҳбарони ҷадиди ҳукумати Афғонистон ин корро хоҳанд, кард, ки занону ҷавонон ва духтарони аз таҳсил дурмонда тавонанд озод ва ба таври дилхоҳ таҳсилу зиндагӣ кунанд. Вақте дар Афғонистон субот ҳукмфармо мешавад, афғонҳое ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон паноҳандаву муҳоҷир шудаанд, дубора ба Ватан бармегарданд.”

Ифтихору умеди афғонҳои муқими Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Ҳарчанд ҷавонони афғон ба тавофуқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ хушбин ҳастанд, вале мегӯяд, ин хушбинӣ дар сурате ба миёни меояд, ки агар ду сиёсатмадор ба нафъи ин кишвари солҳо ҷангзада биандешанд ва байнашон рақобати солим ба вуҷуд биёяд. Ҷаъфар Саршор, яке дигар аз ҷавонони афғоне, ки дар Душанбе зиндагӣ ва таҳсил мекунад, мегӯяд, интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ду давра сурат гирифта, ба далели иддао дар бораи тақаллуби зиёд эълони натиҷаҳояш чунни дер давом кард. Вале, ба гуфтаи ӯ, ин ҳама талошҳои мардуми афғон беҳуда нест ва тағйироти ҷиддие дар ин кишвар ва дар зиндагии мардуми оддӣ ба вуҷуд хоҳад омад.

Ба фарқ аз донишҷуёну пажӯҳишгарон, паноҳандагони афғон аз афзоиши қавмгароӣ дар ин кишвар нигаронанд. Ҷаъфар Саршор мегӯяд, қавмгароӣ дар Афғонистон хатарноктар мешавад таъсиси ҳукумати ваҳдати миллиро низ ӯ як намунаи ҷиддии афзоиши қавмгароӣ медонад. Ба бовари ӯ, аксари афғонҳое ки дар Тоҷикистон муқим шудаву ба тиҷорат машғул ҳастанд, адами амният, набуди шароити пешбурди кору зиндагӣ, ҳокимияти туфанг ва мавҷудияти гуруҳҳои боқимондаи Толибон ва Ал-Қоидаро дар Афғонистон аз омилҳои аслии барнагаштани худ ба Ватан меҳисобанд. Ва мегӯянд, бояд ҳукумати нави Афғонистон ин омилҳоро аз байн бубарад.

Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор шаҳрвандони афғон ба сар мебаранд. Аксари онҳо аз он ифтихор мекунанд, ки бо вуҷуди шароити ҷангзадае, ки қариб 40 сол боз аз гиребони Афғонистон сар намедиҳад, ин кишвар тавонист интихоботи пуррақобате барпо кунад, ки кишварҳои ҳамсояаш ҳатто дар шароити сулҳу оромӣ ба роҳандозии чунин маъракае то ҳол ҷуръат намекунанд.

XS
SM
MD
LG