Пайвандҳои дастрасӣ

Дилбар Гургова: "Бо 5 фарзандам куҷо равам?" (ВИДЕО)


Дилбар Гургова.

Дилбар Гургова -- ҳамсари яке аз ёрони генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода мегӯяд, ки қарор буд ҳамроҳ бо 5 фарзандаш барои 8 моҳи дигар дар хонае, ки иҷора гирифта буданд, зиндагӣ кунанд. Аммо баъд аз ду моҳи иқомат, соҳибхона аз онҳо талаб кардааст, ки хонаро тарк намоянд.

Дилбар Гургова мегӯяд, ки қаблан ба соҳибхона гуфта буд, ки панҷ фарзанд дораду шавҳараш дар маҳбас аст ва ҷое барои рафтан надорад. Ба гуфтаи вай, он замон соҳибхона розӣ шуда буд, ки ин хонавода дар ин макон бимонад, аммо ҳоло, ки зимистон наздик аст, омада ва кӯчи онҳоро аз хона берун мекунанд.

Ба гуфтаи Дилбар Гургова, муддати 3 рӯз аст, ки ӯву панҷ кӯдаки ноболиғаш дар ҳавлии яке аз истиқоматкунандагони ин бино, ки ӯ қаблан дар он иҷоранишин буд, шабро рӯз мекунанд. Ҳаминҷо кӯдакони ӯ хӯрок мехӯранд ва ба дарс омодагӣ мебинанд: "Ин бегоҳ кӯдаконам зиёд сулфа карданд, як дугонаам ҳоли маро дида, хоҳиш кард, ки хонааш рафта шабро рӯз кунем. Зиндагии душвор дорам..."

Ин модар дар чанд моҳи охир баъди он сарсон шуд, ки Додгоҳи олӣ шавҳараш Амонулло Нуров, яке аз ёрони Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистонро бо иттиҳоми терроризм, ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Дилбар Гургова дар рӯзҳои аввали боздошти шавҳараш бинобар рӯзгори сахт, ҳатто тасмим дошт, ки фарзандҳояшро ба ятимхона супорад. Аммо вақте додгоҳ барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандонаш парванда боз кард, дертар бо сабаби тағйир ёфтани вазъият ва ба таҳсил ҷалб шудани фарзандонаш, парванда алайҳи ӯро қатъ намуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG