Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳандаи ноком ё "афсари КДАМ": Ҷовидон Ғаюрзода кист? ВИДЕО


Акс аз иқрорҳои видеоии Ҷовидон Ғаюрзода дар шабакаи Фейсбук
Акс аз иқрорҳои видеоии Ҷовидон Ғаюрзода дар шабакаи Фейсбук

Як паноҳандаи тоҷик дар Олмон иддао дорад, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ӯро барои “ҷосусӣ” аз фаъолиятҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба Аврупо фиристод, вале ӯ тасмим гирифт “аз ин ҳамкорӣ даст кашад”.

  • Ин ҷавони тоҷик, ки худро Ҷовидон Ғаюрзода, “зодаи ноҳияи Восеъ ва сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” муаррифӣ мекунад, рӯзи 13-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “як корманди ғайрирасмии оперативии КДАМ буд”.

Дар ҳоле, ки манбаъҳои амниятӣ “корманд”-и КДАМ будани Ғаюрзодаро рад мекунанд, намоянданони мухолифин дар Аврупо ҳам мегӯянд, дурустии иддаоҳои Ғаюрзодаро тасдиқ ё рад карда наметавонанд. Санҷидани ривояти ин паноҳанда тавассути манобеи дигар феълан имкон надорад.

"Вазифадор шудам, ки..."

Чеҳраашро тоза дидам ва то ҷое иттилоъ дорам, бо бародарам Салим Кабиров ва Шӯҳратҷони Раҳматуллоҳ дар шаҳри Истанбул вохурӣ кардаанд. Изҳорот ва даст кашиданаш аз ҳамкорӣ бо КДАМ мантиқӣ менамоянд, зеро касе дар зулми падару модарон ва ҳамватанонаш шарик будан намехоҳад

Ғаюрзода дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки «аз тарафи КДАМ вазифадор шуда буд, то муносиботи зиче бо аъзои Раёсати олии ҲНИТ ва фарзандони раиси ин ҳизб барқарор кунад”. Ба иддаои Ғаюрзода, ӯ “вазифадор” шуда буд, ки “суроғаи зисти Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ”-ро фаҳмида инчунин дар бораи “манобеи сармоягузории ин созмон” ва “нақши Эрону кишварҳои арабӣ дар маблағгузории ҳизб” маълумот ҷамъоварӣ кунад. Ӯ ба ин суол, ки барои исботи “корманди ғайриштатии КДАМ” буданаш метавонад санаде пешниҳод кунад, гуфт, ки баъдтар ошкор хоҳад кард”.

Тоҷикистон ҲНИТ-ро соли 2015 дар паи кудатои нофарҷоми генерали Вазорати дифоъи Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода мамнуъ эълон кард. Мақомот ин ҳизбро дар ташкили кудато айбдор кард, вале ҲНИТ ин иттиҳомро қотеона рад мекунад.

Дар ҳоле, ки бисёр аъзои раёсат ва дигар фаъолони ин ҳизб ба терроризм ва ҷурмҳои дигар муттаҳам шуданд, бархе аъзо, аз ҷумла раиси он Муҳиддин Кабирӣ тавонистанд аз кишвар берун шаванд. Бовар меравад, ки бештари онҳо дар Аврупо зиндагӣ мекунанд.

Ҷовидон Ғаюрзода иддао мекунад, ки аз соли 2016 ба ин сӯ, баъди хатми “Донишгоҳи байналмиллалии Қоҳира, факултаи журналистӣ, бахши муносибатҳои омма ва эълом” ба “ҳамкорӣ” бо КДАМ розӣ шуд ва бо ин ҳадаф декабри соли 2018 аз Қоҳира ба Мюнҳени Олмон рафт.

Ӯ иддао кард, ки “дар ҳавопаймо шиносномаашро дарронд” ва дар марзи Олмон “худро ба полис ба унвони як паноҳҷӯ таслим кард”. Ӯ гуфт, ки дар “як урдугоҳи паноҳандагони Олмон” ба сар мебарад. Ғаюрзода гуфт, ки мақомоти Олмон рӯзи 12-уми феврали соли 2019 дархости паноҳандагии ӯро рад карданд, вале ӯ дубора бо дархости паноҳандагӣ ариза навишт.

Ғаюрзода иддао кард, ки шурӯъ аз лаҳзаи нашри изҳороташ, “дигар барои КДАМ кор намекунад” ва ин тасмим, ба гуфтаи худаш, ба хотири “роҳ надодан ба зулми волидону наздикони мухолифон” мебошад.

"Дар бораи боварӣ гуфтан барвақт аст"

Бархе аъзои мухолифин, ки номҳояшон дар навори Ғаюрзода зикр шудааст, гуфтанд, ки воқеан бо ин шахс мукотиба доштанд ва ё чанд сол пеш бо ӯ ҳузурӣ дар Истамбул мулоқот кардаанд. Яке аз онҳо Муҳаммад Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон аст.

Ӯ рӯзи 13-уми март дар сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки “бо ин шахс дар Фейсбук ҳамчун ҷонибдори ҲНИТ шинос” шуд. “Чеҳраашро тоза дидам ва то ҷое иттилоъ дорам, бо бародарам Салим Кабиров ва Шӯҳратҷони Раҳматуллоҳ дар шаҳри Истанбул вохурӣ кардаанд. Изҳорот ва даст кашиданаш аз ҳамкорӣ бо КДАМ мантиқӣ менамоянд, зеро касе дар зулми падару модарон ва ҳамватанонаш шарик будан намехоҳад”, - гуфт Тиллозода.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи то куҷо қобили эътимод будани ҳарфҳои Ғаюрзода гуфт, “дар бораи боварӣ ба ин одам ҳоло чизе гуфтан зуд аст”. Қаюмов гуфт, ки воқеан ҳам чанд сол пеш ӯро дар Истанбул дида буд.

Вале ба андешаи бархе кормандони собиқадори сохторҳои ҳифзи қонун, эҳтимол дорад, ки Ғаюрзода воқеан ҳам бо сохтори амниятӣ ҳамкорӣ мекард. Як корманди мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, баъди тамошои навори видеоии Ғаюрзода ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба корманди касбии сохтори амниятӣ будани ин ҷавон шак дорад. “Вале ӯ метавонад як хабаркаши оддии КДАМ бошад», гуфт ин мақоми собиқи амниятӣ.

Дар як соли охир ин ҳодисаи дуюми пахши “эътирофҳои видеоии ҳамкорони эҳтимолии КДАМ” дар Аврупо аст, ки нақшаи ворид шудан ба сафи мухолифонро фош мекунанд. Моҳи августи соли 2018 нафаре бо номи Маҳмадалӣ Расулов изҳорот дод, ки афсари КДАМ аст ва ба хотири пиёда кардани амалиёти ин сохтор ба Аврупо омадааст.

Маҳмадалӣ Расулов иддао кард, ки аз соли 1997 дар КДАМ кор мекард ва аз соли 2003-2004 дар Русия ва баъзе кишварҳои Аврупо ба ҳайси "корманди ғайрирасмӣ” фаъолият дошт.

Дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ Расулов гуфта буд, ки дертар санадҳое, ки корманди КДАМ буданашро собит мекунад, ошкор мекунад, вале бо гузашти 8 моҳ дигар аз худ дарак надод.

Дар солҳои охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз кишвар хориҷ шуда дар давлатҳои хориҷӣ паноҳҷӯ шуданд. Бисёри онҳо иддао мекунанд, ки барои ақидаҳои сиёсии худ мавриди таъқиб қарор гирифтаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG