Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

П.Мафтун: “Мехоҳам бо ҳунармандони тоҷик ҳамкорӣ кунам”


Панҷшанбе
Панҷшанбе

Панҷшанбе Мафтун, барандаи ҷои дуюми озмуни имсолаи мусиқии “Ситораи афғон” аз шаҳри Кобул ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Панҷшанбе Мафтун – овозхони худрӯе аз Бадахшони Афғонистон соли ҷорӣ дар як рақобати шадиде барандаи ҷои дуюми озмуни “Ситораи афғон” шуд. Вай 23 сол дошта, дар Ишкошим ба дунё омадааст, баъди хатми мактаби миёна ҳоло дар соли аввали донишгоҳи “Саломи Афғонистон” дар риштаи ҳуқуқ таҳсил мекунад.

Ӯ ки дар як хонаводаи деҳқони бадахшонӣ ба воя расидааст, мегӯяд, муҳаббаташро ба оҳангу суруд падар бедор кардааст. Ҳоло орзуи падар ин аст, ки ӯ ба як мартабаи баланди ҳунарӣ бирасад. Фарзанди сеюми як хонаводае иборат аз 5 писару як духтар Панҷшанбе ҳоло мехоҳад дар баробари касби ихтисоси ҳуқуқшинос, ҳамчунин ба ҳайси як овозхон шӯҳрати бештар касб кунад.

Иштироки ӯ дар озмуни телевизионии “Тулӯъ”, ки бар асоси овоздиҳии тамошобинон баргузор мешавад, барояш маъруфияти зиёд овард. Ӯ худро “як овозхони маҳаллихон мегӯяд”, ки оҳангҳои мардумиро бо оҳанги хоси мардуми Бадахшон ва бо ғижжаку тамбӯр ва зербағалӣ иҷро мекунад. Вай мегӯяд: “Ҳоло бисёр машҳур шудаам дар миёни мардум, аз ин чиз хеле хушҳолам. Дар хиёбонҳо ҳам зиёд мешиносанд, наздам омада ҳамроҳам акс мегиранд. Ман воқеан ҳам хеле ташвиқ шудам”, гуфт ӯ.

Вай шод аз он аст, ки дар миёни тарафдорони ӯ нафарони зиёд аз Тоҷикистон ҳам буданд, ки ҳам барояш телефон мекарданд ва ҳам дар Facebook ва ҳам имейл паём мегузоштанд. Панҷшанбе мегӯяд, кори мусиқиро бо мурури замон идома медиҳад ва умедвор аст, ки бо андӯхтани таҷрибаи бештар метавонад рӯзе бо овозхонҳои тоҷик ҳам ҳамкорӣ кунад.

“Ман чандон шинохти бо кори овозхонҳои тоҷик надорам, оҳангҳои Давлатманди Холро мешиносам. Вале орзу дорам, ки рӯзе мешавад бо ҳунармандони тоҷику афғон ҳам ҳамкорӣ дошта бошам”, гуфт ӯ. Аз миёни ҳунармандони афғон ба эҷодиёти Аҳмад Зоҳир, Фарҳоди Дарё, Ваҳид Қосимӣ алоқаи бештар дорад, чун, ба гуфтааш, бо самимияти зиёд дар бораи ватану меҳан оҳанг иҷро кардаанд.

Вай мегӯяд, орзу дорад Афғонистон ҳамеша орому обод бошад, то ки мардум битавонанд дар амалҳои худ озод бошанд, ормонҳои худро бароварда созанд ва ҷангу ҷидол хотима ёбад: “Мехоҳам занҳои овозхон ҳам шароит дошта бошанд, ки ҳунарнамоӣ кунанд ва агар бихоҳанд, ки садояшон шунида шавад, бигузор бихонанд ва паёми худро тавассути оҳанг баён доранд”, гуфт ӯ.

Зимнан, худи Панҷшанбе, ки гоҳо ба маросимҳову арӯсиҳо даъват мешавад, танҳо дар маҳфили мардон суруд иҷро мекунад, ҳарчанд таъкид мекунад, ки чунин маҳфилҳо зиёд нестанд. Рӯзҳои наздик телевизиони “Тулӯъ” оҳанги нави ӯро ба тамошобинон тақдим мекунад.

XS
SM
MD
LG