Дар садамае дар роҳи Душанбе-Чаноқ шаш кас ҷон бохтааст.
Ҳодиса рӯзи 1-уми май дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ рӯй дод.
Рӯзноманигор Холиқназар Ҷумъаев дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки қурбониён аз деҳаи Артучи Панҷакент ҳастанд.
Ӯ гуфт, чаҳор нафари дигар дар беморхона бистариянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ронандаи мошинаи тамғаи "Starex" ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Панҷакент аз идораи нақлиёт набаромада, ба ҷарии 200 метр сарозер шуд.
Мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Гуфтугӯ