Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Толибон захмӣ шудааст


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари гурӯҳи Толибон бар асари тирандозӣ дар пайи як ҷанҷоли лафзӣ дар нишасти фармондеҳони ин гурӯҳ дар Покистон захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари гурӯҳи Толибон дар асари тирандозӣ, ки пас аз як ҷанҷоли лафзӣ миёни фармондеҳони ин гурӯҳ дар шаҳри Куветтаи Покистон сурат гирифтааст, ҷароҳат бардоштааст. Таърихи дақиқи ин ҳодиса маълум нест. Мақомоти афғон гуфтаанд, ки ин ҳодиса далели ихтилофи сахт миёни гурӯҳҳои мухталифи Толибон аст.

Султон Файзӣ, мушовири матбуотии Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 3 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Мулло Ахтармуҳаммад Мансур шадидан захмӣ шуда ва ба бемористон интиқол дода шудааст". Ин мақоми афғон гуфтааст, ки бар пояи хабарҳое, ки ба онҳо расидааст, Мулло Ахтармуҳаммад Мансур дар асари як даргирӣ дар 25-километрии шаҳри Куветтаи Покистон захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи Файзӣ, дар натиҷаи даргирӣ панҷ тан, аз ҷумла як мақоми баландпояи пешини ин гурӯҳ бо номи Абдуллоҳи Сарҳадӣ кушта шудаанд. Гуфта мешавад, Абдуллоҳи Сарҳадӣ, ки бо Мулло Ахтармуҳаммад Мансур вориди муноқишаи лафзӣ шуда буд, кушта шудааст.

Ниҳодҳои амниятии Афғонистон то ба ҳол дар ин робита изҳори назар накардаанд. Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, дар тамос ба расонаҳо ин хабарро рад карда ва рух додани чунин даргириро такзиб кардааст. Аммо як манбаъ дар гурӯҳи Толибон дар гуфтугӯ бо BBC, захмӣ шудани раҳбари ин гурӯҳро таъйид кардааст.

Пас аз марги Мулло Муҳаммад Умар, ихтилофоти зиёде дар раҳбарии Толибон ба вуҷуд омад. Гурӯҳи асосии Толибон ба Мулло Ахтармуҳаммад Мансур байъат карданд ва афроди норозӣ Мулло Муҳаммадрасулро ба раҳбарӣ баргузиданд.

Баҳси раҳбарии Толибон 4 моҳ пеш, баъди он оғоз ёфт, ки мақомоти иктишофии Афғонистон гуфтанд, асосгузор ва раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар ҳанӯз ду сол пеш аз олам рафтааст. Толибон ба дунбол ин хабарро тасдиқ карданд.

Дар як нишасти оҷилан даъватшуда муовини Мулло Умар – Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур – раҳбари нави Толибон интихоб шуд. Вале бисёре аз фармондеҳони бонуфузи ин ҷунбиш, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, аз ин ба хашм омаданд, ки Мулло Мансур марги Мулло Умарро пинҳон кардааст.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ихтилофот дар дохили ҷунбиши Толибон метавонад музокироти сулҳи байни ин гурӯҳ ва ҳукумати Афғонистонро латма зада, дар дурнамо ба ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” имкони густариши нуфузаш дар Афғонистон ва минтақаро фароҳам биорад.

Толибон як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки дар миёнаҳои солҳои 90 зуҳур кард ва дар соли 1996 бо тасарруфи Кобул аз таъсиси “Аморати исломии Афғонистон” хабар дод. Режими Толибон, ки то поёни соли 2001 бар Афғонистон, ба истисное қисматҳое дар шимоли ин кишвар, ҳукумат ронд, бо сиёсатҳои тундравонааш, аз ҷумла бо ҷорӣ кардани меъёрҳои шадиди Шариат, лағви ҳаққи занон ба кор, таъқиби дигарандешон ва ҳамчунин бо иқдомҳои ваҳшатангезе, чун таркондани ҳайкалҳои бостонии Буддо дар Бомиён, ном бароварда буд.

Дар поёни соли 2001, баъди онки Толибон аз супурдани раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоден ва дигар афроди гумонбар дар ҳамлаҳои террористии 11 сентябр сарпечӣ кард, эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико вориди Афғонистон шуд ва Толибонро аз Кобул ронд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовимати мусаллаҳонааш алайҳи нирӯҳои эътилоф ва Урдуи давлатии Афғонистон идома дод ва дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар поёни соли 2014 дар саҳнаи Афғонистон хеле фаъолтар шудааст.

XS
SM
MD
LG