Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Рангҳои Тоҷикистон” дар Женева ба намоиш даромад. АКС


Дар шаҳри Женеваи Швейтсария рӯзи 8-уми феврал намоишгоҳи наққошиҳои рассомони тоҷик бо номи “Рангҳои Тоҷикистон” ифтитоҳ шуд, ки дар он наздики 50 кори қаламкашҳои тоҷик ба тамошо гузошта шудааст.

Ташаббускорони ин намоишгоҳ – масъулони намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар Женева - мегӯянд, наққошиҳои рассомони тоҷик дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ифтитоҳ шуд. Ин маърака ба муносибати соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар Тоҷикистон ва бо ҳадафи ташвиқи таваҷҷӯҳи хориҷиҳо барпо гардидааст.

Як дипломати тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Женева рӯзи 9-уми феврал гуфт, дар миёни наққошиҳои муаррифишуда аз Тоҷикистон намунаҳое аз санъати кундал ҳам оварда шудааст, ки аз лавҳаҳои кошикоришуда иборат мебошад. Таърихи ин ҳунар аз қарни 14 оғоз мегирад.

Тамошобинон бо манзараҳои табиати Тоҷикистон, сюжетҳои маишиву миллӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик шинос мешаванд.

Дар намоишгоҳ кори рассомони маъруф, аз ҷумла, Юсуф Сангов, Акмал Миршакар, Каримҷон Наҷмиддинов, Фаррух Хоҷаев, Афзалшо Сайфиддинов, Пайрав Гулов, Эраҷ Олимов ва Беҳрӯз Забиров муаррифӣ шудааст.

Баъди анҷоми намоишгоҳ рӯзи 17-уми феврал хоҳишмандон метавонанд масъалаи харидории ин ё он наққоширо ҳам бо худи муаллифон матраҳ кунанд.

Дар ташкили ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон инчунин Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайти Тоҷикистон саҳм гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG