Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикҳо дар масҷиди салафиҳо чӣ мекарданд?


Мақомоти Русия алайҳи раҳбарони салафиҳо дар Самара ду парванда кушодаанд. Дар масҷиди салафиҳои ин шаҳр зери 60 нафар, аз ҷумла дастикам як шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Дафтари матбуоти ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар вилояти Самара рӯзи 4 май хабар дод, ки алайҳи раҳбарони боздоштшудаи пайравони ҷараёни Салафия дар шаҳри Самара ду парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ду раҳбари шӯъбаи салафиҳо дар Самара бо ҳукми додгоҳ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дафтари матбуоти ФСБ гуфт, «дар натиҷаи санҷиши анҷомшуда алайҳви раҳбарони шӯъбаи салафиҳо бар асоси қисми якуми моддаи 222-юми Кодекси ҷиноии Русия (ҳифзи ғайриқонунии силоҳу муҳимоти ҷангӣ) ду парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Масъалаи боз кардани боз чанд парвандаи ҷиноии дигар дар дасти баррасӣ қарор дорад.»

Рӯзи ҷумъаи 29 апрел дар ҷараёни як амалиёти вижаи ФСБ дар ҳудуди ноҳияи Красноглинскийи шаҳри Самара як масҷиди ғайрирасмии салафиҳо ошкор гардида, ҳудуди 60 нафар аз намозгузорони ин масҷид ҳангоми адои намози ҷумъа дастгир шуданд. Маъмурони ФСБ аз ин масҷид маводи тарканда ҳам пайдо кардаанд. Ҳангоми аз сӯи сапёрҳо таркондани ин маводи тарканда, ки иқтидораш баробари ду кило тротил баровард мешавад, як қисми бинои масҷиди салафиҳо тахриб шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин тавр, 8 тан аз намозгузорони ин масҷид дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ва акнун масъалаи ихроҷи онҳо аз ҳудуди Русия дар дасти баррасӣ қарор доштааст.

Аз дасти як дастгиршудаи дигар матни байъат(савганд) ба созмони тундрави «Давлати исломӣ» ёфт шудааст.

Мақомоти ФСБ мегӯянд, далели амалиёт болои ин масҷиди салафиҳо маълумоти дарёфтие буд, ки мегуфт, ба ин масҷид афроде ҳам, ки дар Сурия аз тарафи гурӯҳҳои тундрав ҷангидаанд, равуо доранд.

Дар иттилоияи ФСБ гуфта намешавад, ки оё боздоштшудаҳо дар масҷиди воқеъ дар маҳаллаи «Красный пахарь» мушаххасан шаҳрвандони кадом кишварҳоянд. Вале бино ба ин манбаъ, аксари онҳо зодагони Осиёи Марказӣ буда, дастикам як шаҳрванди Тоҷикистон низ дар ҷараёни ин амалиёт дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз сӯи мақомоти Душанбе бо иттиҳоми даст доштан дар қасди амали террористӣ ва барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст.

Самара
Самара

Дар шаҳру вилояти Самара, бино ба ҳисобҳо, аз 1500 то 2000 зодаи Тоҷикистон ва асосан дар сохтмонҳову бозорҳо кор мекунанд. Мусалим Узбеков, раҳбари созмони «Ватан-Родина», яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони Самара рӯзи 4 май дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба сурати умум, муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақа зиндагии сулҳомезро пеш мебаранд: «Аксарияти кулли бачаҳои тоҷик дар Самара ҳама дар пайи фикри кору зиндагии худанд. Аммо дар ин миён бархе нафарҳое пайдо мешаванд, ки бо амалҳои ношоистаи худ ба номи ҳамаи мо иснод меоранд. Ҳоло як мавзӯи вирди забони ҳама қатли 6 узви як хонавода дар ноҳияи Сизран аст, ки тавре аз хабарҳо шунидем, як бачаи тоҷик низ дар он даст доштааст.»

Аммо дар мавриди дар байни муҳоҷирони тоҷик «кор» бурдани мубаллиғони гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла салафиҳо, ин раҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара гуфт: «Пештар мавридҳое буд ва ҳатто дар ҳудуди ноҳияи Чапаев як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои Сурия боздошт ҳам карданд. Вале баъди ин боздошт дигар ором шуд ва то имрӯз хатту хабаре дар бораи бо гурӯҳҳои тундрав иртибот доштани муҳоҷирони тоҷик ба мо нарасидааст. Мо ҳам аз тарафи худ дар байни муҳоҷиронамон кор мебарем, ки ба фиреби тундравҳо дода нашаванд, фикри кору зиндагии худро кунанд, фикри зану фарзанди худро кунанд.»

Моҳи декабр дар шаҳри Самара шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Хурсанд Амонбеков, бо иттиҳоми ахбори бардурӯғ дар бораи амали террористӣ дастгир шуда буд. Ин ҷавони тоҷик рӯзи 28 декабри соли 2015 вориди фурӯшгоҳи “Космопорт”, яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии Самара шуда, аз телефони худаш бо шумораи 112 занг мезанад ва аз номи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳамаро ба Соли нав табрик карда, гуфтааст, ки дар “Космопорт” бомб гузоштаанд ва он баъди ним соат метаркад.

Хурсанд Амонбеков
Хурсанд Амонбеков

Ин занги телефонӣ боиси аз бинои “Космопорт” кӯчондани қариб 3 000 нафар шуд. Вале ҷустуҷӯи баъдии мақомот ягон асаре аз маводи тарканда пайдо накард ва маълум шуд, ки таҳдиди ҳамлаи террористӣ аз номи “Давлати исломӣ” бардурӯғ будааст. Ҳоло алайҳи Амонбеков бар асоси қисми дуюми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (ахбори бардурӯғ дар бораи амали террористӣ, ки боиси зарари зиёд ваё паёмадҳои дигари сангин шудааст) айбнома эълон шудааст. Ин банди қонун барои аъмоле ки боиси зарар ба маблағи беш аз 1 миллион рубл шудааст, ҳамчун ҷазо то 1 миллион рубл ҷарима ваё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки ду сол пеш қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном «хилофат» кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр ном баровардааст.

Фаъолияти «Давлати исломӣ» дар кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон расман манъ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Сурияву Ироқ ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба «Давлати исломӣ» пайвастаанд, 1094 нафар баршумурда, мегӯянд, то имрӯз ҳудуди 150 тоҷик дар ҷангҳо дар ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, 85 дарсади ҷангиёни тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми мубаллиғони гурӯҳҳои тундрав афтода, ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Ба бовари мақомоти тоҷик, аксари ин ҷангҷӯён таҳти таъсири ақидаҳои пайравони Салафия ба ин роҳ рафтаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҳаракати Салафияро манъ кард. Баъди боздошти даҳҳо тан аз раҳбарону пайравони ин ҳаракат дар Тоҷикистон, бисёре аз салафиҳо ба хориҷ, аз ҷумла қисме ба Русия фирор карданд. Нозирони умур мегӯянд, пайравони Салафия дар Русия низ «ором нагирифта», фаъолона ба таблиғи ақидаҳои худ дар байни муҳоҷирони тоҷик машғуланд.

XS
SM
MD
LG