Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш моҳ дар маҳбаси Ӯзбакистон


Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.

Ҳайдаралӣ Юлдошев, як сокини 55-солаи шаҳраки Марҳамати ноҳияи Ашт шаш моҳ дар Ӯзбакистон дар боздошт буд.

Ҳайдаралӣ Юлдошеви ӯзбактабор, ки шаҳрвандии Русияро дорад, мегӯяд, ба ҳангоми кӯшиши убури марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон дар гузаргоҳи “Ойбек”, воқеъ дар канори ноҳияи Масчоҳ рӯзи 28-ми августи соли 2012 боздошт шуд. Ӯ мегӯяд, солиёни зиёд аст, ки тавассути гузаргоҳи “Ойбек” вориди қаламрави Ӯзбакистон шуда, аз он ҷо ба шаҳри Чуи Қазоқистон мераваду тавассути қатори Алмаато ба Челябинск сафар мекунад. “Ин роҳ барои ман хеле арзон меафтад, тақрибан як ҳазор рубл”, мегӯяд вай. Ба саволи Озодӣ дар бораи ҷузъиёти боздошташ, Ҳайдаралӣ Юлдошев гуфт:

  • Баъди анҷоми корҳо дар Тоҷикистон ва додани маъракаи соли ҳамсарам, он рӯз мехостам дубора ба Челябинск равам. Он ҷо ману се писарам дар сохтмон кор мекунем. Вале ба ҳангоми убури марз маро нигоҳ доштанд. Онҳо маро бо гуноҳи дар декларатсия зикр нашудани флеш-картае, ки дар ихтиёр доштам, боздошт карданд. Дар ин карта матни Қуръон ба забони арабӣ ҳифз шуда буд.


Ҳайдаралӣ Юлдошев мегӯяд, ки марзбонони ӯзбак ӯро боздошт карда бозпурсӣ карданд ва баъд гуфтанд, ки то анҷоми тафтиши матни арабӣ ӯро бояд муваққаттан боздошт кунанд. Ӯ мегӯяд, баъди як шабонарӯз нигоҳдорӣ шуданаш дар гузаргоҳи марзӣ, ӯро ходимони амнияти Ӯзбакистон ба як боздоштгоҳи шаҳри Тошканд интиқол доданд. Аз рӯи гуфтаи вай, дар муддати шаш моҳ ӯ “ду-се бор ба боздоштгоҳҳои дигар” интиқол ёфтааст.


  • Дар тамоми ин муддат бо ман муносибати хуб доштанд. Ҳеҷ кас ба ман садо баланд накардааст, се вақт ғизои гарм медоданду, макони шустушӯ ва оби гарму хунук, ҷои хоби тоза дар ихтиёр доштам. Дуруст аст, ки маро шаш моҳ нигоҳ доштанд, вале ба хотири ин ки муносибаташон хуб буд, ман аз онҳо нороҳат нестам. Ман шодам, ки таҳқиқ бегуноҳии маро собит кард. Дигар, ҳаволаашон ба худо, - мегӯяд Ҳайдаралӣ Юлдошев.

Баъди боздошти падар аҳли хонаводаи ӯ бо нигаронӣ аз нопадидшавии ӯ, ба сафорати Русия муроҷиат карданд. Алишер, писари Ҳайдаралӣ Юлдошев дар сӯҳбат бо Озодӣ таъкид кард, ки дар амри раҳо шудани падараш номаи сафорати он кишвар дар Ӯзбакистон мусоидат кардааст. Сафорати Русия зимни ин нома ба ягон қонуншиканӣ роҳ надодани вай замони будубоши мавсимӣ дар Русия ишора намуда аз мақомоти ӯзбак хоста буд, ки ӯро озод намоянд. Юлдошев рӯзи 5 феврал дар Тошканд ба озодӣ баромад ва аз он ҷо ба манзилаш дар ноҳияи Ашт рафта, дубора ба Челябински Русия баргашт.

Ҳайдаралӣ Юлдошев, падари панҷ фарзанд, мегӯяд, ки мушкилоти зиндагӣ ӯро маҷбур кард, ки 17 соли охир ба Русия барои кор сафар кунад. Соли 2008 ӯ шаҳрванди ин кишвар шуд ва ҳоло ҳамроҳ бо се фарзандаш пайваста барои анҷоми корҳои мавсимӣ ба Русия сафар мекунад.


Ҳодисаҳои боздошт ва дар асорат нигаҳ доштани сокинони манотиқи наздимарзии Суғд аз сӯи марзбонони Узбакистон сари ҳар чанд вақт рух медиҳад.

Сокинон мегӯянд, сабаби даст ба чунин амалҳо задани марзбонони узбак танҳо сардии муносибати Узбакистон ва “мубориза бо ҷосусҳо” нест.

Балки марзбонони ин кишвар сокинони оддии манотиқи наздимарзӣ, чӯпонҳо, шикорчиён ва ҳезумчинҳоро низ барои тарс додани аҳолӣ ва гирифтани пора дастгир мекунанд ва ба “марзшиканӣ” ва “ҷосусӣ” гунаҳкор намуда ва бо ситонидани ришва дигарбора озод менамоянд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG