Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз "тақаллуби ҷиддӣ" нигаронӣ кард(ВИДЕО)


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадҳои даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон як мақоми баландпояи Комиссияи мустақили интихоботро ба тақаллуби ҷиддӣ муттаҳам кард.

Дар ҳоле, ки Созмони Милали Муттаҳид аз номзадҳои даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон хостааст, ки ба мақомот фурст бидиҳанд то шумориши ороро анҷом дода ва иддаои тақаллубро баррасӣ намоянд, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ як рӯз пас аз баргузории даври дувуми интихобот ба амалкарди як корманди Комиссияи мустақили интихобот ҳамла кард.

Вай ки шаби гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Кобул-- пойтахти Афғонистон сӯҳбат мекард, хоҳони барканории Зиёулҳаққ Амирхел, раиси дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон шуд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, ки оқои Амирхел ба талоши интиқол додани варақаҳои истифоданашудаи раъйдиҳӣ аз дафтари марказии комиссия дар рӯзи интихобот муттаҳам аст. Ин номзади даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон афзуд, ки раиси дастгоҳи иҷроияи Комиссияи марказии интихобот бояд дастгир шуда дар ин маврид баррасӣ сурат бигирад ва ӯ аз мақомаш сабукдӯш шавад.


Доктор Абдуллоҳ дар бахше аз суханронии худ омори ироашуда дар мавриди мизони мушорикати мардум дар даври дувуми интихоботро низ зери суол бурд. Вай гуфт, ки мизони мушорикат дар ин интихобот, ки аз сӯи Аҳмад Юсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи ҳудуди 7 миллион нафар эълон шудааст, мумкин дуруст набошад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди он чи "тақаллуби муҳандисишуда хонд" ибрози нигаронӣ кард. Вай афзуд, ки бархе аз нозиронаш латукӯб ва зиндонӣ шудаанд.

Пулиси Кобул баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе, яъне дар рӯзи баргузории даври дувуми интихоботи аз интиқоли маводи ҳассоси интихоботи ҷилавгирӣ кард. Генерал Зоҳир Зоҳир, фармондеҳи амнияти Кобул гуфт, ки қарор буд ин мавод тавассути ду мошини борбар бидуни дар ҷараёни гузоштани пулис ба вулусволии Сурубӣ мунтақил шавад. Вай гуфт, Зиёулҳаққ Амирхел, раиси дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихобот дар ин кор даст дорад ва мехостааст бо истифода аз ин мавод, ба нафъи яке аз номзадҳо тақаллуб намояд.

Аммо раиси дастгоҳи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" ин иттиҳомро рад карда ва хоҳони баррасии ин қазия шудааст. Пеш аз ин Муҳаммадумар Довудзай, вазири умури дохилии Афғонистон дар ин пайванд ба ин қазия онро сӯитафоҳум миёни нерӯҳои пулис ва ин мақоми комиссияи мустақили интихобот хонд ва гуфт, барои баррасии ин ҳодиса, ҳайати муштарак таъсис шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG