Пайвандҳои дастрасӣ

Корманди пулис дар вилояти Суғд Шодмонқул Туқузбоев -- омӯзгори 58-солаи мактаби шумораи 10-и ноҳияи Шаҳристонро барои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва фурӯши он, боздошт кардаанд. Шодмонқул Туқузбоев рӯзи 12 апрел замоне аз сӯи кормандони пулис боздошт шуд, ки мехост ду силоҳ -- автомати “Калашников” ва камони якмилаи рахпечи “ТОЗ-8” бифурӯшад.

Ташхис силоҳи ӯро “коршоям” гуфтааст ва ба гуфтаи мақомот, ҳарду силоҳ дар ҳолати ҷангӣ қарор дошта, автомати Калашников сохти соли 1992 ва камони якмилаи ТОЗ-8 сохти ҳанӯз соли 1961 будааст.

Ба гуфтаи мақомот, ҳарду силоҳ дар ҳолати ҷангӣ қарор дошта, автомати Калашников сохти соли 1992 ва камони якмилаи ТОЗ-8 сохти ҳанӯз соли 1961 будааст.

Дар ҳоли ҳозир мақомот алайҳи ин омӯзгор тибқи моддаи 195-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Қонунҳои Тоҷикистон барои ихтиёрӣ супурдани силоҳ шахсро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунанд. Вале дар сурати ғайр, ба муҷрим ҷазои ҷарима аз як то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 3 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи омӯзгор дар бозпурсии аввалия гуфтааст, ки ин силоҳҳоро соли 1999 -- замони ба ҳайси ҷангалбон кор карданаш пайдо карда, дар ғоре пинҳон намуд ва ба мақомот хабар надод. Ахиран барои аслиҳааш харидоре пайдо кард ва онҳоро ба ӯ фурӯхт ва дар ниҳоят ба чанги кормандони пулис афтод. Ба гуфтаи манобеи пулис, харидори аслиҳаи омӯзгор “шартӣ ва корманди пулис” буд.

Муҳсин Юсуфов, корманди бахши матбуоти раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, ин ки Туқузбоев дар баробари нигаҳ доштани аслиҳа, онро ба фурӯш гузошт, ӯро ҳамчун фурӯшандаи аслиҳа низ ҷилва медиҳад. Ӯ рӯзи 13-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотии пулис “тавассути он силоҳҳо эҳтимоли содир шудани дигар ҷиноятҳо, алоқамандии гумонбаршаванда ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноиро муайян хоҳанд кард.”

Вале ҳамсояву ҳамкорон ва наздикони Туқузбоев аз ӯ ҳамчун инсони хубу заҳматкаш ном мебаранд, ки қаблан ҳеҷ ба ҳеҷ гуна қонуншиканӣ даст назадааст. Ҳабиб Нухриев, мудири мактаби рақами 10-и шаҳраки Шаҳристон рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Шодмонқул Туқузбоев аз соли 1984 дар ин мактаб ба ҳайси омӯзгори варзиш кор мекард.

Ба қавли ӯ, Туқузбоев ҳудуди 30 сол собиқаи корӣ омӯзгорӣ дорад ва байни ҳамкоронаш соҳиби эҳтиром мебошад. Ба гуфтаи мудири мактаб, Туқузбоев танҳо дар охирҳои солҳои 90-и асри гузашта чанд сол кори омӯзгориро ба ҷангалбонӣ иваз кард ва боз ба кори мактаб баргашт. “Бисёр одами хуб аст, ман ва ҳамкоронам ҳам аз боздошти ӯ ҳайрон шудем”,- афзуд вай.

Нуруло Раҷабов, як ҳаммаҳаллаи Туқузбоев мегӯяд, ин омӯзгор ҳамсар ва панҷ фарзанд дорад, ки се нафари онҳо оиладоранд. Ӯ афзуд: “Шодмонқул як одами бомаълумот ва бомаънӣ аст. Вай ба бачаҳо гуштии миллиро ёд медод. Ба ягон гурӯҳи шубҳанок ҳамроҳ буданашро надидаем ва нашунидаем.”

Ноҳияи Шаҳристон.
Ноҳияи Шаҳристон.

Дар ҳоли ҳозир омӯзгори 58-сола ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Пулиси Истаравшан алайҳи ӯ бо иттиҳоми “ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ” парванда боз кардааст ва тафтиши онро пеш мебарад.

Бар пояи иттилои раёсати корҳои дохилии Суғд, соли гузашта дар минтақа аз сокинон дар 241 аслиҳаи оташфишони гуногунтамға, ба шумули 21 туфангча, 14 аслиҳаи милаш рахпеч ва 206 суфтамил дарёфт ва мусодира шудааст. Ҳамчунин барои тасарруфи аслиҳаи оташфишон як нафар ва барои ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳаи оташфишон 15 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Маъракаи ҷамъоварии силоҳҳои ғайриқонунӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 декабри соли 1994 ба ин сӯ идома дорад ва тибқи иттилои расмӣ, то ба имрӯз ҳудуди 35 ҳазор силоҳи навъи гуногун мусодира шудааст. Қисмати умдаи ин силоҳҳо аз навоҳии Ваҳдату атрофи Душанбе, вилояти Хатлон ва водии Рашт, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҳалли бурузи гурӯҳҳои мусаллаҳ маҳсуб меёфтанд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG