Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмии "Дидбонгоҳи 12" аз Русия паспорт мехоҳад


Мирбақо Додокалонов, муҳоҷири 45-солаи тоҷик 12 сол боз талош дорад, ки барои хидматҳояш ба Русия соҳиби шаҳрвандӣ ва ҳам нафақаи ин кишвар шавад.

Ин мард мегӯяд, 25 соли пеш ҳамчун сарбози қарордодӣ дар артиши Русия дар ҳамлаи хунин ба дидбонгоҳи 12-ум дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷароҳат бардошт. Ҳамларо кори дасти мухолифини тоҷик

Аризадиҳанда метавонад ба номи президент Путин нома зада нусхаҳои санадҳои тасдиқкунандаи ҷоизаҳои давлатии Русияро ворид кунад.

донистанд, ки он замон дар Афғонистон сангар гирифта буданд. Дар ин ҳамла, ки пурқурбонтарин ҳодиса дар таърихи беш аз садсолаи марзбонии русҳо дар Тоҷикистон буд, 25 афсару сарбози артиши Русия ҳалок шуд. Аз 48 нафар танҳо 23 нафар зинда монд.

Мирбақо Додокалонов, ки он замон 20 сол дошт, аз сар ва дасташ захмӣ шуд, вале ҷон ба саломат бурд. Русия баъди ин 25 сарбозу афсари ҳалокшударо унвони қаҳрамон дод. Мирбақоро барои кӯмаки фавқулодда ба ҳамяроқонаш бо ордени барои “Шуҷоат ва мардонагӣ” тақдир карданд. Ин орден аз соли 1988 таъсис шуда, дар гузашта ба сарбозони шӯравӣ ва ҳоло барои сарбозони хизматкарда дар амри ҳифзи ҷони шаҳрвандони Русия тақдим мешавад.

Захмҳое, ки то ҳол азият медиҳанд

Мирбақо Додокалонов, ки ҳоло дар шаҳри Екатеринбурги Русия муҳоҷир аст, рӯзи 12-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, захмҳое, ки 25 соли пеш дар он ҳамлаи хунин бардошта буд, ӯро азият медиҳанд ва дигар кори дуруст карда наметавонад.

Талош дорад соҳиби шаҳрвандии Русия шавад. Борҳо аз ҳукумати ин кишвар хостааст, ки дар додани шаҳрвандии Русия кӯмакаш кунанд. Номаҳои ӯ дар гузашта барои дарёфти шаҳрвандӣ ба Владимр Путин, президенти Русия натиҷа надоданд.

“Соли 2006 ҳамяроқон маро ба Русия даъват карданд ва гуфтанд, ки, “биё, кӯмак мекунем, кору зиндагӣ кун”. Аз ҳамон сол ба муҳоҷират рафтам. Ҳар сол меравам ва меоям. Борҳо муроҷиат кардам, ки шаҳрвандӣ бигирам, вале то ҳанӯз муввафақ нашудаам”, - гуфт ӯ.

Ду сол пеш ба ӯ дар шаҳри Екатеринбург ҳақи иқомат додаанд ва аз рӯи қонунгузории Русия пас аз панҷ сол ҳақи ариза додан барои гирифтани шаҳрвандиро дорад.

Ӯ гуфт: “Лекин кор бароям мушкил шудааст. Дар Тоҷикистон 109 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирам. Дар Русия бинобар маъюбӣ кори доимӣ надорам. Бисёр мехоҳам зудтар шаҳрвандӣ бигирам, то нафақае гирам, ки ба зиндагии худу хонаводаам кифоят кунад. Чун сол то сол дарди захмҳо сахттар мешаванд ва қувваи кории маро камтар мекунад.”

Ордени шуҷоат ҳанӯз кӯмак накардааст

Вай мегӯяд, нигарониаш аз ин аст, ки бо сабаби надоштани кору даромади доимӣ, шонси гирифтани шаҳрвандиаш ночиз мешавад. Додокалонов мегӯяд, шадидан ба боло бурдани шароити зиндагиаш ниёз дорад ва умедаш ин аст, ки шаҳрвандии Русия метавонад дар гирифтани нафақаи маъюбӣ ва имтиёзҳои тиббӣ мусоидат кунад.

Орден барои “Шуҷоат ва мардонагӣ” ҳанӯз дар гирифтани шаҳрвандӣ ва Мирбақо кӯмак накардааст, вале борҳо барои раҳо шудан аз таъқиби пулис рус ӯро наҷот додааст.

Ҳамсару шаш фарзанди Мирбақо Додокалонов дар деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшан аз пуле зиндагӣ доранд, ки ӯ аз муҳоҷират дарёфт мекунад. Аз корҳои муваққатии мисли рангубори сохтмонҳо моҳе аз 30 то 40 ҳазор рубл ҳақ мегирад.

Роҳҳои гирифтани шаҳрвандӣ

Виктор Себелев, ки чанд соли пеш дар Душанбе дар Хадамоти муҳоҷирати Русия кор карда ҳоло дар ватанаш раҳбарии Маркази миллии интеграсияро ба дӯш дорад, мегӯяд, хосторони гирифтани шаҳрвандии Русия метавонанд аризаҳои худро ба унвонии президент Путин ҳам ирсол кунанд.

Дар як мукотибаи интернетӣ Себелев рӯзи 12 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аризадиҳанда метавонад ба номи президент Путин нома зада нусхаҳои санадҳои тасдиқкунандаи ҷоизаҳои давлатии Русияро ворид кунад. Вай гуфт, методи дигари гирифтани шаҳрвандӣ дар фурсати кӯтоҳ ҳам вуҷуд дорад ва он ҳам кӯчидан ба Русия бар асоси барномаҳои давлатӣ мебошад.

Яке аз ин барномаҳо “Переселение” ном дорад, ки тавассути он то имрӯз даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳру манотиқи дурдасти Русия кӯч бастаанд. Шарти муҳим ин аст, ки аризадиҳанда дар муддати зиндагиаш қонунҳои Русияро нақз накарда бошад.

Ҳодисае, ки дар он Мирбақо Додокалонов захмӣ шудааст, солҳост барои Русия ба як рамзи қаҳрамонӣ ва ҳифзи сарҳади кишварҳои собиқи Шӯравӣ табдил ёфтааст.

Дар Русия даҳҳо филмҳои бадеиву ҳуҷҷатӣ дар бораи ин ҳамла сабт шудааст, ки аксаран, ҳар сол, қабл аз 13-уми июл аз тариқи шабакаҳои телевизиони Русия намоиш дода мешаванд. Дар қисмҳои марзбонии Русия ин ҳодиса ҳамчун дарси шуҷоат ва корнамоии марзбонони рус таълим дода мешавад.

Нақши низомиёни тоҷик нодида гирифта шуд

Абдушафеъ Тоҷов, полковники мустаъфии марзбонӣ, ки замони ҳамла ба кӯмаки марзбонони рус рафтааст, мегӯяд, ҳодиса тавре дар Русия пӯшиш меёбад, ки агар дар марзи Тоҷикистон русҳо ҳузур надошта бошанд, ба ин кишвар тундгароҳо ворид мешаванд.

Ӯ мегӯяд, дар асл, нақши марзбонҳои тоҷик дар он муҳорибаи мудҳиш ва саҳмашон дар наҷоти ҷони сарбозони рус зиёд аст, вале матбуоту мақомоти Русия ин воқеиятро зиёд шарҳ намедиҳанд.

То соли 2005 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон назорати марзро қисман марзбонони рус бар дӯш доштанд. Ҳоло Тоҷов мегӯяд, ҳар гоҳе, ки русҳоро “хумори бозгашт ба марзи Тоҷикистон бигирад, аз ин ҳодиса бо ҳазор рангу тахайюл ёд мекунанд ва ба муҳимияти ҳузури худ дар марз таъкид мекунанд.

“Дар 25 сол ҳазорон ҳодисаҳои муҳими байналмилалӣ рух дод. Русия ҳоло дар Сурия ҳузур дорад ва дар сатҳи байналмилалӣ ташвишҳои дигар ҳам дорад. Аммо таваҷҷӯҳаш ба Тоҷикистон, ҳамчун кишваре, ки бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад, ҳеҷ гоҳ кам нашудааст. Ҳамеша аз изҳороти мақомҳояшон чунин бармеояд, ки хоҳиши бозгашт ба марзро доранд. Аз ин рӯ, ҳодисаи дидбонгоҳи 12-умро ҳамчун рамзи сарсупурдагӣ дар ҳифзи сарҳад намоиш медиҳанд,” - гуфт ӯ.

13-уми июли соли 1993 ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми неруҳои Русия, мустақар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳуҷуми маргбори гурӯҳи ҷангиёни мухолифи давлати Тоҷикистон сурат гирифт. Задухӯрд 11 соат давом кард ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодисае буд, ки як соли баъди шурӯи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон сар зад ва яке аз мудҳиштарин ҳамлаҳо ба марзи кишваре буд, ки тоза истиқлолияти худро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG