Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC. 4 голи “Истиқлол” ба дарвозаи “Серес Негрос”. САДО


«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – 2017 «Серес Негрос»-и Филиппинро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Ин бозӣ шаби 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.

Дар бисёр лаҳзаҳо мо бад бозӣ накардем, дар баъзе мавридҳо бозиамон намечаспид, вале мо вазифаи дар ин бозӣ гузошташударо иҷро кардем - пирӯзӣ ба даст овардем

Ду гол дар нимаи аввал ва ду голи дигар дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳисобро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 25-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ боз кард. Голи дувумро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 67-ум, Манучеҳр Ҷалилов голи севумро ба тӯри дарвозаи меҳмонон зад. Голи чаҳорум ва ниҳоӣ низ ба Манучеҳр Ҷалилов марбут аст. Ӯ тӯбро дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Дар як нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми ин бозӣ доир шуд, Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии «Истиқлол», гуфтааст, ба ҳисоби бузург нигоҳ накарда, бозӣ вазнин гузашт.

Ҷоми AFC. 4 голи “Истиқлол” ба дарвозаи “Серес Негрос”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00
Линки мустақим

Вай афзудааст, “чунин ба назар мерасад, ки мо “Серес”-ро ба осонӣ шикаст додем. Ҳеҷ чиз ба осонӣ ба даст намеояд. Ман аз бачаҳо сипосгузорам, ки онҳо ба ин бозӣ ҷиддӣ муносибат карда, ҳамаи қувваашонро комилан сарф намуданд. Дар бисёр лаҳзаҳо мо бад бозӣ накардем, дар баъзе мавридҳо бозиамон намечаспид, вале мо вазифаи дар ин бозӣ гузошташударо иҷро кардем - пирӯзӣ ба даст овардем.”

Муҳсин Муҳаммадиев
Муҳсин Муҳаммадиев

Дар ин нишаст Ристо Видакович, сармураббии «Серес Негрос», гуфтааст, ки ин бозии бадтаринашон дар Ҷоми AFC буд. “Дастаи «Истиқлол»-ро бо ғалаба табрик мегӯям. Имрӯз кори мо омад накард. «Истиқлол» хеле хуб бозӣ кард, дар майдон пурқувват буд. Мо дар хатти дифоъ суст бозӣ кардем. Душвор аст бигӯям, ки ба натиҷа чӣ таъсир гузошт, рақиб беҳтар бозӣ кард ва ба таври шоиста ғолиб шуд. Вале ба бохт бо ҳисоби бузург нигоҳ накарда, мо барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан ноумед нашудаем. Дар пеш бозии ҷавобӣ дар Баколод аст. Мумкин аст, ки шогирдонам дар хона бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, таърихро биофаранд. Ин футбол аст, ҳама чиз рух доданаш мумкин”, - иброз доштааст Ристо Видакович.

Ристо Видакович
Ристо Видакович

Ҷоми AFC-2017

Нимфинали байниминтақавӣ. Бозии аввал

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «СЕРЕС НЕГРОС» (Филиппин) – 4:0

Голҳо: Аҳтам Назаров, 25 – аз пеналтӣ (1:0). Ромиш Ҷалилов, 45 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 67 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 88 (4:0).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Александр Стесенко, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Артём Барановский, Ромиш Ҷалилов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 90+3), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 79), Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев

«Серес Негрос» (Баколод, Филиппин): Роланд Муллер, Кота Кавасе, Кевин Ингресо, Биенвенидо Марааон, Мануэл Отт, Ҷозе Елмер Портериа (Фернандо Родригес, 65), Иаян Рэмзи, Стефан Маркус Шрок, Карлос Де Мурга, Ҷуниор Муноз, Ҷефри Кристианс.

Сармураббӣ: Ристо Видакович

Огоҳонида шуданд: Амирбек Ҷӯрабоев, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Стефан Маркус Шрок, Биенвенидо Марааон («Серес Негрос»).

Сардовар: Нивон Робеш Гаминӣ (Шри-Ланка).

Нозири доварон: Юсуф Мирзо Рустам (Арабистони Саудӣ).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

22 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 13 800 тамошогар.

Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва «Серес Негрос» 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин барпо мегардад. Ғолиби ин ҷуфт ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфта, дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) рақобат мекунад. Бозиҳои ниҳоии байниминтақавӣ 27-уми сентябр ва 18-уми октябр баргузор мешаванд.

Дар бозиҳои ниҳоии минтақаи Ғарбӣ 12-ум ва 26-уми сентябр «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ

Бозиҳои аввал

22 август (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Серес Негрос» (Филиппин) – 4:0

23 август (чоршанбе)

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозиҳои ҷавобӣ

12 сентябр (сешанбе)

«Серес Негрос» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

13 сентябр (чоршанбе)

«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

Финали байниминтақавӣ

Бозии аввал

27 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин) – Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозии ҷавобӣ

18 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) - Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин)

Минтақаи ғарбӣ. Финал

Бозии аввал

12 сентябр (сешанбе)

«Эйр Форс» (Ироқ) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

Бозии ҷавобӣ

26 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Эйр Форс» (Ироқ)

ФИНАЛ

4 ноябр (шанбе)

Ғолиби байниминтақавӣ – Ғолиби ҷуфти «Эйр Форс» (Ироқ)/«Ал-Ваҳда» (Сурия)

XS
SM
MD
LG