Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҷозибаи чапон ва кулоҳи қарокӯлии Карзай идома наёфт?


Ҳомид Карзай баъд аз даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури дар ҳафтаи оянда, аз қудрат канор хоҳад рафт ва ба ин тартиб роҳ барои интиқоли демократии қудрат дар Афғонистон фароҳам мешавад.

Поёни интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон оғози кори як ҳукумати нав дар ин кишвар баъд аз сездаҳ соли раҳбарии Ҳомид Карзай бар Арки Кобул хоҳад буд, ки бо ҳимояи Амрико ба дунболи сарнагунии Толибон дар соли 2001 ба қудрат расид.

Акнун равобити Карзай бо Амрико тақрибан аз байн рафта, режими ӯ ба фасоди густурдаи идорӣ муттаҳам шуда ва Афғонистон дар остонаи хуруҷи нерӯҳои НАТО ва коҳиши кӯмакҳои байналмилалӣ то ҳанӯз ба таҳдидҳои мухолифони мусаллаҳ рӯбарӯ аст.

Бетте Дам, нависандаи ҳолландӣ, ки барои навиштани китобаш бо Ҳомид Карзай мусоҳиба анҷом додаааст, мегӯяд, ӯ дар талоши ҷустуҷӯи роҳҳоест, то нуфузашро густариш диҳад ва ба афроди шабакаи худ кӯмак кӯмак кунад, ки дар қудрат бимонанд. Хонум Дам гуфт, ки аксари волиҳо ва мақомоти ҳукуматӣ дар ин маврид бо Ҳомид Карзай дар тамосанд.

Ҳомид Карзай замоне ба ҳайси раиси ҷумҳури Афғонистон таъйин шуд, ки 44-сола буд ва сӯҳбатҳои равони вай ба забони англисӣ, чапон ва кулоҳи қарокӯлиаш таваҷҷӯҳи раҳбарони ҷаҳонро ҷалб намуд ва ӯ тавонист, ки баъд аз 11 сентябри соли 2001 Амрикоро мутмаин созад, ки ӯ метавонад як шарики хуб он кишвар дар мубориза бо шӯришиён бошад.

Аммо бинобар идомаи фаъолияти мухолифони мусаллаҳ дар як даҳаи ахир, афзоиши талафот ва хароҷоти бесамари миллиардҳо доллар кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ин ҷаззобияти ӯ дигар идома наёфт. Акнун баъд аз ду давраи кориаш ба назар мерасад, ки ӯ омода аст боз ҳам дар ҳукумати ояндаи Афғонистон нақш дошта бошад.

Аммо ин, ки Ҳомид Карзай чӣ нақшеро дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ифо хоҳад кард, ба ҷонишини ӯ вобастагӣ дорад. Ҳам Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ҳам Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар маъракаи интихоботӣ гуфтанд, ки дар сурати пирӯз шудан, аз зарфиятҳои Ҳомид Карзай дар ҳукумати худ истифода хоҳанд кард.

Эймал Файзӣ, сухангӯи Ҳомид Карзай ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки "Ҳомид Карзай ба ҳайси раиси ҷумҳури бознишаста ва як шаҳрванди одии Афғонистон дар хизмати мардум ва агар аз вай хоҳиш шавад дар хизмати раиси ҷумҳури оянда хоҳад буд."

Вадир Софӣ, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Кобул дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки Ҳомид Карзай дар ҷаласа бо иштироки устодони донишгоҳ низ гуфт, ки мехоҳад ба ҳайси мушовири раиси ҷумҳури оянда кор кунад:

"Ӯ талош мекунад ба шевае дар як бахше аз қудрат боқӣ бимонад ва ҳамчунон ишора кард, ки мехоҳад мушовири раиси ҷумҳури оянда бошад. Нақшеро, ки ӯ мехоҳад адо кунад, чунон ки овоза аст, мушовири раиси ҷумҳур дар бахши музокирот бо Толибон мебошад."

Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон дар моҳи декабри соли гузашта дар нишасте дар Ҳинд гуфт, ӯ мехоҳад як шаҳрванди оддӣ бошад, то битавонад ба таври озод гаштугузор кунад.
XS
SM
MD
LG