Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳи Раҳнамо: Тангное миёни "адолати таърихӣ" ва "адолати иҷтимоӣ"


Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгари тоҷик

Рӯйдодҳои ахири Беларус барои сиёсатшиносон маводи фаровоне овард, ки ба раванд ва таҳаввулоти фазои кишварҳои пасошӯравӣ нигоҳи амиқтар афкананд. "Блогистон"-и Радиои Озодӣ тасмим гирифт, назари чанде аз таҳлилгаронро дар бораи маънии ин равандҳо ва дурнамои онҳо ба нашр расонад.

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

Тангное миёни «адолати таърихӣ» ва «адолати иҷтимоӣ»

Ё нигоҳе ба роҳи душвори давлатшавии кишварҳои пасошӯравӣ дар ҳошияи интихоботи Белорус

Интихоботи президентии Белорус, ки чанд рӯз пеш ҷамъбаст шуд, дар муҳити фикрию сиёсӣ ва шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ пӯшишу вокуниши васеъ дошт. Дар баробари табрики расмии Роҳбари давлат ва истиқболи бахше аз шахсияту доираҳои ҷамъиятӣ аз пирӯзии А.Лукашенко дар он, дар фазои иттилоотии тоҷикӣ дидгоҳҳои дигаре низ дида шуданд, ки аз маҳкумияти пирӯзии навбатии ӯ то ситоиши эътирозҳои хиёбонӣ ва қаҳрамонсозии номзади мухолифинро дар бар мегирифтанд. Баъзе корбарон дар ин мавзӯъ ҳатто шеърҳо суруданду баъзеи дигар ин фурсатро барои ҷустани шабоҳатҳои ду низоми давлатӣ ва танқиди ҳукумати Тоҷикистон истифода намуданд. Бо саҳифагардони баъзе аз ин мавод, зарур донистам, ки чанд мулоҳизаи шахсии худро дар бораи ин интихоботи дар ҳақиқат мураккаб ва сабақомӯз ба миён гузорам. Аммо мавзӯи меҳварии баҳс баррасии роҳи душвору фоҷеавии давлатшавии кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки дар интихоботи Белорус бори дигар рӯшану мубрам гашт. Умедворам, ки ин мавзӯи ниҳоят ҷиддӣ дар сатҳи худи мавзӯъ ҷиддӣ хонда ва ҷиддӣ гирифта шавад.

1.Аз назари низоми арзишҳои ахлоқӣ ва сиёсие, ки банда ҳамчун инсон ба онҳо эътиқод дорам, ба ҳукуматҳои сахтгири саркӯбгар умуман ҳусни таваҷҷуҳ надорам. Хусусан, дидани саҳнаҳои «саркӯби дифоъӣ»-и эътирозҳо дар шаҳрҳои Белорус, ки ду рӯзи охир мегузаранд, барои банда ҳамчун инсон ва зиёӣ бисёр сахту ногувор аст. Бале, ҳамчун инсон, ҳамчун соҳиби эҳсосоти инсонӣ. Вазъияти чунин кишвари осуда бояд ба ин ҷой кашида намешуд...

Аммо дар канори эҳсосот ҳар яки мо ҳамчунин ақл, ихтисос, мутолиа, маълумот ва таҷриба низ дорем, ки ҳангоми арзёбии масъала ё падидае бояд ҳатман аз он низ кор бигирем. Ин аст, ки дар авҷи ҷароҳатёфтагии эҳсосоти инсонӣ, мо бояд қудрату хунсардии онро дошта бошем, ки ҳар падида, аз ҷумла интихоботи Белорус ва таҳаввулоти атрофи онро аз диди тахассусию таҷрибӣ ва нигоҳи прагматикии сиёсӣ арзёбӣ намоем. Ва бандаҳои поин талош ё нигоҳест аз ин дидгоҳ.

2. Хулосаи банда аз таҳлили таърихи муосири кишварҳои истиқлолёфтаи баъдишӯравӣ ин аст, ки онҳо барои давлат шудан як марҳила ба низомҳои қавии сахтгири мутамаркиз ниёз доранд. Низоми идории давлатмеҳваре, ки бо қудратмандӣ ва назорату ҳидояти қатъии самти рушди ҳамаи соҳаҳо, давлатро ҳамчун низоми воҳиди ҳуқуқию сиёсӣ(1), ҳамчун механизми ягонаи иқтисодӣ(2), ҳамчун зерсохтори ягонаи иртиботӣ(3), ҳамчун маҷмуаи мавзуни арзишию равонӣ, яъне ҳисси шаҳрвандият ва миллати сиёсӣ (4), ҳамчун фазои ягонаи амниятӣ(5) ва ҳамчун воқеияти собити низоми байналхалқӣ(6) то охир ташаккул диҳад. Гузаштану комёбии чунин раванди мураккабу ногузири давлатшавӣ дар ҳолати мавҷудияти низомҳои заиф ва ихтилофҳои дарунии ҷомеа бисёр мушкил мебошад. Ин ки мухолифини дохилӣ ё берунияшон ин низомҳоро режимҳои «авторитарӣ» ё «диктаторӣ» ном мебаранд, аҳаммият ва рисолати таърихии онҳоро тағйир намедиҳад. Хусусан дар ҳоле, ки агар бахше аз ин бардошт дуруст бошад, бахши асосии он корбурди политтехнологию геополитикӣ дорад.

Аз ин рӯ, бо он осебпазирии бисёромилие, ки ҳамчун давлат ва миллат ба мерос гирифтаанд, мавҷудияти низомҳои сахтгири мутамарказ, ки имрӯз дар Русия, Белорус ва Осиёи Марказӣ мушоҳида мешаванд, як марҳилаи таърихан ва ҳаётан муҳим ва ногузири рушд ва давлатшавии ин кишварҳост. Мутаассифона, ин хулосаи зоҳиран ногувор як хулосаи таърихӣ ва таҷрибӣ аст, на арзёбии сиёсӣ ва эҳсосӣ.

3. Новобаста аз муҳиммияти хостаю арзишу ормонҳо, мутаассифона, ҳолати шиканандагии низоми давлатӣ(1), навъи пасоистеъмории фарҳанги сиёсӣ(2), вазъи мураккаби иҷтимоӣ(3) ва низ, муҳити пуртазодди геополитикӣ ва минтақавӣ(4) дар атрофи ин кишварҳо иҷозат намедиҳанд, ки ин онҳо дар ин марҳилаи рушди худ бе мушкилот ба кишварҳои демократӣ табдил шаванд. Бо узрхоҳӣ аз бовармандони воқеии арзишҳои демократӣ, бояд ин ҳақиқати талхро эътироф намуд, ки талоши татбиқи бошитобу воридотии демократия ва либерализм барои ин кишварҳо ҳамчун давлат ҳатто марговар аст. То имрӯз хеҷ таҷрибаи демократисозии шитобзада дар кишварҳои дорои чунин сарнавишт комёб набудааст ва нахоҳад буд. Ва то замоне, ки ин ҷомеаҳо ё ақаллан элитаи фикрию сиёсии онҳо худ ба сатҳи андешаи демократӣ нарасанд, чунин хоҳад буд. Русияи қудратмандро демократияи бармаҳал қариб ҳамчун давлат аз байн мебурд ва агар чанд соли дигар демократияи елтсинӣ идома меёфт, дар қадами аввал давлат пурра ба дасти олами ҷиноӣ мегузашт ва дар қадами дуюм зери таъсири маҷмуаи омилҳои дохиливу хориҷӣ фурӯпошии Русия ҳамчун давлати воҳид пурра имконпазир мебуд.

Давлатҳои воҳиде чун Гурҷистон, Украина ва Молдова дар масири «демократишавӣ» бахшҳои бузурге аз ҳудуди худро аз даст доданд, зеро онҳо ҳанӯз давлат ношуда суботи дохилӣ ва тавозуни геополитикиро шикастанд. Ва ҳамон рӯёрӯии геополитикие, ки дар ниҳоят боиси порашавии ин кишварҳо шуд, атрофи ҳар кишвари дигари пасошӯравӣ дар ҳамон сатҳ, балки дар сатҳи қавитар аз пеш боқист ва бинобар ин, имрӯз орзуи «демократӣ» шудан, ки аксаран бознигарии самтгирии беруниро низ дар пай хоҳад дошт, барои онҳо низ метавонад ба баҳои бохтани давлат ё бахше аз кишвар ё бахше аз истиқлол тамом шавад. Озарбойҷон ҳам солҳои аввали истиқлол «роҳи демократия»-ро гирифту дар он лаҳзаи заифшудагӣ натавонист тамомияти ҳудудии онвақтаи худро саривақт барқарор намояд ва ҳалли ин масъала ҳанӯз ҳам ба самтгирии геополитикии ин кишвар гиреҳ хӯрдааст.

Бинобар ин, он ислоҳталабони шитобзадае, ки демократияи Гурҷистону ислоҳталабии М.Саакашвиллиро чун намуна ташвиқу пайравӣ мекунанд, ба ибораи дигар, порашавии Гурҷистонро низ чун ретсепт ё пайомад қабул кардаанд, зеро мутаассифона, дар шароити имрӯзаи таърихию минтақавӣ ин эҳтимол баробар ба яқин аст. Ё имрӯз дар таблиғот ба мардум «демократӣ» шудани Украинаро талқин карда, чор пора шудани онро ёдрас накардан низ авомфиребӣ мебуд. Зеро чунин таҳаввулот на дар ваккум ва на зери контроли комили мо, балки маҳз дар матни воқеияти сарди геополитикӣ ва зери таъсири шадиди омилу манфиатҳои фаротар аз тавони мо мегузаранд, ки рӯи натиҷа таъсири ҳалкунанда хоҳанд дошт.

Қирғизистони ҳамсоя, ки дар ҳамин набарди дигарон бармаҳал ба самти «демократишавӣ» кашида шуд, то имрӯз ҳамчун давлат ба худ намеояд ва ҳоло дар роҳи давлатшавӣ мушкилоти азиме дар пеш хоҳад дошт, ки баҳси он пеши коршиносон рӯшан аст. Ҳатто ин кишвар низ пас аз озмудани чанд «инқилоб» акнун маҷбур аст, ки «демократия»-ро кам-кам «танзим» карда, низоми қавии сахтгири марказиро эҳё кунад, ки бархӯрди роҳбарияти феълии он бо президенти пешин оғози ҳамин бозгаштро ба хубӣ нишон дод. Ва пешбинӣ мешавад, ки акнун дар он «ҷазираи демократия» ҳар сол «инқилоб» кардан муҳол хоҳад буд.

Хулоса, демократия ва маҷмуи арзишҳои он, ки ҳамчун механизми идоракунии ҷомеа ва ҳамчун фарҳанги шаклгирифтаи дохилӣ метавонад як наҷоти миллӣ бошад, барои ин кишварҳо дар ҳамин марҳилаи рушдашон ҳамчун лоиҳаи воридотӣ ва таваллуди бармаҳал дар воқеъ омили бесуботӣ ва марги давлатист.

4.Таҷрибаи муосири Русия ва Ӯзбекистон, ки барои мо ошнотар аст, дар масъалаи авлавиятбандии бунёди инизоми сахтгири марказӣ(1) ва татбиқи ислоҳоти либералӣ(2) ба ду хулосаи хеле ҷиддӣ ишора доранд. Русия бо он нишондиҳандаҳои заифдавлатии пасошӯравӣ ҳаракати худро аз демократияи либералӣ оғоз карда, то остонаи нобудии давлатӣ рафт ва ногузир ба низоми мутамаркизи фарогиру назоратгару давлатмеҳвар баргашт. Низоми имрӯзаи Русия низоми матлубе нест, аммо он наҷоти ин давлатро ҳамчун давлат таъмин намудааст. Зимнан, Озарбойҷон ҳам, ки аз «демократия» оғоз карда буд, дар остонаи фурӯпошии бештари худ, ки метавонист аз Нахҷувон низ маҳрум монад, роҳбари собиқи Кумитаи давлатии амнияти СССР Ҳайдар Алиевро ба қудрат оварда, дубора ба низоми мутамаркиз баргашта, наҷоти давлатии худро таъмин кард.

Аммо баръакси ин ду намуна, Ӯзбекистони ҳамсоя ҳаракати худро аз низоми сахтгири мутамаркиз оғоз карда, дар он марҳила худро ҳамчун давлат сохт. Маҳз дар ин марҳила он ба давлате табдил шуд, ки низоми воҳиди ҳуқуқию сиёсӣ, механизми ягонаи иқтисодӣ, зерсохтори воҳиди иртиботӣ, маҷмуаи ҳамоҳанги арзишӣ (миллат), фазои ягонаи амниятӣ ва ҷойгоҳи собити байналмилалии худо то охир ташаккул дод. Ба меъёри илми сиёсат, Ӯзбекистон дар ин марҳила ба давлати побарҷой (состоявшееся государство) табдил шуд. Бо вуҷуди бешубҳа баҳснок будани сиёсатҳои роҳбари пешини ин кишвар И.Каримов, бояд қайд кард, ки хидмати таърихӣ ва миллии ӯ барои давлат ва миллати худаш маҳз ҳамин буд. Ва имрӯз, ки президенти нави ин кишвар бо ифтихору боварӣ ислоҳоти демократӣ ва либералӣ мегузаронад, тамоми ин ҳаракат рӯи низоми устувори давлатӣ ва давлати шаклгирифтае истодааст, ки маҳз дар давраи давлатдории қавии мутамаркази И.Каримов бунёд шудааст. Аз назари таърихи давлатдорӣ, муҳим ин аст, ки дар баҳои он ҳама маҳрумиятҳои арзишӣ хона сохта шудааст ва акнун соҳиби нави он метавонад баъзе ҷиҳозро ҷобаҷо кунаду баъзе гӯшаҳоро таъмир. Бинобар ин, бе «диктатура»-и каримовӣ «реформаторӣ»-и мирзиёевӣ дар ин шакл ҳаргиз имкон надошт. Яъне, давлатҳои пасошӯравӣ барои давлат шудан ногузиранд, ки ин марҳиларо гузаранд.

5. Аз ин назар, президенти имрӯзаи Белорус А.Лукашенко ҳамчун роҳбари марҳилаи давлатшавии ин кишвар барои ин давлат хидмати беназири миллӣ ва таърихӣ кардааст. Ӯ бо низоми сахтгиру мутамаркази худ давлатро ҳамчун низоми сиёсӣ сохта, тамоми аркону атрибутҳои дохиливу хориҷии онро то ҳадди ниҳоии ташаккул расонидааст. Ин, ки имрӯзҳо баъзе корбарони мо ӯро беибо «диктатор»-у «ҷинояткор» меноманд, ҳадди ақалл, арзёбии эҳсосию таъсирпазирии расонаӣ ва комилан ғайрикасбист. Бинобар ин, агар ӯ тӯфони атрофи ин интихоботро дар рӯзҳои наздик ба оромӣ ҷамъбаст намояд, мантиқан дар давраи нави президентии худ рӯи механизми рафтан ва интиқоли қудрат фикри ҷиддӣ хоҳад кард.

Аммо ҳатто агар дар ин мавҷхези эътирозҳои ҳимоятшудаву ҳидоятшуда аз қудрат барканор шавад, боз ҳам ӯ рисолати таърихию миллии худро дар нисбати давлату миллаташ анҷом додааст. Ҳар касе, ки пас аз ӯ ояд, рӯи он низоме хоҳад нишаст, ки маҳз А.Лукашенко аз нобудию фурӯпошии сохторӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва ҳудудӣ наҷот додааст; соҳиби он давлате хоҳад шуд, ки маҳз Лукашенко онро аз марҳилаи таҳдидҳо гузаронидаву давлат кардааст. Албатта, агар «нерӯи нав» бо вуҷуди шиорҳои баландаш, вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва ин мардумро бисёр бадтар аз имрӯза накунад, дар солҳои наздик ҳаргиз беҳтар аз ин нахоҳад кард. Чуноне, ки дар Украина ва ҷойҳои дигар. Албатта, агар дар ин кишвар, мисли Озарбойҷон, Ӯзбекистон ё ҳатто Арманистон гузариши нарм ва солим сурат гирад, ҳам таҷриба ва ниҳоди давлатдорӣ ҳифз мешавад ва ҳам рисолати миллию таърихии Лукашенко комилу мондагор мегардад.

6. Агар ба он сӯи масъала низ нигарем, омили дигаре, ки ин равандро мураккаб ва осебпазиртар месозад, маъмулан дар фаҳми умумӣ фарқ нагузоштан миёни демократия ҳамчун низоми арзишҳо(1) ва демократия ҳамчун абзору сиёсати қудратҳо(2) мебошад. Бо истифода аз ин ҳолат, аксари баъзе қудратҳои ғарбӣ барои фишор рӯи низомҳои барояшон номуносиб ё тағйири роҳбарони саркаш маҳз «демократия» ва «ҳуқуқи башар»-ро ҳамчун абзор ба кор мегиранд. Бояд шакке надошт, ки вақте чунин тасмиму чунин лоиҳа барои «демократикунонӣ»-и кишвари хосе пеш гирифта шавад, дар раванди татбиқи он мақсад аз таблиғу талқини «демократия» ҳаргиз демократӣ кардани он кишварҳо ва эҳсоси хайрхоҳонаи озоду хушбахт сохтани мардумонашон нест, балки ба воситаи тӯфони демократияхоҳӣ иваз кардани қудрати сиёсӣ ба нафъи манфиатҳои геополитикии худ аст. Масалан, чанд президенти Қирғизистон то имрӯз бо шиори «демократия» барканор карда шудаанд, аммо инсофан ҳеҷ кадомашон аз А. Акаев арзишмеҳвару демократтар набаромаданд.

Вагарна, агар меъёр ва мақсади умумӣ демократикунонии кишварҳо бошад, муҳимтарин шарикони стратегии худи Ғарб дар Шарқ нодемократитарин кишварҳои ҷаҳонанд, ки он ҷо амирону маликону шоҳони мутлақу меросию абадӣ ҳоким буда, на ҳизб, на интихобот, на интиқоли қудрат, на ҳуқуқ ва на озодӣ вуҷуд надоранд. Аммо чун мавқеи ин кишварҳо манфиати ин қудратҳоро таъмин мекунанд, демократӣ набудани онҳо бисёр оддӣ қабул мешавад. Дар ҳоле, ки кишварҳое чун Русия, Белорус, Қазоқистон ё Тоҷикистон, ки аз сӯи Ғарб пайваста барои «нақзи демократия» танқид мешаванд, барои зиндагии як инсон дар муқоиса бо ин кишварҳо садҳо баробар озодтару демократитаранд. Ҳамин тавр, болои кишварҳои пасошӯравӣ, ки ташаккули дохилӣ ва тақсимоти геополитикияшон ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, аз чор сӯ навъе набарди лоиҳаҳои манфиатӣ идома дорад, ки ҳамагӣ номҳои фиребандаи демократию ҳамгароию ислоҳоту рушд доранд ва маблағгузории бузург мешаванд.

Аз тарафи дигар, лоиҳаи «демократисозӣ», ки дар як марҳила қудрати давлатиро заиф, афкори умумиро пароканда ва назорати амниятиро суст мекунад, фурсату заминаи ҳар гуна дахолати беруниро низ фароҳам месозад. Он гоҳ вобаста ба вазъияту фарҳанги ҷомеа, қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ барномаи худро бо дасти «демократҳо», «ислоҳхоҳон» ё «исломгароён» ва ғайра татбиқ менамоянд. Бузургтарин таҳдиди ин раванд дар он аст, ки кишварҳо аз фурсати таърихии давлат шудан маҳрум мешаванд ва ҳамчун давлати ноқиси нотамом даҳсолаҳо дар вазъи буҳронӣ мемонанд. Ҳолате, ки дар ниҳоят ба манфиати муштараки қудратҳои бузург аст. Масалан, агар Украина имкон меёфту ба маънои томи он давлат мешуд, он ҳоло қудрате ҳамвазни Франсия, Германия ё Британия мебуд: бо шабакаи мукаммали силоҳи ҳастаӣ, артишу нерӯи ҳавоии муқтадир, иқтидори азими иқтисодию саноатӣ, аз ҷумла саноати ҳарбӣ ва худмеҳварии сиёсӣ. Аммо аввал силоҳи ҳастаияш гирифта шуд, сипас иқтисодаш ғорат шуд, сипас минтақаҳои саноатияш тарака шуд, акнун ҳудудаш пора шуд ва истиқлолияташ низ нима гашт. Дар натиҷа, он ба давлати заифи фақири вобастаи парокандагии «демократӣ» табдил шуд. Сарнавиште, ки метавонад ҳар кишвари дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла Белорусро низ интизор бошад.

7. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар раванди шикастани давлатшавии чунин кишварҳо бештар аз се воқеияти талхи ин марҳилаи рушд истифода мешавад. Аввал, моҳияти ғайрилибералии низомҳои сиёсӣ, ки бештар дар шакли маҳдудсозиҳо ва фасоди густарда ифода меёбад. Дуввум, мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, ки барои давлатҳои ин марҳилаи рушд амалан ҳалнопазир аст. Сеюм, хастагии равонӣ аз якрангии тӯлонии низомҳо ё роҳбарон, ки дар сатҳи қишри фаъоли ҷомеа ба таври табиӣ шакл мегирад. Он на арзёбии иҷтимоӣ ё ақлонии вазъият, балки маҳз ҳолати равонии инсон мебошад, ки гоҳо ҳатто дар сатҳи оила низ пеш меояд.

Дар ин вазъият, агар кишвар ҳадафи геополитикӣ қарор гирад, нақши гурӯҳҳои абзорӣ барои ташкили «инқилобҳо» асосан аз барҷста ва тезутунд кардани ҳамин се мушкилаи мавҷуда ва дар ин замина ба таҳаррук овардани бахше аз ҷомеа дар баробари низоми сиёсӣ иборат мешавад. Аксари тадқиқот нишон медиҳад, ки ин ҳаркатҳо бо иштироки ҳамагӣ 2-5 дарсади аҳолӣ сурат мегиранд, ки дар технологияи сиёсӣ барои талқини равонӣ «халқ» номида мешаванд. Масалан, тибқи гузориши ситоди мухолифини Белорус дар оммавитарин рӯзҳои гирдиҳамоиҳои онҳо то 62 ҳазор нафар иштирок доштаанд, ки албатта манбаъҳои давлатӣ онро 10 то 15 ҳазор нафар гуфтаанд. Яъне, дар умум, тамоми иштирокчиёни фаъоли эътирозҳои феълии Белорус дар тамоми шаҳрҳои он ҳудуди 1%-и аҳолии даҳмиллионии ин кишварро, ки ҳудуди 100 ҳазор нафар мешавад, ташкил кардаанд. Аммо омилҳое чун бозтоби касбию фаъоли иттилоотӣ, истифодаи технология муосири сиёсӣ, ба воҳима дучор шудани низоми сиёсӣ ва ё бетарафии аксарияти аҳолӣ метавонад саҳнаи козиби «қиёми миллӣ» ё «инқилоби мардумӣ»-ро ба вуҷуд орад.

(Мушкили дарки берунии чунин буҳрону муборизаҳо ҳамеша дар он аст, ки тамоми иштирокдорони он аз номи «халқ» баромад мекунанд ва дар фазои иттилоотӣ амалан чандин «халқ» ба вуҷуд меояд, ки ҳеҷ яке худи халқ нест. Масалан, дар ҳамин буҳрони Белорус ибораҳое чун «эътирози халқ бар зидди низом», «саркӯб шудани халқ аз тарафи низом», «бедор шудани халқ аз хоби ғафлат» ва ғайра, ки зиёд садо медиҳанд, бештар адабиёти политтехнологӣ буда, як сухани зеҳнӣ ва расонаист. Масалан, агар Лукашенко аз «варианти эронӣ» истифода кунад, дар як рӯз метавонад дар баробари ин «халқ» боз «халқ»-и дигареро дар миқёсҳои хеле бузургтар ба майдон резад. Албатта, он пайомади нек нахоҳад дошт, аммо сухан аз шарҳи истифодаи вожаи «халқ» меравад.)

Ва тавре зикр шуд, дар аксари ҳолатҳо чунин эътирозҳо бештар на тасаввури дақиқи эътирозгарон дар бораи нишондиҳандаҳои марҳилаи баъдӣ, балки бештар хастагии равонии бахше аз ҷомеаро ифода мекунанд. Ҳусни таваҷҷуҳ ба бону С.Тихоновская, ки шояд 1% аз таҷриба, зарфият ва мудирияту давлатдории Лукашенкоро надошт, низ на таваҷҷуҳ ба барномаву тавоноии ӯ, балки изҳори ташнагии равонии як қишри ҷомеа ба тағйирот буд. Аммо эътирозгарон дар авҷи ин хастагию ташнагӣ ҳатто тасаввур намекунанд, ки бинобар омилҳои пештар зикршуда, аксари ин кишварҳо пас аз барканории хушунатомези низомҳои суботмеҳвар ба марҳилаи тӯлонии бесуботӣ, ноамнӣ ва осебпазирии иҷтимоие ворид мешаванд, ки то суботу рифоҳи баъдӣ умри як насли дигарро барбод медиҳад. Илова бар таҷрибаҳои ҳудуди ИДМ, таҷрибаҳои кишварҳои арабие чун Миср, Либия, Ироқ, Сурия ва ғайра ин ҳолатро рӯшан нишон додааст.

8. Барои бо муваффақият сипарӣ шудани ин марҳилаи мушкилу ногузири таърихӣ рафтори масъулиятшиносонаи худи низомҳои мутамаркази давлатӣ низ нақши ҷиддӣ дорад. Боз ҳам таҳлили таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки чунин низомҳо бояд пеш аз ҳама ба чанд иштибоҳи марговар роҳ надиҳанд:

  • бо эҳсоси бениёзии мутлақи худ аз оммаи мардум фосила нагиранд, ки ин ҳолат боиси бегонашавии физикӣ ва сипас бегонашавии арзишии ҷомеа аз низоми сиёсӣ мегардад. Дар ин самт дастгоҳи идеологии низом бояд тавонад, ки нақш, рисолат, хидматҳо, дастовардҳо ва дурнамои низом ва давлатро ба бовари умумӣ табдил карда, арзишҳои онро ҳамагонӣ намояд, то низоми сиёсӣ бо арзишҳои худ танҳо намонад;
  • ҳамзамон бо танзими ҷиддии вазъият, маҳдудиятҳо ва фасодро ба ҳадди таҳаммулнопазир набурда, бо дасти худ потенсиали эътирозӣ ё «маводи инқилобӣ»-ро барои дигарон парвариш надиҳанд;
  • низоми амниятӣ ва хусусан низоми амнияти фикрӣ ва иттилоотии онҳо чӣ аз назари технологӣ ва чӣ аз диди касбию методологию мазмунӣ бояд аз сатҳи замон ва аз иқтидори рақибони иттилоотияшон қафо намонад, зеро имрӯз шикасти иттилоотӣ метавонад оғози шикасти сиёсию физикии низомҳо гардад;
  • иҷро шудани рисолати таърихии худро саривақт дарк намуда, дар татбиқи механизми интиқоли қудрат таъхири зиёд накунанд ва онро пеш аз марҳилаи инфиҷори психологии ҷомеа анҷом диҳанд. Масалан, интиқоли мавзунтари қудрат дар Озарбойҷон бар раванди рушди давлатдории он таъсири сахт манфӣ нагузоштааст, аммо Қазоқистону Белорус дар ин масъала андаке таъхир доранд;
  • дар тағйиру бознигарии сиёсати хориҷии худ шитобкорӣ накарда, тавозуни минтақавиро дағалона нашикаста, шубҳаи абарқудратҳоро дар бораи дурнамои самтгирии геополитикии кишвар ба сатҳи хатарнок боло набаранд.

Ҳамин тавр, дар сурати риояти ин усулу марзҳо, давлат раванди давлати мондагор шуданро тай карда, ба таври мавзун аз марҳилаи эҳёву барқарорӣ ба марҳилаи ислоҳот ва рушд мегузарад. Аммо дар сурати барканории «инқилобӣ»-и низоми сиёсӣ таҷрибаи андӯхтаи давлатдорӣ шикаста, бисёре аз равандҳо аз сифр оғоз шуда, раванди давлатшавии чунин кишварҳо осеби шадид мебинад.

9. Таҳаввулоти атрофи интихоботи Белорус инро низ дигарбора нишон дод, ки мутаассифона, мафҳумҳои баланде чун «кишварҳои дӯст» ва «шарикони стратегӣ» барои давлатҳои ин марҳилаи рушд кафолат ва такягоҳи чандон боэътимоде нестанд. Ба ибораи дигар, ҳеҷ давлати абарқудрат шарики стратегии хеҷ давлати дигаре намебошад. Шарикии стратегии онҳо то лаҳзаест, ки Шумо ҳамчун давлат ё ҳамчун роҳбар дар доираи манфиатҳои он таъриф ёбед. Аммо баробари камтарин калавиш дар самтгирӣ ё нишон додани истиқлоли назар, бисёр чизҳо тағйир меёбад. Чуноне, ки ҳоло А.Лукашенкои мустақилу ботаҷриба ба устухоне дар гулӯи абарқудратҳои ду тарафи худ табдил шудааст. Ҳатто дар матни табрикномаҳои баъзе аз ин қудратҳо дақиқан таъкид шудааст, ки ӯро то кадом марзҳо ва бо кадом шартҳо эътироф мекунад.

Аз ин рӯ, кишварҳои дигар низ бояд дар сиёсатгузории худ фиреби ин мафҳумҳои баланди сиёсию дипломатиро нахӯранд, зеро дар ин лаҳзаи ҳассос ва дар ин раванди мураккаби таърихӣ танҳо шарики стратегии пойдори ин давлатҳо мардуми худашон мебошад. Ва агар ин низомҳо бо касе дӯст ва шарики стратегӣ будан хоҳанд, пас бо мардуми худ бояд дар чунин пайванди стратегӣ қарор дошта бошанд. Зеро агар низомҳои сиёсӣ аз мардум бегона шаванд, дар баробари «дӯстони байналмилалӣ» ва «шарикони стратегӣ» хеле осебпазир мегарданд ва онҳо имкон меёбанд, ки «халқ»-ро дастгирӣ карда, тарҳи манфиатии худро дар ин кишварҳо ба осонӣ амалӣ намоянд.

10. Ва ниҳоят, дар камони рушди чунин кишварҳои пасоистеъморӣ шояд масъалаи асосӣ маҳз ҳамин бошад, ки оё такмили марҳилаи давлатшавӣ ва гузори ором ба марҳилаи рушд ва демократия муяссар мегардад ё дар натиҷаи иштибоҳу дахолату «инқилоб»-ҳо ин раванд нотамом монда, ба буҳрони тӯлонӣ табдил мешавад. Масалан, шикасти ин раванд дар Гурҷистон ва Украина акнун шояд даҳсолаҳои буҳрони давлатро дар пай дошта бошад.

Ба иборати дигар, муаммои асосии ин марҳила дарёфти пайванду таносуб байни «адолати таърихӣ» ва «адолати иҷтимоист». «Адолати таърихӣ» дар ин баҳс ба он маъност, ки ин миллатҳо ҳаққи давлат доштан ва ин кишварҳо ҳаққи давлат шуданро доранд ва маҳз таъмини ин ҳуқуқи онҳо тантанаи адолати таърихӣ хоҳад буд. Зеро барои онҳо соҳибдавлатӣ на танҳо як ормони деринаи таърихӣ, балки акнун як имкони нодири таърихӣ низ мебошад. Чуноне, ки ин дарду андеша барои тоҷикон наздику ошност, назди дигарон низ ҳамин қадар муҳим аст. Аз ин рӯ, дар ин марҳила вазифаи аввалиндараҷаи чунин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, маҳз таъмини адолати таърихӣ, яъне ҳифз ва соҳибӣ кардани давлату давлатдорӣ ва давлати пойдор кардани он мебошад.

Аммо «адолати иҷтимоӣ» ба он маъност, ки мардум ба низоми шаффофтари сиёсӣ, озодиҳо ва дастрасӣ ба зиндагии шоиста низ ҳуқуқ ва эҳтиёҷ доранд. Хусусан қишрҳои оммии мардум дар бораи ҳадафи аввал, яъне адолати таърихӣ камтар андешида, асосан рӯи адолати иҷтимоӣ, ки барои зиндагии онҳо моҳияти нақдӣ дорад, таваҷҷуҳ ва ҳассосият нишон медиҳанд. Бинобар ин, дар ҳамин марҳилаи рушд кишварҳои пасошӯравӣ бо муаммои таносуби «адолати таърихӣ» ва «адолати иҷтимоӣ» рӯбарӯ мешаванд. Моҳияти ин муаммо дар он аст, ки бе ташаккулу ҳифзи давлат ҳеҷ тарҳу барномаву ормон амалӣ намешавад, аммо бе таъмини адолати иҷтимоӣ низ таъмини таҳаммули дарозмуддати ҷомеа дар раванди давлатсозӣ бисёр мушкил аст. Дар айни замон, дар шароити печидаи дохиливу хориҷӣ шитоб дар татбиқи «адолати иҷтмоӣ» бисёре аз фурсатҳои давлатшавиро осебпазир месозад. Бинобар ин, аз назари давлатдорӣ бе ягон шубҳа дар чунин марҳилаҳо барқарории «адолати таърихӣ» бар таъмини «адолати иҷтимоӣ» авлавияти мартабаӣ меёбад.

(Агар фақат бо мақсади такмили фикр, ҳамин масъаларо дар интихоботи президентии ахири Афғонистони ҳамсоя пайгирӣ намоем, дақиқан мебинем, ки нерӯҳои асосии сиёсии ин кишвар пас аз даҳсолаҳои ҷангу баҳсҳои шадиди ормониву арзишӣ болои лоиҳаҳои динию дунявию исломию демократӣ, дар ниҳоят ба масъалаи аҳаммияту авлавияти ниҳоди давлат ва суботи ҷомеа баргашта, ин бор барномаҳоли интихоботии худро маҳз дар ҳамин поя сохтанд: Ашраф Ғанӣ -тими «Давлатсоз», Абдулло Абдулло - тими «Субот ва ҳамгароӣ». Яъне мафҳумҳои арзишии демократия, ислом, халқӣ, парчамӣ, озодӣ ва ғайра дар барномаҳои интихоботии ин кишвари зоҳиран исломитарину демократитарину озодтарину гуногунандештарин ба сатҳи дуввумии эътиборӣ рафтанд ва болотарин ва муҳимтарин ваъдаи номзадҳо ба мардум на ислому на демократия, балки давлат ва субот буд. Яъне, сабақи ин бозгашту бозандешии мафҳумӣ дар Афғонистон ин аст, ки бе институтсионализатсия шудани давлат ва бе ниҳодина шудани субот татбиқи ҳеҷ тарҳу арзишу ормону идеология имконпазир нест.)

Ҳамин тавр, дар ин марҳилаи таърихии рушд сарнавишти давлатшавии кишварҳои ҳамсарнавишти пасошӯравӣ ва соҳибдавлат мондани миллатҳои онҳо ба он вобаста хоҳад буд, ки то куҷо тавозуну авлавиятбандии мақомии (на ҳатман замонии) ин ду «адолат», яъне адолати таърихӣ (=фурсату зарурати давлат шудан) ва адолати иҷтимоӣ (=зарурати табиии демократӣ шудан)-ро таъмин намуда, аз ин марҳилаи эҳё ва барқарорӣ ба марҳилаи рушди устувор ва демократияи пойдор гузашта метавонанд. Гузори ногузире, ки омилу таҳдидҳои бешумори дохиливу хориҷӣ бар халали он нишастаанд ва фақат роҳбарону низомҳои ботадбир метавонанд бо сиёсатҳои санҷида ва ҳифзи ҳамбастагии давлат ва мардум комёбии онро таъмин намояд.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (28)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG