Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҳо соҳиби зини нав, занҳои ҳомила соҳиби "ёрии таъҷилӣ"


Зиндагӣ дар кӯҳистон душвор аст, ҳомиладорӣ дар кӯҳистон аз он душвортар. Аммо истилоҳи “ҳомиладории душвор” ахиран дар Афғонистон комилан мазмуни дигар касб кард.

Дар ҳоле, ки роҳҳои касногузари кӯҳи ва набуди нақлиёти муносиб барои интиқоли занҳои ҳомила ба бемористон боиси афзоиши маргумири модару кӯдак шудааст, на чархбол, на зиреҳпӯш, балки сандалиҳои роҳат ва харҳои боркаш ба доди занҳо расидаанд.

Афғонистон аз ҷиҳати маргу мири кӯдак дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кардааст. Ҷолиб аст, ки таҷамуъи бештари харҳо низ дар ҳамин кишвар мушоҳида шудааст.

Ба хотири роҳату беозор то ба бемористон расонидани зани ҳомила тарроҳи созмони хайрияи “HealthProm”, Питер Макле сандалии вежаеро ихтиро кард, ки бо он харро зин мезананд, зани ҳомиларо ба сандалӣ менишонанд ва аз роҳҳои душворгузари кӯҳӣ то таваллудгоҳ мабаранд.

+

Питер Макле мегӯяд, ихтирои ӯ мушкили занҳои ҳимиларо осон мекунад ва онҳоро беозор то марказҳои тиббӣ мерасонад. “HealthProm” дид ки занҳои кӯҳистон имкони сафар ба марказҳои тиббиро надоранд ва аз ночорӣ дар хона бача ба дунё меоварданд. Мусаллам аст, ки бача ба дунё овардан дар марказҳои тиббӣ нисбат ба тавалдҳои хонагӣ бехатар аст”- мегӯяд Питер Макле.
Таваллудҳои хонагӣ дар аксар маврид бо печидагиҳо сурат мегиранд ва хатари марги модару кӯдакро ба воқеъият табдил медиҳанд.

Фарзияи ниҳоии сандалӣ барои “харҳои ёрии таъҷилӣ” авоили моҳи равон дар як намоишгоҳи текноложии арзони беҳдоштӣ дар Лондон ба маърази тамошо гузошта шуд. Сандалии Макле бештар ба машк монанд аст ва аз болиштаку кӯрпачаи ҳавои сохта шудааст. Чаҳор навъи ин гуна сандалиро ҳудудан як сол дар яке аз мавзеҳои кӯҳдомани Вилояти Балх санҷиданд ва беҳтарин сифатҳои ҳар якеро дар фарзия охирин ҷамъ оварданд. Питер Макле мегӯяд акнун барнома дорад, ки сохтани таркибҳои сандалиро дар худи Афғонистон ба роҳ монад, то ҳар нафар битавонад худаш сандалӣ бисозад.
XS
SM
MD
LG