Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тапиш Турёлай: Ман Тоҷикистонро интихоб кардам


Тапиш Турёлай, овозхони афғон, дар шаҳри Душанбе маркази мусиқие таъсис кардааст, ки барои ҷавонон ҳунари навохтани гитор ва ҳам иҷрои оҳангҳои замонавиро омӯзиш медиҳад.

Тапиш Турёлай, овозхони афғон дар Душанбе маркази ҳунарҳои мусиқиро ифтитоҳ кардааст. Ин маркази мусиқӣ дар дохили як мағозаи хурд дар маркази пойтахт ҷойгир буда, илова ба омӯзиши ҳунари мусиқӣ, дар ин марказ имкони харидории ҳама намуди васоили мусиқӣ фароҳам аст.

Тапиш Турёлай, ки панҷ соли пеш барои кору зиндагӣ ба Тоҷикистон омад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз замони хурдсолӣ ба навозиши гитор майл дошт ва ҳамакнун 17 сол аст, гитор менавозад ва дар ин баробар нозукиҳои ин навъи мусиқиро ҳамчун устод ба ҳаводоронаш таълим медиҳад.

Тапиш Барёлай: Ман Тоҷикистонро интихоб кардам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

Ин овозхон гуфт, қаблан аз Афғонистон ба Эрон ва Покистон рафта солҳо онҷо зиндагиву кор кардааст. Аммо баъдан барои худ Тоҷикистонро беҳтар дониста, ин ҷоро барои кору зиндагӣ интихоб кардааст.

“Албатта, вақте дар Афғонистон зиндагӣ мекардем, шабу рӯз зиндагии мо якранг идома дошт ва аз чунин муҳит каме хаста шудем ва гуфтам бояд ҷое равам, кишвареро интихоб кунам, ки бо фарҳанги ман мувофиқ бошад. Ин интихоб рӯи Тоҷикистон буд”-мегӯяд ӯ.

Тапиш Турёлай: Ман Тоҷикистонро интихоб кардам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Тапиш Турёлай, яке аз созмондиҳандагони барномаи "Ситораи афғон"-и телевизони хусусии "Тулӯъ" дар Афонистон аст. Ӯ фориғултаҳсили риштаи технологӣ буда, мактаби мусиқиро дар Покистон хатм кардааст.

Ин овозхони афғон дар ин авохир таронаеро бо номи “Ҷони бародар” сурудааст, ки бозгӯи фарҳангу ҳамзабонии кишварҳои Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон аст.

Ҳоло Тапиш Турёлай дар Тоҷикистон бо овозхонҳои саршиноси тоҷик мисли Шабнами Сурайё, Садриддин Наҷмиддин ва Баҳром Ғафурӣ ҳамкорӣ дорад. Ӯ замоне овозхони номдори тоҷик Манижа Давлатоваро дар консераташ ба Афғонистонро ҳамроҳӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG