Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарзанди касон намекунад фарзандӣ"?


Кӯдакони ятим дар парваришгоҳи ноҳияи Панҷ.
Кӯдакони ятим дар парваришгоҳи ноҳияи Панҷ.

Ҷавоне пас аз 14 соли зиндагӣ оилаеро, ки ӯро ба фарзандӣ пазируфта буд, тарк кард ва ба назди падару модари аслияш баргашт.

Пас аз 14 соли пур аз шодию фараҳ Орзу ногаҳон фаҳмид, ки дар оилаи бегонае ба воя расидааст ва ин хабар ҳаёти ӯро ба шикасти равонӣ рӯбарӯ кард. Пас аз ғаму ғуссаи зиёд вай қарор кард, ки ба назди падару модари биологияш баргардад. Барои ҳарду оила ин як такони ҷиддӣ буд.

Орзу, донишҷӯи соли чоруми яке аз донишгоҳҳои пойтахт мегӯяд, чанде аз ҳамсабақону ҳамсоягонаш ин сирро ба ӯ ошкор карданд ва ба шеваи тамасхуромезе барояш ӯ гуфтанд, ки вай фарзанди ҳақиқии оила нест: «Ростӣ, касе дар мавриди фарзандхон буданам, чизе намегуфт. Чун тамоми шароитро доштам, ҳатто фикр намекардам, ки чаро ман ягонаам ё чизи дигар. Ёдам намеравад, пойафзоле ки бароям писанд буд, ҳар ҳафта падарам бароям мехарид, тамоми хостаҳои маро иҷро мекарданд. Вақте ман фарзандхонд буданамро дар ин оила фаҳмидам, аз он рафтам ва чаҳор сол гузашт, аммо ман онҳоро дигар надидам, ин хабар зиндагии маро тамоман дигар кард.»

Ба гуфтаи ин қаҳрамони, мо ки 14 сол ба қавле «эрка»-и ин хонадон буд, бо гузашти чаҳор сол ҳатто боре ба дидорбинии онҳое ки уро ин ҳама муддат парасторӣ мекарданд нарафтааст. Ва хонаводае ки ӯро бузург кардааст, ҳатто боре ҳам даъво накардааст, ки дубора ӯ ба оилаи онҳо баргардад. Ҳарчанд ҳамаи санадҳои расмиро доштанд ва метавонистанд, ба таври маҷбурӣ "ҷигарбандашон"-ро ки аз серӯзагӣ чун фарзанди худ дӯст медоштанд, ба хона баргардонанд.

Кӯдак замоне аз тарафи Муҳаммад ва ҳамсари ӯ фарзандхонд шуда буд, ки ном ҳам надошт ва Муҳаммад бо ҳазорон ҳавас ва ғуссаи бефарзандии 12-сола ӯро Орзу ном гузошт. Акнун орзуҳояш фурӯ пошид.

Ҳамин тавр даҳҳо нафари дигар низ пас аз ошкор шудани "сирри оила" одамонеро тарк мекунанд, ки солҳо онҳоро ҳамчун фарзанди худ калон кардаанд. Аммо боз ҳам садҳо тани дигар аз оилаҳои бефарзанд аз ятимхонаҳо ва хешону наздиконашон тифлеро ба фарзандӣ мегиранд ва бо ин роҳ ормони падариву модарӣ мешикананд.

Нигора номи мустаори як ҳамсуҳбати мо аз шаҳри Турсунзода аст, ки мегӯяд, бо гузашти 18 соли бефарзандӣ ва шунидани таънаву маломати «безуриётӣ» акнун "модар" шудааст. Вай бо маслиҳати хонаводаи шавҳараш тифлеро ба фарзандӣ қабул кардаву мепарварад: «Писарамро вақте ки ба фарзандхонӣ гирифтам ҳамагӣ шашруза буд. Як нафар ба мо гуфт, занеро медонад, ки писари панҷумашро таваллуд кардаасту бо сабаби камбизоатӣ ва маъюб будани шавҳараш наметавонад, ин тифлро бузург кунад. Мо ин занро пайдо кардем, у розӣ шуд, ки фарзандашро ба мо диҳад. Забонхат дод, ки ин фарзанди ман, ба шумо фарзанд аст.»

Хонуми Нигора меафзояд, ҳар лаҳзае ки писараш бузург мешавад, муҳаббаташ нисбати ӯ зиёд мегардад. Аммо аз сӯи дигар бархе оилаҳои бефарзанд бовар доранд, ки фарзанди "бегона" бегона мемонад. Боғигул модарест, ки ду фарзандхонд дорад, аммо дар суҳбат бо Озодӣ гуфт:

"Фарзанди касон намекунад фарзандӣ,
Гар тавқи тилло ба гарданаш барбандӣ


Барои ҳамин бисёри мардуми тоҷик ба ин боваранд, ки фарзанди дигар кас, фарзанде ки бо никоҳи мусалмонии худат ба дунё наомадааст, зинҳор ба он нафаре ки ба ӯ нону намак додаст, фарзандӣ намекунад.»

Журналисти тоҷик Саида Қурбонова пас аз як пажӯҳиш дар ипн мавзӯъ мегӯяд, аксарияти хонаводаҳои бефарзанданд, омодаанд, ятимеро ба фарзандӣ гиранд, аммо монеаҳои ҳуҷҷатгузорӣ зиёданд. Ба ин сабаб бисёриҳо хоҳони содатар шудани ин ҳуҷҷатгузориянд.

Аммо ҳуқуқшиноси тоҷик Ҳомид Диловаров мушкил будани фарзандхониро як талаботи табиӣ мешуморад. Ба гуфтаи ӯ, давлат наметавонад сарнавишти кӯдакро ба дасти нафарони тасодуфӣ диҳад. Бо вуҷуди ин, вай низ розист, ки қонуни фарзандхонӣ бояд содатар бошад. Ҳамсӯҳбати мо аз қиссаи Орзу изҳори таассуф кард ва гуфт: «Дар қонунгузории кишвар фош кардани сири фарзандхонӣ ҷиноят дониста мешавад ва нафаре, ки ба амал даст мезанад, бояд ба муҳлати аз 1 то 3 сол зиндонӣ шавад. Баъдан хоҳ нохоҳ одатҳое ҳаст, ки ба фарзандхонӣ қабул кардани як кӯдак то охир сир намемонад ва рӯзе он фош мешавад. Барои ин бояд ҳар нафаре, ки тифле ё ятимеро ба парасторӣ мегирад, бояд аввалан ҷои зисташро як муддат иваз кунад. Зеро дар ҳолати фош шудани ин сир, ки аллакай кӯдак бузург шудааст, зарбаи сахти равонӣ мерасонад.»

Бино бар қонун нафаре, ки мехоҳад кӯдаки ятим ё бепарасторро ба фарзандӣ гирад, бояд, ҳатман шаҳрванди Тоҷикистон бошад ва 16 санад, назири доштани шароити иқтисодӣ, санади даромади молӣ, ваъдаи ҳимоя кардани ҳуқуқҳои кӯдак, тарбияи дуруст, солим будани афроде, ки ӯро ба тарбия мегиранд ва ғайраро ба баррасии мақомот пешниҳод кунад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури кишвар низ дар паёми солонаи худ ба масъалаи фарзандхонии ятимону бепарасторон таъкид карда ва шумораи ятимонро нороҳаткунанда номид. Вай гуфт: «3300 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ҳаст. Ҳазорҳо оилаҳое ҳастанд, ки муҳтоҷ барои фарзандхонӣ қабул кардан. Аммо мо худамон системаи бюрократиро ҷорӣ кардем, ки роҳ кушодем ба коррупсия.»

Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар соли равон 157 тифл расман ба фарзандӣ қабул шудаанд , ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8 маврид зиёдтар будаст.

Дар орзуи модар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00
XS
SM
MD
LG