Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустое, ки шоҳиди таркиши "модари тамоми бомбҳо" шуд ВИДЕО


Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми апрел ба рустои Шадал Бозор дар наздикии шабакаи нақбу ғорҳо ва паноҳгоҳи тундравоне рафтанд, ки Амрико бо партоби бомби азиме онҳоро нобуд кард.

Барои маҳви паноҳгоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ, Амрико рӯзи 13-уми апрел бомби GBU-43/B- ро ба кор бурд, ки бузургтарин бомби ғайриҳастаӣ аст ва онро “модари ҳамаи бомбҳо” меноманд. Дар натиҷаи ин зарба ба гуфтаи мақомоти Афғонистон 100 ҷангҷӯ кушта шуданд.

Артиши Амрико дар вилояти Нангарҳор ҷангчӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломиро ҳадаф гирифтанд, ки бо истифода аз ин нақбу ғорҳо ба ҳар самт пинҳонӣ ҳаракат карда ва нерӯҳои афғон ва хориҷиро ҳадаф мегирифтанд.

Мақомоти афғон мегӯянд, дар ин ҳамла 94 нафар ифротгаро кушта шуданд ва касе аз ғайринизомиён осеб надидааст. Ашраф Ғанӣ аз партоби бомб ҳимоят кард ва гуфт, ки ин кор бо ҳамоҳангии ҳукумати Афғонистон сурат гирифтааст.

Аммо бархе дигар аз истифодаи бомби қавӣ дар Афғонистн интиқод карданд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури собиқи кишвар ва аз мунтақидони Амрико ва ҳукумати Амрико Ашраф Ғаниро “хоин” номид ва гуфт, ки барои “сарнагун кардани Амрико” дар Афғонистон талош хоҳад кард.

Рустое ки шоҳиди таркиши "модари тамоми бомбҳо" шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Ӯ рӯзи 15-уми апрел дар як чорабинии оммавие гуфт: “Агар ҳукумат иҷозаи ин корро дода бошад, пас нодуруст кардааст ва ба миллат хиёнат кардааст.” Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар посух ба ин суханон гуфт, “Ҳар як афғон ҳаққи гуфтани андешаашро дорад. Ва инҷо кишвари озодии баён аст.”

Гурӯҳи ифротгарои ба ном Давлати исломӣ дар солҳои гузашта ба Афғонистон роҳ ёфт ва Толибони дилсардшудаи покистонӣ ва афғон ва ҳам ҷангҷӯёни хориҷиро ба сафи худ ҷалб кард.

Аммо ҳоло зери ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Амрико мондааст ва дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои афғон ҳам манотиқеро, ки зери назорат дошт, аз даст медиҳад.

XS
SM
MD
LG