Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси афғонтабор қаҳрамони шаҳри Ню-Йорк шуд. ВИДЕО


Ҳамид Ормонӣ
Ҳамид Ормонӣ

Як афсари мусалмонтабор барои аз маҳалли серодам ба ҷои амн кӯч додани мошини ҳомили маводи тарканда қаҳрамони шаҳри Ню-Йорк унвон шуд. Вай дар сӯҳбат бо телевизиони “Садои Амрико” ҳодисаи аз таркиши эҳтимолӣ дар Таймс Сквер ҷилавгирӣ карданашро нақл кард. Сержант Ҳамид Ормонӣ, як зодаи Афғонистон соли 2006 ба кор дар полиси шаҳри Ню-Йорк қабул шуд.

Вай мегӯяд, ноадолатиҳои зиёде, ки дар зиндагиаш дида буд, ӯро водор кард, ки ба як ҳомии ҳифзи қонун табдил шавад. Моҳи июл Ормонӣ на танҳо ҷони нафарони зиёдро аз марг наҷот дод, балки дар лаҳзаи ҳассосу сарнавиштсоз ҷасорату азхудгузаштагӣ нишон дод. Рӯзи 20 июл тахминан соатҳои 23:30 марде ба мошини Ормонӣ ва ҳамкораш Питер Тсибулски маводи машкуке насб кард.

Барои зиёд фикр кардан фурсат набуд ва ӯ зуд қарор кард, ки мошинро аз маҳалли серодам ба ҷои хилвате интиқол диҳад. Ҳамон лаҳза дар наздикии мошини ӯ ду кӯдак қарор доштанд. Вай гуфт, бо нигоҳи пурмазмун ба чашми ҳамкораш Тсибулски ба ӯ гуфт, ки бояд мошинро ба ҷои дигар ҳаракат дод:

“Он лаҳза ман ҳеҷ фикр накардам, ки бояд ҷони мусалмон ё масеҳӣ, як католик ё яҳудиро наҷот диҳам. Ман бояд ҷони одамонро наҷот медодам ва бароям муҳим набуд, ки шояд дар ин роҳ худам қурбон шавам”.

Карлос Нивес, сухангӯи полиси Ню-Йорк мегӯяд, коре, ки сержант Ормонӣ ва ҳамкораш карданд, як қаҳрамонӣ буд. Вай гуфт: “Корнамоие, ки сержант Ормонӣ ва ҳамкораш карданд, ҷасорати фавқулодда буд. Онҳо ончиро, ки бовар мерафт бомба аст, канор бурданд ва ҷони худро дар хатар гузоштанд, то ки ҷони мардуми зиёд дар Таймс Сквер осеб набинад”.

Полис баъди ин ҳодиса гумонбари аслиро боздошт кард. Маълум шуд, ки маводи гузошташуда як бомбаи сохта будааст. Вале шуҷоате, ки Ормониву Тсибулски намоиш доданд, баҳои баланд гирифт.

Дар Ню-Йорк афсари афғонтабор барои шуҷоаташ қадрдонӣ шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

XS
SM
MD
LG